Аз фарш то арш

Он хеле вақт аст, ки ҳамин ҷост. Ҳатто баъзеҳо шояд бовар кунанд, ки пояҳои он дар замин реша дорад. Он, ки пушти аксари деворҳо ҳаст, ҳар касро то ҳамон ҷое мебарад, ки худаш қаблан муқаррар кардааст: оне, ки чаҳор метр аст, шуморо ба баландиҳои панҷметра намебарад. Ба чуқуриҳои панҷметра низ ҳамчунин…

Ба появу помонакҳои он хира мешавам. Пайи дастони дар машаққат шахшул ва изи калушу мӯзаҳои кориву дарида дар онҳо ҳанӯз боқист. Ин пайраҳа дастони нозуку пойафзоли қимматро ёд надорад. Оби дида ва оби барфу борон ҳам дигар натавониста далелҳои дар ин чӯби бед ҷовидонӣ нақшбаста, мисли қатраҳои хуни аз сари ангушту рӯйи пойҳо ба қади ин чӯбҳо рехтаву чакидаро аз миён барад. Онҳо акнун барои ҳамеша баёнгар ва исботи ҳамон воқеъиятҳоянд….

Мардуми он сӯйи девор ба устувории ҳар поя, ҳар пилла ва ҳатто ҳар мехи зангзадаи нардбон — ин пайкараи устувор ва зарур дар рузгорашон бовар доранд. Ҳамон гуна боваре, ки (аз рӯйи мушоҳидаи ду рӯзи охир) хаёлам ҳатто ними онро як қисми на ками мардумони шаҳрнишин на ба хонаву девору бинои сар ба афлоки худу дигарон ва на ба дипломи меъмору прораб ва ҳуҷҷати сифати масолеҳ доранд…

Кушодадилии мардуми кӯҳистон ба ҳаддест, ки раҳи нардбонии бомаш то даромадгоҳи бедарвозаи он бом кушодаву бе монеъа ва бе security аст. Мисли қолинҳои қирмизи маҳфилҳои хоссаи шаҳрӣ, ки шуморо то таги минбару лаби дастурхони шведӣ мебаранд, ин появу пиллаҳо шуморо аксаран то ба дастурхони ангуру олучаву қурутҳои тар ва ноку себҳои резакардашуда барои компотҳои зимистонаи гирди сандалӣ мерасонанд…

Ва кам набуда, ҳолати лағжидану афтидану бо алам ғелидан аз ин баландиҳо, мисли ноумедиҳо аз мандат ва афтидан аз имтиҳонҳои воқеъӣ ва рӯ ба рӯву шаффофи замони довталабӣ ва донишҷӯйи мо, ки дар он ҳам айбу гуноҳи чӯбҳои тар буд, ҳам аз дастони бе дастпӯш ва гоҳо беқувват, ҳам аз помониҳои ноустувор, ҳам аз попӯшиҳои фарсуда ва ҳам аз хаёлҳои парешон ва дар банди кокули ҳамсоядухтаре печида…

Ҷойи ҳайронист, ки афтиданҳо ҳам дар раҳи ин нардбон ва ҳам рӯйи роҳҳои пасту болои зиндагӣ сабабҳои қариб якхелаву монанду наздик дорад…Бас дастҳову пойҳову миёнҳое, ки дар ин роҳҳо шикаставу осеб дидаанд, бас сабақҳое дошт ин роҳҳо, ки шунидему дидему омӯхтему фаромӯш кардем…

Роҳи ин нардбон, мисли роҳҳои дигари деҳаву шаҳру умри инсонҳо (соддаву печида ва навиштаву нонавишта) қоидаву тартиб ва асрор дорад, ки ҳатмӣ бояд онҳоро шинохт. Ва дар баъзеи онҳо ҳамсафар дошт, дар баъзеаш танҳо рафт, ба баъзеаш умуман нарафт ва дар баъзеи он аз раҳравони дигар қафо намонд… Ва на камтар аз ин муҳим аст, банд насохтани роҳи рости дигарон ва боло нарафтан бо нардбонҳои нобовару фарсудаву бегона…


Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти