Гӯё ҷодаҳо шабона ҳамон нестанд, ки рӯз буданд. Гӯё шабона онҳо чизе доранд, дигаранд, на онанд, ки буданд….Агар не, чаро дили ӯро дар ҳар қадам — лаб-лаби торикиҳо ва ҳатто зери нури чароғҳои канори раҳ ҳам ваҳм пахш мекард? Чаро ҳамеша ба мағзаш ин андеша меояд, ки касе аз пушти сараш меояд, баъзан дар канораш ҷо мегирад, баъзан ҳатто озурда аз ӯ пештар мегузарад ва қадаммониашро тезтар мекунад. Ҷодаҳои холӣ аслан холӣ нестанд? Шояд не! Мисли каллаҳои ба назари дигарон холӣ, ки холӣ нестанд….Ким- чизе доранд…
Ҳамқадами ӯ ҳар шаб дар ин ҷодаҳои холии аз хотираҳо ва пайи пойи одамону ноодамон пур, мисле ки аз шамоли дарё ҳарос дошта бошад, аксаран канори аз об дуртари ӯро ишғол мекард. Шояд қиссаҳои ғарқ шудану тасодуфан афтидан ба гирдоб ба гӯши ӯ ҳам расида бошад. Шубҳааш ҷон дошт. Вақте сад сол бо ҳамраҳе дар ҷодаҳои нимторики сайругаштат забон намеёбӣ ва гузашта аз ин шарфаи об доим ба гӯшат идеяҳои ҷолибу нав медиҳад, ба вуқуъ пайвастани ҳар тасодуф имкон дорад…
Ӯ ки моҳиро моҳе як бор ба дегаш медид ё намедид, аз дидори пайваста дар нимторикиҳо бо мӯсафеди иҷоранишини моҳигир ҳайратзада буд. Мешавад, ки кас ҳам гурусна бошад ва ҳам бо пули як сатил моҳӣ як тал нон нахарад? Мӯсафед лаззати як моҳичаро, ки дар ҳошияи хоби мардумону бедории ҳамешагии дарё бо шасти худсохташ ва баъди чанд бор ғанаб рафтанаш рӯйи санги лаби дарё мегирифт, болотар ё шояд беҳтар аз маззаи як тал нони сап-сафед чун рӯйи пурсафедаи нонфуруше медонист. Мӯсафед аз ин ду меҳмони ҳаршабааш дида зиёдтар ва беҳтар медонист, санҷида буд ва боварӣ дошт, ки на ҳама сафедиҳо хубанд ва на ҳама сиёҳиҳо бад…
Душвор аст рақобат бо душмани ниҳонӣ ё бечеҳра ва душвортар аз он барои ӯ розӣ шудан бо хулосаҳои одиву ғайриоддии ҳамраҳаш буд, ки орому бе овоз гӯё онҳоро аз равзани болои хаёлҳояшу аз сари девори андешаҳояш ба дарун мепартофт. Ӯ ҳам акнун мисли дигарон буд. Дигароне, ки дар ҳоли қобили қабул будани андешаҳои дигарони дигар қудрату тавоноии пазируфтани онро ё надоранд ё гум кардаанд ё инкор мекунанд. Касе дар дунё овоза паҳн кардааст, ки бояд бо ягон каси дигар розӣ набошӣ ва касони боқимонда мисле, ки ба овозаи дурӯғу бе заминаи илмии заминҷунбии такрорӣ дар фалон соат, ба он бовар кардаанд. Ва ҳамин чиз, мисли оқибати он овозаи бузург (ки қариб ба қонуни нонавиштае табдил мешавад) ӯ ва ҳамраҳи хомӯшашро, ки дар ин поси шаб бо мақсади оромӣ ва фароғати пеш аз хоб аз баландошёнае ба берун ва ба ин ҷодаи сокит таровида буданд, акнун азият медод…
Куҷо рафтаанд, аз куҷо омадаанд ва ба куҷо равонанд мардумоне, ки изи попӯшиҳояшон дар ин ҷодаи ҳоло сокит боқист? Шамоли дарё ё шояд ҷорӯби зани ҳавлирӯбе аз рӯйи баъзеи онҳо гарду чангро рӯфтааст ва ӯ ҳарчанд хам шудаву ба баъзе изҳо зеҳн мемонад, наметавонад мушаххас кунад, ки ин изи попӯшиҳои занона аст ё мардона? Ё чашмони ӯ хира шудаанд ва ё ин чароғҳо дигар рушании кам доранд… Аммо ҳамраҳаш, ки ин шубҳаро дарк кард, фикр мекунад, ки дигаргуна ва ношинохта шудани пайи пойҳову ҳатто худи одамон акнун ва шояд аз ин ба баъд фоҷеъа нест…Андешае, ки ӯ ҳоло натавонистааст на ба он розӣ шавад ва на онро қабул кунад…
Ӯ ҳайрони одамон аст, ки бо мутарҳои худ аз ин вақт то саҳар ва ҳамеша аз канори роҳи соҳилӣ ва аз соҳилҳои умр сарду бе фарқу бепарво мегузаранд ва ҳатто ним шубҳа ҳам намекунанд, ки чаро зимистон аз пушти ин ду фақат як ҷуфт пайи по мемонд ва инак борони баҳор чаро аз ин дуэти шабгард фақат якеро тар мекунад…!?
Ва ӯ баъди серӣ аз шамоли дарё ва захираи якшабаи нафаси тоза дар сандуқи синааш бори ҷисми беҳолу бефараро ба дӯши лифт партофтаву то ошёнаи болои боло мерасад. Ин вохӯриро бо болишту тагсарӣ ӯ ҳар рӯз интизор мешавад ва он фақат дар ҳоли ғалабаи хоб (ё марги муваққатӣ ё барои чанд соат бурида шуданаш аз ин олами бебақо) ба вуқуъ мепайвандад.
Андешаҳояш дар ин ҳуҷра, мисли он ки дар мағзи ӯ, болишти алоҳидаву ҷойи ҷудогонае надоранд….

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: андешаҳо, барфу борон, болишт, лифт, моҳигир, моҳӣ, пайи по, роҳ, фикр, чароғи кӯча, шабона, шабҳо, ҷодаҳо |












Добавить комментарий