Бибӣ. Калид ва дар

— Барои вай тамоман душвор буд. Дар миёни ҳама ва на монанд будан ба ҳама магар осон аст? Аз ин ҳам мушкилтару аламдортар он буд, ки баъди сад соли бозгашт калиди дари як вақт дар нӯги чолбанди бибиаш кӯргиреҳ бударо намеёфт..Балки худи ҳамон бибиашро дигар намеёфт…Ва ин хосияти хуб надорад, ки калидро наёбиву бибии калидбонат ҳам дигар нопайдо бошад. Бе бибӣ чӣ кор кардан мумкин аст? Ҳама корро албатта кардан мумкин аст, фақат асрори пушти ин дари баста як умр дар дили кас хоҳад монд.Ҳамин андеша шуморо безобита мекунад, ки эҳтимол пушти ин дари баста хазинаи мусафеди Қаландар пинҳон аст ва шумо ҳатман бояд бибӣ ва калиди нӯги чолбанди ӯро пайдо кунед. Бе бибӣ ва маслиҳату насиҳаташ хӯрок ҳатто аз гулӯ намегузарад, балки агар гузарад ҳам заҳролуд мекунад, чун бе бибӣ касе асрори хӯрокҳои қадимаро ҳатто ёд надорад…

Ба ҳама дарҳо, хоҳ аз ин дунё ва хоҳ аз он дунё ҳамеша ду чиз хос аст ба рӯйи шахси рӯ ба рӯяш — кушода будан ва баста будан. Ӯ дар бораи дарҳои нимроғ фикр намекунад. Балки фикр мекунад, ки ба он дарҳои нимроғ, агар ҳастанд, фақат касе тасодуфан ворид хоҳад шуду касе аз маҷбурӣ ва лоилоҷӣ…

Калидҳоро (хоҳ калиди хонаву хоҳ аз дил) дигар таги қолинчаи погаҳи дар намегузоранд, ки он агарчӣ ҳазор соли пеш рамзи боварии инсонҳо буд, имрӯз рамзи соддагӣ аст, ё ба ҳар сурат рамзи боварӣ нест. Ҳамсояҳо ҳам ҳама кӯч бастаанду рафтанд то кишвари фаромӯшӣ. Шояд ҳамон баракати бударо аз маҳалу аз гузарҳо бурданд, ки ин боис ба гум шудани калидҳо шуд…..

Ва ӯ ҳар шом чанд халта бори хотираҳову мушоҳидаҳоро, ки вазнинтар аз ҳама чизи дигар аст, пуштора карда, аз роҳҳое, ки ҳам ором асту ҳам пури фитнаву тамасхуру ангуштнамоӣ аст, ба пушти ин дар меорад. Борест, ки онро раҳгузарон ё гум кардаанд ва ё раҳораҳ партофтаанду ӯ нохудогоҳ ҷамъ оварда. Ва агар калидро ёбад, онҳоро ба деги хаёлу муқоисаву андешаву интиқод меандозаду то қиём шуданашон бо чӯбҳои тари ба шарофати барфи вазнини охир борида аз шохи дарахтон шикаста, меҷӯшонад…Он чӣ, ки аз он халта-халта бори гарон боқӣ мемонад, ҳамон чизест, ки ӯ дар қуттиҳои аз гӯгирдчӯб холишуда мегирад, то дар маризиҳо ва бечорагиҳои рӯзу шабҳои сарду қаҳратун худро табибӣ кунад….

Аҷобат ҳамин аст, ки дар сафарҳояш ба кӯю барзан ва хиёбонҳо касерову чизеро ҳамроҳаш намегирад. Фақат андешаҳояш, чун ҳамон саги бо вафои як замон пушти ин дар печидаву ҳалқазадааш, маҷбур аз пушташ меоянд. Дигар ҳама чиро ӯ пушти ҳамин дари баста нигоҳ медорад. Худаш ҳам намедонад, ки ин хуб аст ё бад. Вале зиёд мебинад ва ҳайрон мешавад, ки дигарон вақти берун шудан аз дарҳо ҳама чиро аз доштаҳову касбкардаҳову мерос гирифтаҳову ҳатто дуздидашудаҳо бо худ гирифтаанд…Ва шояд адами ҷойи холӣ ва ҳавои тоза рӯйи шутурҳои ин корвон ва дар фазои саҳрову хирманҳо ҳам ҳамин бошад …

Ва ӯ аввал бояд ҳамон бибиашро пайдо кунад, баъд гиреҳи калиди дарашро аз чолбандҳои сад сол равганнадидаи ӯ кушояд ва баъд барои ин қуфли зангхӯрда ҳам равған биёбад….

Боз ҳам агар он ҳафт тахтаи бар ба бари ин дар, чун ҳафт додараки бораҳми се хоҳарро ба оғӯшдошта ягон асрору сирру мӯъҷизаи дигаре надошта бошанд….

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти