Дарбадарӣ ва навбатпойӣ

Ҳамин гуна буд ё ин гуна набуд..Ҳар гунае, ки буд, одам чанд ҳазор сол қабл аз погаҳи як ҳамин гуна даре ба дари ин дунё омад ва дар ба дар то имрӯз расид. Чӣ андоза азиз будани дар аввалтар аз ҳама аз он вобаста аст, ки дасти кӣ доимо ба дастаи он дар мерасад ва бо нерӯи киҳо кушодаву пӯшида мешавад. Ҳар қадар ин одамон бегона бошанд, дарҳо ҳам ҳамон қадар барои шахс бегона, беаҳамият ва камарзишанд…

Аз шаҳру бозор то дилҳо дару погаҳ доранд ва вуруд ба онҷо тартиби хосу фурсату вақту замоне дорад, баъзан рӯшану маълум ва мувофиқашуда ва баъзан норӯшану ниҳону пӯшида. Ҳатто дарҳое ҳаст, ки онро дигарон ба рӯямон чимпӯш мекунанд. Ва онҳо ин корро то ҳамон вақте метавонанд анҷом бидиҳанд, ки касе нисбат ба худашон ин корро раво бубинад….

Аҷиб аст, ки худи омаду рафти одамон ба дунёи рӯшан ё ба қавле меҳмониашон хеле кӯтоҳ аст, тахминан ба андозаи як лаҳза берун аз чоруқ дам додани пойҳо баъди шаш рӯзи пиёдагардӣ чанд қадам дуртар аз погаҳи дари дунё. Ва буду боши мо инҷо аксаран бо сад аламу ҳасрату гуноҳ печида асту пур аз ишораву танбеҳу эрод. Монанд ба ҳамон ишораву эроде, ки вақти нишастанамон дар сунҷаки дар (бо баҳонаву бо далели он, ки ин кор гуноҳ асту убол аст) аз момакалонамон мешунидем…

Мардумон мешиносанд дару дарвозаҳои ҳатто аз берун мунаққашро, ки тӯли умри одамону умри дунё бо сабаби як қуфл ғуруру бадхоҳӣ дар пайкарашон як рӯз ҳам кушода набуданд. Ҳамон гунае, ки акси дарҳои ба он қуфли зангхӯрда овезони дилҳоро ҳам аз хатраҳаҳои пешониву баъзе чеҳраҳои ғарқи сияҳдуд ва дари кушодаи дилро аз чеҳраҳои нуронӣ дидан имкон дорад…

Саре, ки бори донишу хирад ва маъниву ифтихорро дорад, ҳам ҳеҷ Шерлок Холмс дар дунё ҳатто ним далелеро барои хам шуданаш наметавонад ба даст орад ва ҳам он ҳатто бо бурдани соҳибаш ба погаҳи дарвозаҳое, мисли Бранденбургу Нарву Димишқ ва ё дарвозаи пайвандгари Лувру Версал ҳам фақат ба рӯйи дари ошное самимона ва аз сидқ хам мешавад, ки як болодарӣ муқаддасот дораду пушти дар болои курпачаи бахмал як ва ё ду хазинаи дуо…

Шасту ҳафтоди одамҳо инҷо чизе монанд ба шаш-ҳафт сония назора бо як чашми пӯшида аз роғи дари дунёву қисмат ба ҳаводису руйдод, амалу беамалӣ, гуноҳу савоб ва сазову ҷазо аст, ки дар саргаҳу миёнаву охири он худашону одамҳои дигаранд. Одамҳое аз ин гуна дарҳову қуфлҳо калидгумкарда ва ҳам одамоне бо як ҳамел калид…

Ҳарчанд дунё чизи наве надошт ва ҳама чӣ солҳову асрҳо такрори ҳам буданд, вале навбат ва талотуми пушти ин дар то имрӯз охир надорад ва яке дигареро фишору тела дода, мехоҳад ба он ворид шавад (ё бадар биравад) ва ё бо як чашми пӯшида аз роғи ин дар ва дарҳои дигари ин дунё ба андозаи ҳамон чанд сонияву чанд нафасе, ки ҳисобашро худаш намедонад, ҳамон суратҳову манзараҳову ҳодисаҳову воқеиятҳои такрорро бубинад, ки мо пушти ин гуна дарҳои камодаму беодам дар фаромӯшӣ ҷилд-ҷилд чангзада китоби шарҳу баёну тафсири онҳоро дорем…


Солҳо дар талаби рӯи накӯ дарбадарам,
Рӯй бинмову халосам кун аз ин дарбадарӣ. 
Бедил

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти