Ҳоло дигар киро мепурсӣ, ки аз аввал ҳамин гуна буд ё ин зуҳурот баъдтар пайдо шуд? Кӯ табибе имрӯз дар сатҳи ибни Сино, ки бигӯяд, ин маризӣ аз одамон ба дарахт сироят карда ё ҳамааш баракс буд? Ва оё ин маризист?
Ҳоло бояд биистам! Чаро ман фикр мекунам, ки ин кадом маризӣ аст? Шояд ин ҳамакнун як ҳолати муқаррарӣ бошад. Вале кӯ ҳолатшиносе, ки бигӯяд, ин ҳолат муқаррарист ё фақат ба чашми баъзеҳо ҳамин гуна муқаррарӣ мерасад? Ҳарчанд маълум аст, ки заминиҳо агар парвоз кунанд ё парвозиҳо яке ба хазидан бигузаранд, дар ҳар ду сурат ин фаротар аз ҳолати муқаррарист…
Кӣ ҳоло дар ин такопӯ ва гиру дорҳо фурсат дорад, ки сари мавзӯйи печидаи печиданҳо корӣ илмӣ анҷом бидиҳад ва исбот созад, ки кадомин печидан манфиатдортар аст, ё беҳтар аст ё аз кадом печидан барои лоақал як зоти зинда фоидаи бештар аст (ё баракс), ё кадомин печидан аламдортар аст — печидагии коғазу тамоку, печидани ошиқи танҳо дар ҳуҷраи иҷора, печидани зани ҳомиладори дар интизори фарзанд ва на камтар аз он интизори бозгашти шавҳари муҳоҷир, ё печидани ду ошиқи зори оиладор дар як кунҷи танҳоӣ ва пинҳон аз чашми ошноён ё печидагии симхори сари девор бо худ??? Печидагиҳои дигарро кӣ бояд тадқиқ кунад, масалан, печидану печидагии рӯдаҳоро !??
Ва боз печиданҳое ҳаст, ки ҳам пеши назарҳо сурат мегиранд ва ҳам аз чашмҳо пинҳон мемонад. Мисли печидани як гиёҳу як рустанӣ ба пайкари як дарахте, ё ду дарахте ё чанд дарахте … Ин алаф, ки дар танҳойӣ қурбони зӯри ангуштони як зани роҳрӯб, ё ҳалоки белу тешаи ҳамкори ҳамон зан мегардад, бо ин ҷасурона печидан ба худаш умри дарозтаре бахшида, нигоҳи раҳгузаронро ба худ тағир дода, хулосаи ҳатто бригадири бераҳми он гурӯҳи занҳои покизакорро ҳам иваз кардааст…
Ва барои дидани чизи бештар бояд айнакҳои сиёҳро аз чашмон бигирӣ ва ба кунҷи афтиши як даста нури чароғи канори роҳу бо самти рушании чароғи таксии шабгарде ба пайкари дарахт хира шавӣ. Ва баъд тахмину монандкуниҳо дар зеҳнат зуҳур мекунанд — ин гиёҳ нест, ҷияни хираест, ки ба пайкари тағо печида ва боло меравад, ин гиёҳ нест, душмани заифу номардест, ки бо печидан ба миёни дарахти боғуруре фикр дорад ӯро буғӣ мекунад, ин гиёҳ нест, балки занест, айёру сеҳргар, ки бо такя ба як пайкари устувор бехабар аз тирамоҳи умру сардии дай ва мавсими пурсишҳову расидан ба сазои амалҳо нозида-нозида ба осмон рафтанист…
Ва агар ҳайрати соҳибхонаи рӯ ба рӯро, ки аз панҷара ба ту чун ба дуздони шабгарди ин маҳалла нигоҳ дорад, сарфи назар кунӣ ва чанд дақиқаи дигар рӯ ба ин дарахт биистӣ, боз чизҳои дигар ҳам (мисли «бе пир марав», «ошён гар мегузорӣ», «камоли ҳамнишин», «бо моҳ шинӣ…», «ба худододагон ситеза макун», «ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд», «бе мураббӣ зери гардун…», ва «бенавоёнро Худо ризқи ҳавоӣ медиҳад…» ) хира-хира ба назар меоянду дар зеҳнат пайдо мешаванд…
Дар шебу фарози андеша ва печидагиҳои фикр раҳгум мезанам, мисли ҳамин рустанӣ, ки дар баргу навдаи худаш печидаву раҳгум аст. Ва фақат як раҳгузари огоҳ медонад, ки барои ба боло расидан ин рустанӣ ба он пайкар бояд ҳамин гуна мепечид, чун роҳи дигар нест ва фақат он раҳгузари боҳушу бедор мебинад, ки ин печидан бе дахли кадом рассому пайкарасозе ҳам, чӣ қадар зебову назаррабост…
Мисли печидан ба пайкари ИМОН ва ҳамин гуна сабзу зебо рафтан ба боло. Болои боло…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: боимон, дарахт, мақоли мардумӣ, печак, печидан, растанӣ, роҳ, худованд, шоҳбайт |












Добавить комментарий