Касе мехост фазоро ғуборолуд кунад…

Дар шумораи 17-уми хафтаномаи «Миллат», аз 6-уми майи соли 2015 (сахифаи 6)  бо номи «Фазои губоролуди «Субхи Ватан»» маводе нашр шудааст, ки  ба Имомалии Табари таалук дорад.

Ман аслан кушиш намекунам, ки дар хамин холатхо фавран ба чавобнависи сар кунам ва барои худсафедкуни далелу бурхон хам намекобам.  (Боз хам вакте ки ончо ному насаби  ман умуман нест!) Ин маротибаи аввал нест, ки дар бораи «Субхи Ватан» ва  Субхон Чалилов дар сахифаи хафтанома ва мачаллахои кишвар чизе менависанд. Аммо шояд бори аввал аст, ки  хамин гуна нофахмову ночаспон ва бемаксад менависанд. Харчанд он бо як чумла аз Афлотун сар шуда бошад хам, аз он мавод максади муаллифро нафахмидам. Читать далее →

Неругохе, ки неруи хазорхоро бебозгашт бурд….

Соли 1986, 26 апрел дар энергоблоки чоруми Неругохи Барки Атомии Чернобыл таркиш ба амал омад. Микдори зиёди радиатсия ба атроф пахн шуд. Ин мудхиштарин садамаи техногени дар хаёти инсоният буд. Тибки омор беш аз 50 000 нафар маъюб шудаву 137 000 километри мукааб бо цезий олуда шуда буд. Хисороти иктисоди аз ин садама 130 миллиард долларро ташкил карда буд. 15 декабри соли 2000 ин неругох фаъолияти худро катъ кард. Як вакт  хатто ширкатхое хам пайдо шудаанд, ки сайёхонро ба хамин минтака барои тамошо даъват мекарданд. Чи тамошо дошта метавонад он минтакаи мудхиш ва дардбарангез?

Чанд далел вобаста ба Чернобыл:

Читать далее →

Мочарои сари пода…

Ончо субх амаки Исматро дидан мумкин аст. У гову молашро овардаву хамзамон гапу хабари навро ба хона мебарад. Як нафарро ман ба раиси собики нохия монанд кардам ва баъд фахмидам, ки вокеъан хам у будааст. Ман намедонам, ки онхо дар чи бора сухбат мекунанд, вале аз дур  мушохида мешавад, ки гарму самимона сухбат мекунанд. Подаи мо аз аввал подабон надошт — хар оилае, ки гову молашро ба пода сар медод, мохе як бор аз руйи чойгиршавии хонахо бо навбат подабони мерафт. Баъдтар подабон пайдо шуд. Яъне, мутобики шароити бозори мехнат боз ду чойи нави кори пайдо шуд – подабони куча! Он зани рус хамон замоне, ки мардум фикр мекарданд, ки то зани рус нагири вазифа хам намегири, хамсари конунии як раис буд, ки акнун либоси точики мепушид ва точики харф мезад. Ачобат хамин буд, ки хар сахар подабони кучаро махз у бо дуояш гусел мекард. Точики дуо медод! Читать далее →

«Инҷо Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон!»

Имруз рузи пахши барномахои Радиои Точикистон аст. Он радиое, ки тавонист шунавандаро «офарад», тавонист ба як чузъи зиндагии мардум табдил ёбад. Марди дехкон хатман «Хайёти дехот»-ро гуш мекард, «Театр дар назди микрофон» мехри хунару сахнаи театриро ба дили хазорхо нафар чо кард, холо хам дил ба ёди «Сухбати дустон» гум мезанад, мардум кам хамрозе ба мисли «Хамроз» дошт, акнун дарк мекунем, ки «Афсона барои хурдтаракон» хамаги хакикати зиндагии мо будаанд, «Таронаи шабхангом» куфти рузи пурташвиши кориро мебаровард, «Ахбор»-аш ба ин хад шунидани буд, ки дар он харфе аз куштору таркишу вахшоният набуд, «Манзари адаб» -кони маъниву одоби шоиста буду «Савту калом» пур аз дурри маъни ва савту каломи чонбахш. Ва албатта рузи мардум бо «наво»-и «Шайпур» огоз мегашту то як поси шаб ба Радио пайванди дошт.

Иди Радио барои хама алокамандон, собикадорон, шунавандагон ва хамкорони гироми МУБОРАК БОД!!! Ташаккур барои хама захмату талошхо, барои бо сухан барнома сохтану инсони комил «сохтан»!!!

Мо кушиш мекунем дар зер номи онхоеро, ки аз рузхои аввал то имруз дар Радио фаъолият доштанду доранд, биёрем.Бо маъзарат аз онхое, ки номашонро фаромуш мекунем, аз эшон ва ё наздику пайванди онхо, хохиш мекунам, дар зери ин матлаб ному насаби аз ин чониб  фаромушшударо биёранд:

Читать далее →

Чанд коида барои мардон-2

Коидахои умумие хастанд, ки онро хама бояд риоя кунад, аммо боз коидахое хастанд,ки риоя нагаштани онхо барои мардхо айб аст.  Имруз чанд тои онро ёдрас мешавем:

Читать далее →

Радиои «Ватан» ва лоихахои ичтимои

Дар чомеаи муосир ва шароите, ки  мо зиндаги дорем, накши радио дар тахрики андешаи мардум, дигар шудани чахонбини ва тафаккури онхо ва ба миён овардани афкори ахли чомеъа хеле мухим аст. Эхсос мешавад, ки имруз мардум ба радио бештар аз  телевизион бовари ва эътимод дорад ва дар холи зарурат ба ин дастгохи пуркуввати таблиготи ру меорад. Мо аслан ба ин назар нестем, ки радио бояд хатман ба минбари насихату маслихату ошноии марду зан табдил биёбад, вале чонибдори он хастем, ки радио барои бехтар сохтани зиндагии мардум хатман бояд мусоидат кунад. Бо кадом рох? Бо рохи пешниходи ахбори саривакти ва мухим, бо рохи, сохтани барномахои гуногуни омузиши ва маърифати, бо рохи муаррифии имкониятхо ва иктидори мавчуда дар самтхои гуногуни кишвар, бо  рохи хамкори дар лоихахои муштарак бо муассисот ва  ташкилоти байналмиллали дар амали сохтани ин ё он тарх  ва мисли инхо.   Радиои «Ватан» дар самти дастгирии ичтимоии мардум, фарохам овардани имконияти рушд барои сокинони кишвар баъзе лоиха ва тарху накшахоро хам амали кардааст ва мекунад. Дар бораи баъзеи онхо дар ин макола муфассалтар хохем навишт. Читать далее →

Чаро шуморо ба кор нагирифтанд? Чанд сабаб.

Аксар вакт хамин гуна холат рух медихад, ки шумо аз сухбат бо мутахасиси кадрхо мегузаред, аллакай худро корманди он коргох тасаввур мекунед, ба хама дустонатон мегуед, ки шуморо ба кор кабул карданд, аммо….баъдтар шуморо даъват мекунанд ва ё зангатон зада мегуянд, ки «узр, шуморо ба кор гирифта наметавонем….»

Сабаби асосии ин холат хамин аст, ки нафари бехтар аз шуморо пайдо карданд, аммо инчо сабабхои дигаре хам чой дошта метавонад. Гайр аз тачрибаву диплому сифатхои кориатон боз омилхои дигаре хам хаст, ки барои  ба кор кабул нашуданатон сабаб мешавад. Чанд сабабро инчо барои мисол пешниход мекунем: Читать далее →

Чанд коида барои мардон!

Гул ва коидахои ба гул вобаста

Дар ин холатхо ба мард гул такдим кардан мумкин ва дуруст аст:

  • Нахустнамоиши филм;
  • Барномаи консерти;
  • Нашри китоб;
  • Интишори маколаи хуб;
  • Кадом ихтирое;
  • Рузи таваллуд;
  • Гирифтани чоиза ва ё унвоне;
  • Голибият дар мусобика ва ё ба даст ории кадом унвони варзиши;

Читать далее →

Чумлахое, ки шумо бояд хатман ба кудакатон бигуед.

Равоншинос Елена Макаренко руйхати чанд чумлаеро ки мо бояд хатман ба кудаконамон бигуем, тартиб додаст. Ба кавли у ин чумлахо барои рушди солими кудак таъсири хуб мерасонад. Кудак бо шунидани он худро дустдоштани, махбуб, устувор дониста,аз буданаш рози мешавад ва ба кадри шумову атрофиён мерасад.  Читать далее →

ТОП-50: 50 нафари хушсаликаи Душанбе — 2014

Огоз.

Дар кишвари мо озмуну чашнворахои гуногун баргузор мешавад, ки аксарияти онхо тарики пайёмхои кутох ё СМС-хо сурат мегирад. Аммо радиои «Ватан» рузи 23 январ инак соли чорум  Чоизаи харсолаи «ТОП-50 нафари хушсаликаи Душанбе»-ро баргузор кард. Фарки ин Чоиза он аст, ки инчо номзадхо худашонро пешниход намекунанд-ин корро дар муддати бештар аз ду мохе, ки мо даври интихобиро баргузор мекунем, дигарон бояд анчом диханд, инчо номзадхо барои ирсоли СМС-хо пули худашонро сарф намекунанд ва ба воситаи телефону шабакахои ичтимои аз дигарони овоз доданро хохиш хам намекунанд. Инчо аз миёни номзадхо, ки мардум пешниход мекунанд ва шумораи онхо хар сол бештар аз 400 нафар аст, 50 нафари хушсаликаро интихоб мекунанд.  Читать далее →

Соле акнун дар ёдхо…

Обезьянки-счетоводы WordPress.com подготовили отчет для этого блога за 2014 год.

Вот отрывок:

Концертный зал Сиднейского оперного театра рассчитан на 2 700 человек. За 2014 год этот блог просматривали около 34 000 раз. Если бы этот блог был концертом в Сиднейском оперном театре, понадобилось бы около 13 представлений с аншлагом, чтобы столько людей просмотрели его.

Щелкните здесь, чтобы просмотреть полный отчет.

Душанбе-Дубай-Куала Лумпур (2)

Субхи Куала Лумпур аз субхи Душанбе тамоман фарк дорад. Инчо хавои гарму дамгир аст. Худро факат бо рохи нишастан дар хонае, ки кондитсионер дорад, метавони аз ин норохати начот бидихи. Бо сабаби гарми дар кучахои ин шахр мисли шахрхои мо анбухи одамонро хатто субху шом хам дидан мумкин нест. Манорахои дугоник ва хиёбони пурдарахти атрофии он яке аз чойхои сайру гашту истирохати шомгохии мардуми Куала Лумпур аст. Ачоибат барои ман дар ин шахр –омезиши ду фарханг буд: зиёданд онхое, ки сатру фаранчи доранд ва аз суйи дигар кам нестанд, нафароне, ки домани кутох мепушанд ва сарпуше ба сар намегиранд. Яъне намояндахои равияву мазхабу хизбу харакатхои гуногун бар ба бари хам озодона кору истирохату зиндаги мекунанд.   Читать далее →

Душанбе-Дубай (1)

Ман баъди бозгаштам аз Амрико дар мохи ноябр ба худ мегуфтам, ки «тамом, дигар ба ягон чо намеравам…». Сафархои бештар аз 4-5 руза хатто ба хоричи кишвар ва давлату шахрхое хам,  ки бисёрихо орзуи диданашро мекунанд,  касро монда мекунад. Боз махсусан барои ман ки рузона хар кучое, ки чарх занам, шабона мехохам дар бари кудаконам бошам ё дурусттараш наметавонам, ки дар бари онхо набошам! Сафари навбатии ман бо даъвати ширкати «Qi» ба воситаи шахри Дубай ба шахри Куала Лумпури Малайзия аст. Фурудгохи Душанбе шохиди омаду рафти миллион нафар мешавад, хазор точир, хазор варзишгару корафтода ва хазор мухочири кори махз бо истифодаи  ин фурудгох ва ба воситаи тайёра макони зисти муваккати ва доимии худро дигар мекунад.  Дар беруни фурудгох чамъ- шудахо, ки миёни онхо шиносу рафикони мо хам буданд, аксаран зоирин буданд, ки нияти Хаччи Умраро доштанд. Читать далее →

Мехмон атои Худо! Сайёх чи?

    Сафархо барои шумо як чахон сиру асрорро мекушояд. Махсусан, дар самти чалби сайёхон! Зеро ончо мебинед, ки аз чи усулхо истифода мешавад ва чи гуна муваффак мешаванд, ки сайёхони зиёдеро хамасола чалб кунанд?     Дар зер баъзе ишорахо вобаста ба хамин мавзуъ оварда шудааст — чи бояд кард, то сайёхон ба кишвари мо бештару бештар биоянд?

Барои чалб сохтани таваччухи сайёхон аввалтар аз хама имичи хуби миллату давлат лозим аст. Бе он дигар хама гуна кушишу талошхо барои чалби сайёхони хоричи кариб, ки бефоида аст. Хар кас  худашро мисол бигирад: шумо ба кишваре ки ончо чангу чуш аст, кишваре, ки ончо вазъи эпидемиологи бад аст, ё ба кишваре ки чизе фарккунандаву гайриодди надорад, меравед? Албатта не!  Имичи кишвар дар сатхи чахони омили хеле мухими чалб шудани сайёхон аст! Аммо баъдтар аз ин ба назари ман барои чалби сайёхон чи кор кардан зарур аст:   Читать далее →

Падруд, 2013! Мархабо, соли 2014!

The WordPress.com stats helper monkeys prepared a 2013 annual report for this blog.

Here’s an excerpt:

The concert hall at the Sydney Opera House holds 2,700 people. This blog was viewed about 35,000 times in 2013. If it were a concert at Sydney Opera House, it would take about 13 sold-out performances for that many people to see it.

Click here to see the complete report.

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти