Аз он маконе, ки ман берун омадам то инҷо чанд ҳазорсола раҳ буд..Дар ин раҳ аввалиҳо дар баъдиҳо такрор мешудаанд, айнан мисли ҳамон, ки фардоиҳо такрору идомаи имрузиёнанд…Ва ин раҳ, ки ман аввалу охирашро намедонам, пури ҷӯяндаҳо буд- ҷӯёи нон, ҷӯёи ном ва ҷӯёи шуҳрату сарвату… ҳар чизи дигар…
Ва зани калонсоле (ки ангуштони дасту гарданаш пури ҳалқаву занҷираи тилло буду нигоҳаш ҷиддӣ ва ҳатто бераҳм ба назар мерасид) бо ҳамон саволе, ки ба ҳазорҳо кас додааст, хаёламро парешон мекунад:
— Кӣ аст муаллифаш? Дар бораи чӣ аст он?
— Намедонам, кӣ аст муаллиф…Фақат медонам, ки асрори дунё, ки ба бақояш ҳатто бисёриҳо аз имрузиён каму беш бовар мекунанд, дар он китобат шудааст… Медонам, ки сад саҳифаи пушту рӯ дар мавриди он аст, ки гамдумкиштаҳо ҳатто дар ҳоли узви оилаи олими кишоварзе будан ҳам ҳоло натавонистаанд, ки ҷав бируёнанд…
Ягон сад саҳфаи дигар хотирот ва пушаймонии онҳоест, ки ягона хоҳишашон боз як бор омадан ба ҳузури шумо ва одамони дигар аст, то гирди хатову гуноҳи содиркарда нагарданд ва ин бор одамвор бизиянд…
Ба садҳо саҳфаи дигар доғ аз ашки сӯзони фарзандон чун мӯҳр ва тасдиқи воқеиятҳое, ки дар замонаш волидони пир мегуфтанду инҳо ба он бовар надоштанд, боқӣ мондааст…
Хулоса, он маҷмӯаест, ки ҳазорон сол қабл ба гумони ғолиб аз ҷониби ҳамон вақт мағрурон, ҳамон вақт сарватмастон ва ҳамон вақт фориғболони ба ҳуш омада иншо шуда, ки инак дар ду ҳолати вақт муд аст — дирӯз ва фардо…
Имрӯзиён ҳам дар суроғанд, дар суроғи ҳама чиз ба ҷуз ҳамин маҷмӯа, ба ҷуз ҳамин хотирот, ба ҷуз ҳамин чиз, ки ҷамъу хулосаҳои пушаймониолудаву ҳасратпечида аст..
Гӯё ҳарфҳои он ба чашми соҳибони таҷрибаи каму сину соли кам ва мағзи обу то наёфтаву машқнадида наметобад..Он мисли ояҳои даъват ба намоз аст, ки шайтону шайтонсуратонро маҷбур ба гурез мекунад …
Шаб ҳама хоб дидаанд, ки онро ҳатман мехонанд, фардо ҳам ҳамин гуна хобҳоро хоҳанд дид…Ва ман аз тарси навбати зиёду бесару нӯг дар инҷо ин саҳар барвақт омадам…
— Ба ёдам наомад муаллифаш. Дар ягон ҷои мувофиқ бишинед, ман як бор поин фаромада, ку хазинаро бинам..Шояд ҳамин ё ба он монанд чизе меёбам!
Ман он зани калонсоли китобдорро (ки дар фосилаи ҳамаи ин нақлу шарҳи ман бо ҳайронӣ ва табассуми маънидоре аз сару рӯям чашм намеканд) ҳанӯз интизорам….

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Пиразан, Фуруғи субҳи доноӣ, асрор, китоб, китобхона, китобхонаи миллӣ, тилло, хазина |











Добавить комментарий