Чаро?-5 Супориш ва «эчодкори»

       Эчодкор будан ва хаёлбофии рангин доштан факат шарти асоси барои хунармандони театру кино ва овозхонхо нест. Дар хама самтхо хамонхое муваффак мешаванд, ки медонанд, «хар касе пеш намеравад, вай ба кафо меравад, зеро дар табиат холати дар як чой истодан нест». Эчодкорон дар самти истехсолот бо факат як идея ё хаёлоти худ хатто миллиондор мешаванд. Читать далее →

Биё, са-аааросема!

Вокеан хам шояд факат дар Душанбе (Точикистон) хамин гуна бошад, ки ронандахои наклиёти мусофирбар ба чои он, ки мусофиронро  бо саломат бурда расонидан чалб бикунанд, «саросема.. «гуфта » метарсонанд. Читать далее →

Чаро?-4

        Дар тамоми дунё новобаста аз вазъияти он кишвар тадбирхои амнияти доимо андешида мешаванд. Аз фурудгох сар карда то оддитарин муассиса ва ё коргох ва хатто магозахои тичоратии хурд низ бо камерахо ва дигар олоти назорат ва химоякунанда мучаххаз хастанд. Читать далее →

Чаро?-3

Дируз буд. Ман бо нафаре, ки кадом вакте ба Радио омада будааст, ба хона мерафтам. Дурустараш у маро дар канори рох интизори ТАНГЕМ дида, то хона расонд. Рахорах мо сухбат кардем, дар мавриди суруду мусики ва консертхои сарояндагони мо. У мегуфт, ки мардуми овозхон (бояд продюссерхо мегуфт!) акнун диданд, ки дар танхои дигар толорхоро пур карда наметавонанд, ба ташкили консерхои якчоя гузаштанд. Читать далее →

Чаро?-2

Имруз дар Душанбе мардуми зиёде кор ва зиндаги мекунанд.Ва табиист, ки бояд шабона дар ягон чо хоб кунанд. Яке дар хобгоху яке дар манзили ичора ва хушбахтхо, ки дар Душанбе хона доранд, дар хонахои худашон. Дар мавриди зиндагии мардумон дар хобгоххо инчо  намегуем. Ёди ман хаст, ки як вакт ба хобгохе барои сабт рафта будам ва коменданти он хобгох максадамро фахмида гуфт, ки ягон хел сабткуни ичозат намедихад ва сухбат хам намекунад,зеро кадом вакте ки хобгоххоро сабт мекунанд, баъди он мушкили онхо зиёдтар мешавад-ё онхоро пеш кардани мешаванд ва ё хобгохро касе харидори кардани мешавад. Читать далее →

Чаро?-1

Ба Шумо хам сари чанд вакт зарур мешавад, ки ба чое, барои анчом додани коре ба назди касе равед. Ман низ хар вакте ки ба кучое меравам, аввал назар мекунам ки чигуна кабул аст ончо? Аслан аз руи одат  мардуми мо хама касро (хатто ношиносро хам!) хуш кабул мекунанд.  Читать далее →

Роғун.

Ман дар ноҳияе 35 км поёнтар аз Роғун тавлид шудаам. Ёд дорам, ки замони донишҷӯии мо як ҳамкурсам ки аз деҳаи Дашти Марзо буд,  мегуфт, ки «агар хамин Роғун сохта шавад, қишлокқҳои мо центр мешавад…» Механдидем… Читать далее →

Огоз

Саломалейк….Фикр мекунам, ки акнун бо ин васила имкони бештари баёни андешахо фаро расид.

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти