Чӣ метавонад гармтару сардтар аз он бошад? Ягон чӣ, ба ҷуз ин гуна нигоҳ ба ҳамин сӯ. Нигоҳе, ки тавон дорад ҳам баробар ба сад кундаи Ҳут гармӣ ва ҳам дар умқаш як уқёнус пиряхро нигоҳ дорад…
Ҳамин нигоҳ буд, ки дуздони киссаҳову умрҳоро аз тасмимашон нисбат ба шумо боздошт, ҳамин нигоҳ буд, ки шахси дорои виҷдон гуноҳашро дарк кард ва ҳатто ислоҳ шуд, ҳамин нигоҳ ба забоне, ки акнун дар бофтани дуруғ одат карда буд, гиреҳ андохт, ҳамин нигоҳ буд, то нигоҳҳои ашхоси бадният ( ки мисли калламушҳои сад намуд доруро санҷидаву чашида ва аз ҳама усули заҳролудкунӣ ҷон ба саломат бурдаву хонаву таҳхонаҳоро пур сохтаву банд кардаанд) аз сатҳи чашмҳо канда шудаву ба фарш, ки як замон пайкарашон ҳам аз бадкориву бадхоҳӣ рӯйи он хоҳад рехт, дӯхта шудаанд. Ҳамин нигоҳ буд, ки бе забон арзи як дилдодаро, ки мебоист онро ҳоло ислоҳ мекарду таҳрир месохту пурра мекард, якбора пеши назари як нозанини ҳамсоя, ошно, ноошно ва ҳатто кадом як раҳгузаре ошкор сохту фош….
Чӣ метавонад маънидор аз нигоҳ бошад? Фақат нигоҳи маънидортари дигаре албатта. Ва ҳамин нигоҳ буд, ки ба ҷойи қиссаҳои дурудароз ва шарҳу тафсирҳо, ки инсон аз замони фуруд омаданаш аз Биҳишт то имрӯз ба гӯши инсонҳои дигар мехонад, мақсадҳорову хулосаҳоро ифодаву ироа кард ва нагузошт, умри ками инсонҳо дар радду бадали кӯр-кӯронаи мавзӯву ҳолату авзоъ боз ҳам кӯтоҳтар шавад.
Чӣ метавонист гуётар аз нигоҳ бошад? Ошнотар аз он дигар кадом ҳарф аст, кадом ҷумла аст ё кадом забон аст? Ҳайронам, ки чаро нигоҳ дар рӯйхати забонҳо ҷой надорад, дар ҳоле, ки метавонист фаҳмотар аз аксарияти хатҳову забонҳои мурдаву зиндаи руйи олам бошад?
Чӣ метавонад беҳтар аз нигоҳ дар майдони ҳамвори пешонӣ ва нишебиҳои рухсор бо истифодаи пайроҳаи кӯтоҳи гесӯ ва хату ҷӯякҳои тақдир сурати шодиву нигаронӣ, тасвири ғазаболудагӣ ва ҳатто муҷассамаи норизоӣ ва эътироз бисозад?
Чӣ метавонад ба ҳадди нигоҳ (мисли дирафши мӯзадӯзе, ки сад бор ба нӯги ангушти куҳнадӯз халиду дилашро натавонист аз ин касби ҳалол сард созад) амиқу дарддор ба дилу ҷигару ҷони сӯзансифатону дирафшфеълон бихалад?
Агар нигоҳ не, пас чӣ ё кӣ метавонад чун нигоҳ ҳазорон тӯфону исёну талотумро (ва ҳам ғаму хумору дардҳои талху ширинро) дар баҳри чашмон фурӯ нишондаву онҳоро ҳамонҷо бо сояи абрувону мижгон (ё дар паноҳи айнакҳо ё дар паси гиряҳои нимишабӣ ва ё дар пушти хандаҳои сохтакорона) нигоҳ дорад?
Нигоҳ — хай-хайи як бечора, нигоҳ — нуқта ё сенуқтаҳои охири як ҷанги кӯчагии нобаробар, нигоҳ — дуои хайру нохайр аз пушти касе, нигоҳ — сукуте рӯ ба рӯйи як суратгир ва як ҳолат, нигоҳ — як банд ниёишу зораи шахси бепуле дар фосилаи миёни ибрози хоҳиш ва интизории ҷавоб, нигоҳ — як забони хориҷии фаҳмо ва як лаҳҷаи барои мардуми бедор ошно…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Нигоҳ, биноӣ, дида, дирафш, забони чашм, маънӣ, мӯзадӯз, назар, нигоҳи сард, тафсири нигоҳ, чашмҳо, чеҳра |











Добавить комментарий