Як ҷойи шиштану андешидан

Дар он сӯйи андешаҳои мардумони ошнову бегона ва паноҳ аз дидаҳои бинову нобино дар иҳотаи ҷангале, ки як дарахташ кам аст, як ҷойи шиштану андешидан аз чӯби ҳамон як дарахт мавҷуд аст. Он як ҷой аксаран холист, зеро вақти сафар ба он ҷову ҳамон фурсати андешиданро аксарият инҷо дар суроғҳо месипаранд — суроғи нон, суроғи ном, суроғи гумкардаҳо, суроғи надоштаҳо ва баъзан суроғи худ…

Он ҷойи нишаст, дар зеҳни ҳар дарахти атроф, ки охирин сонияҳои умри ин дарахтро ёд дошт, андешаҳои бе сару нӯгеро таку рӯ мекунад. Мағзи мурғу чурғу паррандаҳои дигаре, ки то сарафканда шудани он дарахт дар шохҳояш лона доштанд, чанд карат бештар аз ҳаҷмаш ҳайратзадаву лабрези андешаву таҳлили як интихоб буд — интихоби ҷангалбону ҷангалбур… Ҳамоне, ки аз дур меҳрубон ба назар мерасид ва мегуфтӣ, ки кадом кору тасмими ҷиддиеро анҷом додаву гирифта наметавонад…

Чаро маҳз ҳамин дарахт? Чӯби он аз чӯби дарахтони дигари монандаш, ки ин ҷангал фақат аз онҳо иборат аст, магар фарқ дошт? Ё шояд ин дарахт вақти табарзанӣ оҳу воҳу нола намекард, шояд сахтҷон буд, шояд сояи кам дошт, шояд дар лаб — лабакои ҷангал ва аз дил берун буд, шояд тухмашро шамол аз ҷангалҳои дигар оварда буду касе ин бегонагиашро медонист ё шояд бо он қаду қомату баргу навдаи зебо рашки дарахтони пирро оварда буд?…

Бо таъсири ҳавои покизаву атролуда ва фазои оҳангрези ҳамин кунҷи ҷангал ё таъсири як нафаси беғами рӯйи ин нишастгоҳ ё адами чашмҳои ҳарис, дар роҳи бозгашт аз ин зовия агар тарозу мебуд, ба вазни оне, ки чанд сония пештар як кунҷи холии ин нишастгоҳро пур карда буд, шояд илова шудани чанд кило андеша, фикр ва хулосаро нишон медод… Ҳаст тарозуе, ки қиммати инсонҳоро нишон диҳад ё формулаи мушаххасе, ки барои пайдо кардани натиҷа бо истифодаи он кадом амали ҷамъу тарҳу зарбу тақсимро бо вазни умумии инсон, вазни мағзу фикру андешаҳо, нақшаҳо, хайру савобҳо, вазни ғизоҳои ҳалолу на он қадар ҳалол ва вазни ороишоту рангу бору либосҳои танашу ҷевонаш анҷом бидиҳанд!?…

Муҳити нисбатан сокити ин ҷангал ва сукут рӯйи нишастгоҳи чӯбӣ ба дили долу дарахтон сад андешаву тахминро меорад. Онҳое, ки болобаланду қоматбаланданд, дастони бе табару бе сабад ва пушти холӣ аз милтиқу борхалтаи шикориро аз дур дида буданд ва медонистанд, ки бар хилофи онҳое, ки барои шикору ҳезум, ҷамъоварии замбурӯғ ва гиёҳу мева меоянд, ин гунаҳо фақат барои ҷамъ кардани афкори парешон ва калобаи кушодаи рехтаву пошхӯрдаи фикру андешаҳо инҷо меомаданд ва меоянд. Он долу дарахте, ки фақат назарбаланданд, гумону тахминҳои дигар доранд…

Аҷобату тазоди зиёде дорад ҷангалҳои сердарахту анбӯҳ ва нишастгоҳҳои табииву худсохти миёни онҳо. Чӣ қадар хирсу гургу рӯбаҳ тани хешро ба танаи ин дарахтони мағрур шакиду молиду хорид, чӣ қадар сайёд пушти ин дарахтҳо камин дошт, чӣ қадар тир, ки мебоист ба тани сайде мезад, танаи ин дарахтонро сӯрох кард, шоҳиди чӣ қадар ваъдаву дуруғҳои ширини ошиқона буд ин ҷангал ва ин нишастгоҳ, чӣ қадар ошиқ аз шавқи ишқи аввал, ё мулоқоти аввал ва ё бӯссаи аввал ҳарфи аввали номи ӯву номи худашро бо бехунӣ дар пайкари хуншори ин дарахтон тарошид. Ё аз нокомӣ дар ишқ ё хиёнат ё ҷаҳолат бо дастони худ сару мағзу пайкари харобу хастаашро ҳатто ба кадом шоху навдае овехт…

Рӯ ба рӯйи ин нишастгоҳ ва пешорӯи чашми сару чашми дил, дар пардаи ҳаводиси як ҷангал ва дар фосилаи умри як сигори фурӯзон , мисли он, ки дар пардаи синамост, ҳақиқат ва воқеиятҳои бебаҳсе падид меояду намоён мешавад, овозҳову овозаҳо гоҳ гуворову гоҳе ногувор ба ҳавзчаи гӯш мерезанд, бодҳову боронҳо мисли эффектҳои филми 5D (ки аз куҷо омаданашро намефаҳмед), ба ҷисматон таъсир мерасонанд ва дар зеҳнатон фарқиятҳо, монандиҳо, тасмимҳо, нақшаҳо ва ҳатман (якҷо бо антитела барои идомаи зиндагии шоиста) хулосаҳое аз ин ҷангалу ҷангалҳои дигар зуҳур мекунанд…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти