Дуруднома

Дуруд. Дуруд ба он дӯсту ҳамсинфу ҳамсояам, ки буданаш дар дуртарин солҳои бачагӣ ва наврасӣ ба зуҳури нахустин эҳсоси дӯстӣ ва рафоқат (ва ҷӯрагиву хешиву ҳамсоядориву одамгарӣ) мусоидат карду ҳамраҳиаш то кӯчаву адиру боғу ғору ғаппа аз сидқу самимонаву холисона буд ва канорам буданаш боиси дилпурӣ…

Гум карда турову гум шудам дар олам,

Чун роҳаки риштаи мазори шуҳадо…

Дуруд. Дуруд ба пири нуроние, ки аз луқмаи ҳалол ва сидқ нафасе дошт шифоовар, дуое мақбул ва оҳе сахту домангир. Шояд бе гиреҳи риштаҳои сафедаш, ки ҳамон замон ба гардани сад кӯдаки чашмрасида давра мешуду сипар, бо гиреҳҳое дар роҳи дарози зиндагӣ вархурдем бузургтар ва сахттар аз сангҳои соҳили Элок…

Кӯ риштаи суфкардайи пири ҳамадон?

Бо гардани холӣ мо сари чашм шудем…

Дуруд. Дуруд ба мардумони сер, ба соҳибони мағзҳои пур, ба ҳамсояҳои ғамхор, ба соҳибони дастурхони бобаракати ҳамеша кушода, ба соҳибони ҳавлиҳои бе девору дарвозаву бе қуфл ва кушода мисли дилҳошон…

Кай ҷон ба барат бигирад орому қарор,

Қишлоқаки мардумони тиллоии ман...

Дуруд. Дуруд ба арвоҳи он ношиносе, ки бо як тасмимашу бо меҳру садоқаташ ниҳоли сабдаи дари хонаи мо бузургӣ ёфту соядор шуду ҷойи бозиҳои кӯдаконаи мо гашт. Он сабда бо шоху баргаш чун дили модарон ин қадар бузург буд, ки садҳо кӯдаки чанд миллат дар сояаш ҷо мешуд. Касе тасаввур намекард, ки як замоне таги як сабда чӣ ки, дар майдонҳои кушод ҳатто ду бародари ҳамхун намеғунҷанд…

Кӯ соя, ки мо ба кӯдакӣ ғун гаштем?

Дур аз таги сабда мо ҷигархун гаштем…


Дуруд. Дуруд ба ҳамкорони падар, ки гузашти солҳову ҳаводису тазоду дигаршуданҳо онҳоро дигар насохт. Бори охир дар масҷиди дуртар аз хонаи падарӣ дуруду дуои амаки Мусо — як пири ҳафтодсолаи ҳамкори собиқи падар ба ӯ ва арвоҳи модарам ба поси намаки дастурхонаш дар дурии чил соли пеш ашки чашмонамро равон кард… Ку дигар он самимият ва намакшиносӣ миёни ҳамкорон?

Шавад кӯр ҳарду чашми мардумони бенамак, эй кош,

Ба ифтори шабе ё вақти субҳу нимаи рӯзе…


Дуруд. Дуруд ба мардумони донишманд, ки ҳамон вақт одамияту мартабаи илму ҳилм дар Бухорову Самарқанд ва ҳатто шарафи ягона олими деҳ будан ҳам, онҳоро худхоҳу мағрур накард…

Сад мартаба кай расад зи рӯйи ҳиммат,

Бар мартабаи баланди инсонгарӣ…


Дуруд. Дуруд ба арвоҳи соҳибони хоксори кӯза-кӯза тилло, ки онҳоро имрӯзиён аз дуриҳо ва фаромӯшиҳо ёфтанду меёбанд. Дар миёни додаҳову тофтаҳову ёфтаҳо худрову доштаҳову дигаронро гум накардан ҳунар аст…

Ҷонро кӣ харад ба кӯзаҳои пури зар,

Вақти баҳамойи лабу пахтаи тар?

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти