Шаб. Роҳ. Чароғ. Намедонам кадомин шаб ва аз охир чандумин шаб, мисли он, ки номаълум аст кадом роҳ ва чароғи кӣ?
Ва мешинӣ то нафас рост кунӣ рӯйи хараке, ки то ту ҳазор кас барои ин кор ва барои ин ният фурсат наёфт…
Ва дар андешаи сабзаҳо хоҳӣ буд, ки бе ту ҳам сад кафи по дусад нақше ба рӯяшон гузошта…
Кӯки сару гардани ба замин дӯхтаро кандаву ҳамон суйе менигарӣ, ки аз он ҷо сели рӯшанӣ пеши поят мерехт. Шишачароғҳо яке рушану дигар торик, яке гарму дигар сард, яке бедору дигар хоб..Айнан мисли зану марде, ки яке аз дигаре каҳр кардаву он дигарро ғурури ноҷову нолозиме намегузорад як қадам сӯйи шикасти сукут гузорад…
Ва ин кадомин роҳ аст чунин холӣ ва сокит? Ҳоло, ки ҳатто роҳҳои хатову сарбаста пур-пури инсоне аст, ки қиссаҳои хаёливу воқеъии сафаракиҳои ҳамин гуна роҳу пайраҳаҳоро аз тифлӣ то имрӯз мехонду анҷомашро ҳам медонад…Барои нақли онҳо пеши устодаш ҳатто баҳои панҷ ҳам мегирифт…
Баъди чанд қадам мебинӣ, ки харакҳо барои нишаст дар ин роҳ бештар аз яктоанд ва дар он мисли харакҳову курсиҳои роҳи зиндагӣ сад нақш аз шими гаронарзишеву сад ранг аз либосҳои хоксоронаи арзон монда…Онҳо ҳам чандин пушту паноҳро ёд доранд ва ҳам пуштҳои бе пушту паноҳро…
Ва ин дарахт… Дӯстдоштатарини ман аз миёни дарахтон ва дигарон…Зеботарин ва хоксортарин дар ин ҷангал, ки бо оби дида аз ҷойи шикастаи тан боз панҷа зад ва асрори боғбонро, ки дар ин раҳ кораш пайвандгарӣ буду назараш ин дарахти соядор, вале бемеваро намегирифт, ошкор накард …
Аҷиб аст анҷумани шоху баргҳои сар ба замин..Чӣ сир аст дар ин ҷовидона хоксору сархам буданҳо, дар ин ошиқона овехта будан дар шоху навдаҳои худ…? Чӣ рабтест миёни кундаву решаву шоху барги ин дарахти бед ва кундаву решаи ошиқон — Маҷнун?
Ва ман рӯйи як хараке ба зери сояи ин шоху навдаҳо, мисли марди бахонае бо як талича лату пати нодаркор ба зери сар, дароз мекашам…
Бар хилофи он марди бехона, ки саҳари солеҳон нозири минтақа аз хоб бедору аз ин раста пешаш мекунад, ман дар авҷи бедориҳо зери бори ҳамин сояҳо, дар ҳамин қитъаи раҳ, дар ҳамин гардиш ва ҳамин хонаву долони ба чашми раҳгузарон нопайдо хобам … Ва пайваста ба гӯшҳои кар садои раҳгузарон мерасад, ки яке ширашро ба савдо овардаву дигаре шонашрову шурашрову шаррашро…
Хобам…Ҳанӯз ҳам…Баъдҳо ҳам …
Шояд ин хоб дароз набошад, мисли хобҳои ҳамон марди бечораи хиёбонгард ва шояд он ҳам то падид омадани нозир давом мекунад. То бедории дигар…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Маҷнунбед, Роҳ, Субҳон Ҷалилов, Чароғ, Шаб, бед, боғ, гӯристон, дарахт, хоб |











Добавить комментарий