Дигар пушти он нагард, ки аз пушти ту чӣ захмҳое ба пушт доштаму чӣ ҳарфҳое ногуфта монд пушти панҷараи лабҳои қуфлдор. Пушти хандаҳое, ки чанд сония баъди ба чашмам афтидани нигоҳат дар кадом раҳу пайраҳаи ин шаҳр арзониат медорам, мисли як пуштора ҳезуми ҳамон марди фақир аз афсонаҳои қадима ва муосир як пуштора ғам ниҳон аст. Ман онро, мисли ин, ки себҳои даруни куртаамро аз посбони боғи колхозӣ, аз ту ва сояҳое, ки аз пуштат мегарданд, пинҳон мекунам….
Пайи панҷаҳои дузде дар рухсораҳоят боқист. Ва он як дузд ҳазор бор дуздтар аз сад мисли мо себдузд аст. Шояд медонӣ, ки он пайҳоро гоҳ бо чеҳраву гоҳ бо пушти тифли маъсуми сари дастат мепӯшонӣ. Ман ҳамон дузди камтаҷрибаи ҳуснат будам, ки аз боғи зебоият чизеро на чиндаву на буйидаву бадном шудам. Мисли ҳамон навраси пойлуче, ки (себдуздӣ барои пулёбӣ неву барои рафъи гуруснагиаш рафта буду) на пойафзоли соз ва на тавони гурехтан дошт ва ба дасти посбони боғ афтод, инак инҷониб низ ба деги ғайбати дугонаву сегонаҳоят афтода…
Пушти тирезаат чизеву касе пуштибону пуштгири ман набуд, ба ҷуз он саги як вақт вафодорат, ки мисли баъзе дӯстони худату ману мо хотири устухончаҳои қаноти мурғҳои KFC -ро (ки пештар аз ман аз сари деворат пеши пояш меафтиданд) болотар аз хотири ту медонист ва рӯ ба рӯям, ҳаф-ҳаф намекард…
Ин паём барои ҳафт пушт бас аст, ки сагҳои пушти дару дарвоза ва тирезаҳо аксаран дар афсонаҳо вафодортаранд аз сагҳои дигар, ки ҳатто сурати гӯштҳои рӯйи авроқ ба пешашон кашидашудаи «рассомон» ва панҷаҳои сарди ба пушташон кашидашудаи одамону ноодамон метавонад дилашонро нарму гарм кунаду имону вафояшонро заъиф…
Мисли он, ки пушти гулу гиёҳи ношинос ва печакҳои пушти тирезаатро ҳеҷ вақт надида будам, ки оё ба гуфти момаи Зулайхо мору каждум дошт ё на, рӯйи хушат аз назари мо пинҳон буд ва фақат пуштат буд, ки охирин рӯз дар ҷавоби саволҳои беҳисобаму муҳаббати содаам дар ёд монд. Акнун, ки ба сол бузургтар шудем, донистем, ки аз мору каждум дида, мардумони морсирату каждумфеъл хавфноктаранд, зеро, ки аввалиҳо баъди серенадаҳои пушти тирезаат ҳам марову чанд ошиқи дигаратро нагазида буданду дуюмиҳо ҳатто дар хомӯшиву хоб ба появу пойҳо ва торҳои либосу торҳои асаб печиданду ҳалукандоз то ҳалоки худу ҳалоки мо неш заданд.
Кош метавонистам мисли ту, ки кӯзаву мӯзаи акнун нозарурро пушти тирезаат андохтаӣ, кӯза — кӯза хотираҳои талху на ширинро ба даври гирдоб, пушти сар ва ё пушти андешаҳо андозам то алами мӯза — мӯза аз пуштат раҳпаймуданҳои бефоидаам сарбории мани бе ту бе паноҳу бе пушт нагардад…
Ва ман ҳоло бо як ҷони тоза гӯё барои реванш пушти тирезаат омадам, зеро аз даври аввали дӯстдориҳоям ҷуз захмҳои пуштам аз хорҳои пушти тирезаат ҳосили дигар надоштам…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: афсона, боғ, вафодорӣ, дустони нонӣ, пушт, пушти тиреза, сагҳо, себдуздӣ, серенада |











Добавить комментарий