Ишқи радиоӣ (ҳикоя)

(Бахшида ба солгарди таъсиси Радиои Тоҷикистон)

Аз рахти хоби пириаш то гӯши он як қулоч масофа аст. Ӯ ҳамеша пеш аз аз бомдод дар нимторикиҳо ва ҳатто бо чашмони пури хоб аз рӯйи одат дастро ба болои сар дароз кардаву ба гӯши он мерасонад ва ҳамоно метобад. Бо ин кораш, ки сабаби иваз шудани оҳанги кулбааш мешуд, гӯё гӯши шамоли Файзободро тофта бошад, ки ҳуштаккашиаш камтар мешуд.

Дар ҳошияи тасвирҳое, ки баъди ин кор дар зеҳнаш кашида мешуданду падид меомаданд ва ӯро боз чанд дақиқа дар банди ҷогаҳи хоксорона, вале гармаш нигоҳ медоштанд, курпаи ғафси рӯяшро ба як сӯ мегардонду бо паст талаффуз кардани ҷумлаи «Алҳамду лиллоҳи лази аҳёно баъда мо аммотано ва илайҳи нушур..» пойҳои дар асл харобу аз дард вазнинашро ба рӯйи палос мегузошт. Ӯ ба кам чиз эътиқод дошт ва аз ҷумлаи он камтаринҳо ҳарфи китоби муқаддас буд аз болодариаш ва баъд ҳарфҳое буд, ки аз карнайи он қуттичаи болои сараш мешунид…

Фазои чойхонаи колхозӣ ҳам ором набуд. Махсусан нимрӯзиҳо, барои ҳамсолони ӯ душвор буд ҷудо кунанд, ки чӣ чиз лаззати бештар дошт — палов ва чойи кабуди аловӣ ё таронаву садои Акашариф Ҷӯраеву Одина Ҳошимов, Абдулло Назриву Ҷӯрабек Муроду Дустмуроди Алӣ дар он фазои роҳатбор!? Ё ин ҳама дар якҷоягӣ?

Шунидаҳои ӯ дар ҳошияи давраҳои шоҳмоту шашкаву домино ва бозгӯии онҳо аз рӯйи фаврияту дурустӣ ва эътимод аз сӯҳбатҳои дигарон фарқ мекард. Гуфтаҳояшро бо суханони одамони касбу кори мухталиф, ки ё дина шаб ва ё ҳамин саҳар шунид, тақвият медод, аз онҳо иқтибос меовард, бо касе розӣ мешуд ва ҳатто нақша мекашид, ки кадом норизоӣ, дархост ё хоҳишашро ҳатто тариқи мактуб равон кунад. Як баста ҷавоби мактуб ва паёму пайки гонорар дошт, ки дар ҷевони кӯҳнааш дар рӯмолаке ҳамроҳи чанд нишону медал онҳоро нигоҳ медошт.

Як вақт ӯ бо мошини боркаш паҳнои кишвари худамон, чӣ ки тамоми СССР — ро давр мезад. Дар кабина ягон вақт танҳо набуд, ҳатто ҳамон вақте ҳам, ки агар ягон раҳгузар даст ҳам намебардошту наменишаст. Имрӯз, ки бори пирӣ шонаҳояшро хам кардаву ҳавсалаашро пиртар, дар қатори чойхона акнун фақат чанд нуқтаи дигаре дорад, ки қариб ҳар рӯз он ҷойҳоро хабар мегирад — дӯкони мӯзадӯз, қаровулхонаи селхозтехника ва хирмани колхозӣ. Ин ҷо аз қуттии панҷсумаи танаи девор ҳамеша ба гӯшаш садоҳои ошно ва оҳангҳое мерасанд, ки пеши рӯяш ҷавониҳояшро ба ҷилва меоранд. Ва ҳам баргашта муҳаббати аввалинашро ба ким-кадом бонуи хушсухане, ки бо ҷурми сафарҳои давомдорашу ҷуръати камаш дар ибрози ишқ ба ӯ дер карда буд…

Одати доимиаш ин қадар рӯйи зиндагиаш таъсир дошт, ки ногуфтанӣ. Фикр мекард, ҳамин садо бояд барои омӯзиши хулқу рафтору хислатҳо истифода шавад бо худаш нисбат ба ҳама мӯсафедони дигар, ки якҷо пир шудаанд ва ҳам нисбат ба навруйид — бе он, ки ба онҳо бигӯяд, вақти сӯҳбатҳо ба дилаш таҷриба мекард ва бовар ҳосил мекард, ки садоҳо ботини инсонро ифода мекунанд. Фақат бояд ҳарфу ҳиҷову маънии пушти он садоҳоро шинохт ва хонд…

Шом мешавад. Фосила аз ҳар куҷои ин деҳа то кулбаи ин пирамард чени чанд оҳангу суруде аст, ки навакак ӯ шунид ё ҳамон рӯз мисли одати ҳамешагӣ аз куҷое ба забонаш печида буд ва раҳораҳ замзама мекард. Кошке қуфлу калиди бахти ӯ ҳам ҳамон вақт кушода мегашт, мисли он, ки ҳамин лаҳза қуфли кулбааш кушода шуд. Як рахти хоб курпаву болишт аз субҳ то ин вақт аз нури офтоб ҷон гирифтаанд, мулоимтар шудаанд ва ҳатто бӯйи офтоб мекунанд. Он як рахти танҳойӣ, ки аз бачагӣ то пириҳои ин мардро ёд дорад, аз сари тор ба кунҷи кулба мекӯчад.

Оҳанги рӯҳнавозе фазои кулбаи бе ин пирамард холии холиро пур мекунад. Фақат ӯ медонисту Худо медонист, ки мӯйсафед баъди намози хуфтан чӣ дуо мекунад, чӣ талабу орзуву хостаҳо дорад? Дар сар андешаи фардо ва дар дил ҳасрат аз ишқи норасидаву бесамари як духтари наттоқ, (ки на ин ҷавони ронанда ӯро дида буду на он наттоқи он вақт таҷрибаомӯз ин ронандаро) пирамард лаби курпаи рахти хобашро кушода, ҷисми дар ишқи соҳиби ҳамон як садо сӯхтаву харобашро ба он ҷо мекунад. Пештар аз он, ки оби дидаҳои хирагаштааш, ба рӯйи болишт битаровад, аз карнайи радио ҳамон ошнои ноошно бо садои ширинаш гуфтори навбатиро эълон мекунад:

— «Инҷо Душанбе. Идомаи гуфторҳои радиои Тоҷикистон. Сомеъони азиз! Акунун чанд рубоиву дубайтиро аз силсилаи «Гулҳои худрӯй» бишнавед…»

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти