Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд-Астория (15)

Ин субхи ман аз навис-навис бо писарам Аличон огоз шуд. (У дар синфи 5-ум тахсил мекунаду Эхсон дар синфи 2-юм) Ман онхоро пазмон шудаам, ба хамон хадд, ки онхо хам маро пазмонанду интизор! Аз хар боб навиштаму навишт, аз ину он пурсидам…Каме насихату васият кардам. Ва медонед у чи навишт? Айнан ин чумларо:

«оли сахар барои мактаб пул гирум  да аднакласникум мегзаронум баъд да шумо да пеши сураттон як чиз мемонум – инамира -мой золотой папа»

Гиряам омад, бори аввал буд, ки ман ин кадар мухаббату дустдориву пазмонии писарамро хис мекардам …

Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (14)

Имруз мо ягон вохури ва сухбати расми надорем. Гайр аз Александр (махаррири газетаи «Вечерный Бишкек»),  ки баъди бемори ва чарохиаш акнун бояд бештар истирохат кунад, дигарон барои сафар ба як лагери лижаронон дар доманаи кухи Mount Hood тайёр мешавем. Баъди он мо осорхонаи The Museum at Warm Springs –ро тамошо хохем, ки ба таърихи ташаккули кабилаи  Warm Springs –и амрикои бахшида шудааст.

Махз дар хамин сафар бо дидани куху теппахои пури сузанбарг ман дарк кардам, ки чаро дар раками мошинхои ронандахо дар Портленд ва умуман иолоти Орегон махз сузанбарг тасвир шудааст. Боигарии куху ёллаи онхо хамин дарахт будааст. Канори роххо хонахои хурду зебоеро мебинам, ки миёни чангалзор сохта шудаанд. Аксарият инчо хона-вагонхои худро пушти мошин баста, то нуктаи дилхохашон мераванд. Мо кариб ду соат бо мошин рох тай кардем. Дарахтону мавзеъхои барфпуш огоз шуданд. Харчанд, ки хаво сарду токатфарсо нест, вале мардум бо пушидани либосхои зимистона ва бо гирифтани хама олоту ашёи худ –лижаву айнакхои барфиву дастпушу сарпушхои гарм суйи хамон лагер харакат доранд. Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (13)

Сафари ман дар доираи барномаи Эдвард Марроу бо дастгирии Департаменти Давлатии Амрико, Бюро оид ба масъалахои маориф ва фарханг ва барномаи байналмиллалии лидерон дар ИМА идома дорад.  Портлендро пиёдаву савора чанд руз аст, ки  тамошо мекунам. Миёни вохурихо ва баъди соати 16 мо фурсати истирохату тамошо дорем. Ман мисли хар сафари дигарам ба хама чиз таваччух мекунам, мехохам хар чизи бароям шавковарро аз тарчумону аз хамсухбатон бипурсам.  Имруз мо се вохури дорем. Субх мо бо Карла Акстман –мухаррири блоги «Blue Oregon» вохурдем. Шакли сухбату вохурии мо одди аст: аввал хамсухбат хар чизе, ки барои худаш ва мо шавковар аст, онро байён мекунад ва баъд мо бо саволу пурсишхои худ ба у мурочиат мекунем. Чун мухтавои аксари вохурихои мо барои нашр нестанд, ман баъзан умумигуйи мекунам.    Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (12)

Портленд ин субх борони буд. Вале атроф гуворо ва зебо аст. Мисли он, ки касе бароятон роххои ин шахрро об задаву бе чангу гард сохта бошад. Мисли рузхои гузашта утоки хоби ман гуё «штаб» аст. Соати 8:30 хама чамъ мешаванд… Тибки барнома имруз моро аввал вохури дар Созмони Чамъиятии «Мухочирону гурезахо» — IRCO интизор аст. Ин мавзуъ барои ман хамеша шавковар аст. Мухочирон дар тамоми дунё буданд, хастанд ва дар идома низ меомнанд. Барои ман хатто мавзуъи мухочирати дохилии Точикистон низ шавковар аст…(аламовар хам!)

IRCO — яке аз он созмонхоест, ки мухочирону гурезахо дар ончо чамъ шуда, забон меомузанд, тартибу кавоиди зиндаги дар Амрикро ёд мегиранд, чойи кор ва зист  пайдо мекунанд. Дар девору рохравхои ин созмон харитаву суратхо часпонида шудааст, ки хам барои омузиш асту хам барои саргарми. Синфхонахо барои онхое, ки забони англисиро тамоман намедонанд, мисли синфхонаи синфхои якуми мактабхои мо аст. Аммо барои онхое, ки аллакай саводи бехтар доранду пеш рафтаанд, синфхонахои замонавии компютери фаъолият мекунанд.  Сарвари ичроияи ин созмон Сохом ТАУЧ, ки зодаи Камбоча буда, дар чавони   якчоя бо гурухе киштии харбиеро рабуда, ба воситаи Филлипин ба Пенсилвания ва баъд ба Портленд омада будааст. Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (11)

        Шаб хавои Нэшвил хеле нарму рохат буд. Ё шояд ман, ки хеле хаставу бехоб будам, аз хамин сабаб хеле рохат хобида будам? Субхи барвакт  берун рафтам. Дарахтони атрофи мехмонхона гуё нав аз назди ороишгари муйю руй омада бошанд –хамаги зарду сурху зардчаву сурхчаву сабзу норинчи….зебо ва аз шамоли гуворои сахари чумбон-чумбон…

        Шабона ман кариб ки сумкаамро накушодаму чизеро берун наовардам. Мо инчо факат як шабем! Моро парвоз ба Портленд интизор аст.

Ба фурудгохи Нэшвил расидем. Он хеле ачоиб аст. Миёни фурудгох бо симдевор чудо шуда пури мехмонхона аст. Аз он чумла мехмонхонаи мо низ дар наздикии фурудгох буд. Тайёрахо баъзан аз руйи купруке мегузаранд, ки поёни он рохи мошингузар аст. Анна хамин гуна «наздиксозии тайёраву одамхову мошинхо» -ро дар фурудгохи Нэшвил дидан мумкин аст. Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил (10)

Буду боши мо дар шахри орому сокити Нексвил ба охир расид. То имруз хама хурсанд буданд. Лекин имшаб хайати гурухро бемории санги гурдаи хамгурухи мо Александр Тузов аз хафтаномаи «Вечерный Бишкек» норохат кард. Субх у ба ман занг зад, ки «Субхон, ту ягон доруи таскинбахши дард надори?» Маълум шуд, ки дарди гурдааш хуруч кардааст. Бояд гуям, ки инчо мо хамаамон варакаи сугурта дорем. Хамон ба кор омад. Уро тарчумон ва рохбалади мо Леонид ба беморхона бурд. Баъди навбатпойи ва ташхис санги гурдаро ошкор кардаанд ва акнун уро чаррохи мекунанд. Вале бе нештару хуну халаф! Табибон гуфтаанд, ки баъди 24 соати чаррохи метавони бо гурух дубора бипайванди. Холо ки мо барои рафтан ба пойтахти иолоти Теннесси шахри Нэшвил тайёри мебинем, у бо мо хайру хуш карду рафт барои чаррохи!  Полина, Стелла, Найра ва тарчумони дигари мо Лариса ба мошини Умар нишастанд. Ман бо мошини Дмитрий — хамон шогирди профессор мешинам. Се соат рох аст, сухбат мекунем. Шумо аллакай уро мешиносед. Гуфтам ку, у зодаи Белорусия буда, хамин чо тахсил кардааст ва акнун устоди факултаи журналистика буда, чанд руз пештар бо духтари мексикои Марианна оиладор шудааст.   Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (9)

Имруз дар Донишгохи Теннесси охирин ду вохурии мо баргузор мешавад. Аввали бо доктор Чим Стовалл — устоди фанни журналистика ва муаллифи китоби як электрони баргузор мешавад.

Сухбати мо дар аудиторияи аллакай ошно аз он огоз шуд, ки чи гуна айпадро ба китоб ва манбаи иттилоъот табдил бояд дод? Фахмид, ки Стелла — хамгурухи мо аз Молдова аст, устод аввал дар бораи он накл кард, ки чи гуна устохои молдоваги фарши хонаи уро таъмир карда буданд….    Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (8)

Дар муддати чанд рузи сафар мо расман рузхои якшанбе истирохат дорем, аммо дар Ноксвил хамин тавр шуд, ки барои мо ду рузро истирохат эълон карданд. Инчо гурухи панчнафараи мо хама тасмимхоро якчоя мегирад. Хама ба хулоса омадем, ки як рузро барои хариди тухфа ва рузи дигарро барои тамошои Боги Миллии Амрико сипари мекунем.

Субх Умар — ронандаи гурух,  моро то яке аз марказхои калони савдо дар Ноксвил, ки аз маркази шахр дар масофаи 20 дакика рох дуртар аст, бурд. Чойи вохури муайян шуд ва хама дар як муддат аз назди дари магоза ба дарун «бухор» шуданд. Хама чиз хаст – ман бештар шуъбахои кудаконаро тамошо кардам, зеро ба кудаконам «як дунё» бозича ваъда кардаам… Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (7)

Аз руйи одат ман хеле барвакт аз хоб бедор мешавам. Вакте дар Ноксвил соат 5-и  субх аст…  Субхона мекунам. Чи хуб аст, ки холо точирон  дар кишвархои Аврупо ва Амрико ба тамгаи «халол» таваччух мекунанд. Дишаб ман хангоми хариди хасиб ва боз чанд маводи дигар баргашта аз тарчумонамон мепурсидам, ки «дар хакикат хам ин мавод халол аст?». У навиштаи бастабандии гизоро мехонд ва хам аз фурушанда  мепурсид. Дар баъзе  вохурихо чониби мехмондор аз тарчумон ва рохбалади мо мепурсад, ки барои бачахо ба кадом гушт гизо тайр кунем? Ва ман борхо шунидам, ки Леонид аввал дар бораи ман мегуяд. Мо хама намуди гуштро намехурем-ку…. Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (6)

Шаб борхалтаи сафарамро омода кардам.  Субх мо аз Вашингтон ба иолоти Теннесси ба шахри Ноксвил меравем. Моро мошине, ки чанд  руз дар ихтиёри мо буд, ба фурудгохи ба номи Рональд Рейган овард. Ончо барои ба расмият дарории бор ва гирифтани талони нишаст, хар кас худаш аз дастгоххо истифода мебрад. Хама чиз ба тадрич автоматики ва худкор мешавад. Пахлуи хуби ин амал он аст, ки накши одам хар кадар камтар шудан гирад, хамон кадар порагириву муносиботи нохуб камтар мешавад.  Тасаввур кунед, агар мо хам хамин гуна сабти борхоямонро ба воситаи тачхизот ва бе кормандони фурудгохи Душанбе анчом дода метавонистем, холатхои ногувор тамоман рух намедод.  Мо борхалтахоямонро супорида аз назорат гузаштем ва акнун кариб як соат бояд мунтазири парвоз мешудем. Фурудгохи ба номи Рейган дар Вашинтон ба назарам ки аз Фурудгохи Душанбе калонтар аст. Wi-Fi ин чо интизориро осонтару сабуктар мекунад…. Читать далее →

Душанбе — Вашингтон (5)

Имруз мо дар Департаменти Давлати вохури дорем.  Бо дипломати №1-и амрикои — Котиби Давлатии Амрико — Чон Керри! Дар ин вохури хама журналистоне, ки аз руйи барномаи Эдвард Р. Марроу ба Амрико даъват шудаанд, ширкат мекунанд. Вуруд ба Департаменти Давлатии Амрико мисли хама сохтору коргохи мухими дигар, хеле чидди аст. Мо хамрохамон шиноснома  дорем. Иловатан номи моро аз руйхати даъватшудахо кофтаву пайдо мекунанд. Баъди ин аз «сканер» гузашта, вориди ин идораи амрикои мешавем. Баъди хамаи ин чараён моро ба толори ба кавле «интизори» рохбалади карданд. Ончо чойи гарму кахва буд. Сухбат сари мавзуъхои гуногун бо намояндахои давлату кишвархое, ки баъзеяшонро мо факат дар харита мехондем, гарм шуд. Ман инчо хам хичолатзада хастам – забони англисиро ба хадди муоширати озод намедонам! Хама дар даст як кути чой ва ё кахва дорад. Айнан хамин гуна куттичахои кахва ва чойро шумо дар Вашингтон сари хар кадам дар дасти мардуми рохгузар мебинед. Онро аз кахвахонаву ошхона ва хатто аз дастгоххои худкори канори роххо хам гирифтан мумкин аст.    Читать далее →

Душанбе-Вашингтон (4)

Кам-кам ба боду хавову зиндагии Вашингтон одат кардам. Дигар дар вохурихо хоб бар ман галаба намекунад, пазмонии ман низ ба тадрич пир мешавад…

Ин субх ман дар ресторани мехмонхона хурок нахурдам. Барвактар бедор шудам ва рафтам ба кучаи шафати мехмонхона. Инчо аксарияти онхое, ки ронандаи такси хастанд ва дар хамин гуна кахвахонаву ошхонаи сарирохи кор мекунанд, мухочирони кори аз Шарки наздик ва ё афроамрикоиву африкои хастанд.  Баъди хуроки сахари моро ба идораи Фридом Хауз ё худ Хонаи Озоди бурданд. Махз хамин созмони гайритичорати рейтинги озодии матбуотрову  кишвархоро хама сола нашр мекунад. Махз хамин созмон инак чандин сол аст, ки Точикистони азизи маро кишвари аз чихати   андешаву баён  ноозод медонад.  Моро дар идораи ин созмон як гурух чавонон пешвоз гирифтанд, ки аксарият аз кишвархои пасошурави буданд ва хамаашон забони руссиро медонистанд. Маро дар кабулгохи ин созмон токии зардузии занонаи точики ва токии чоргули мардонаи точики хайрон кард. Хатто кам-кам хичолат хам кашидам, ки барояшон чизе сирф точикона наовардам.   Сумкаам пури парчаму «мангит»-у дарахтои сангии Рухом аст 🙂  Харчанд маълум аст, ки барои ин онхо соли оянда кишвари маро озод хукм намекунанд. Ба хар сурат ман бо он токии точики акс гирифтам ва маро барои сухбат ба утоки дигаре даъват карданд. Хонаи Озоди созмонест, ки факат буччааш 35 миллион доллар аст. Аз руйи чадвали амрикои ин созмон аз чихати молияви бузург дониста мешавад.  Читать далее →

Душанбе-Вашингтон (3)

Рузи сеюми сафари мо ба Амрико дар Вашингтон мисли рузи аввал ва дуюм набуд. Дируз  ман як шаби бедорхобиамро чуброн кардаву аз бегохи руз хобидам. Маро хатто занги телефонии хамрохонам хам бедор карда натавонистааст.  Баъди нахори мо дар ошёнаи дуюми мехмонхона чамъ омадем. Ман аллакай ба шумо гуфтам ки имсол новобаста ба мушкилии молиявие, ки дар Амрико буд аз руйи барномаи Эдвард Р. Марроу худуди 100 журналсит аз гушаву канори олам даъват шудаанд. Онхо дар 9 гурухи алохида вобаста ба зони гуфтугу ва минтакаашон муттахид шудаанд. Дар гурухи мо тавре медонед, намояндахои кишвархои пасошурави хастан- Точикистон, Киригизистон, Арманистон, Русия ва Молдова. Намояндаи Эстония бошад, бо кадом сабабе ширкат карда натавонистааст.   Читать далее →

Душанбе -Вашингтон (2)

Рузи дуюми сафари ман аст. Нимхобу нимбедор гузашт. Баъди хуроки сахар моро мусофиркаш ва гид (рохбалад) Игор Ирхо интизор буд. Бо рохи назди мехмонхона руболо рохи шудем. Бинои Бонки чахони ва Сандуки Чахонии асъорро дидем. Дар маркази Вашингтон бинохои кухнае боки мондааст, ки дар хамоханги ба он бинохои замонави сохтаву онро вайрон накардаанд. Махз хамин чиз таваччухи сайёхонро ба худ чалб мекунад. Рохе, ки суи Касри Сафед мебурд, банд буд. Тарчумон гуфт, ки мутаасифона мо Касри Сафедро аз наздик дида наметавонем. Аз рохи дигар мо ба кисмати поёнии ин бино наздикии як манорае омадем, ки ба хотири Вашингтон сохта шуда, 555 мил баланди дорад. Рохбалади мо таърихи Амрикоро хуб медонист. Хамгурухи мо аз Молдова –Стелла касеро дар миёни анбухи одамон пайдо кард ва аз у чанд даъватнома гирифт, ки мо акнун бо он хукук доштем, ки вориди хавлии Касри Сафед шавем. Читать далее →

Душанбе-Вашингтон (1)

Расо як сол кабл ман чун иштирокчии аввалин Форуми чавонони Иттиходи давлатхои Мустакил хамин вакту соат дар Арманистон будам. Аммо имсол хушбахтона маро насиб шуд, ки  Амрикоро бубинам. Ман бо дастгирии Сафорати Амрико дар Точикистон иштирокчии барномаи ба номи Эдвард Р. Марроу шудам. Як шаб аз 21 шаби будан дар Амрико аллакай руз шуд! Хотироти сафарамро хар руз кушиш мекунам, ки инчо нависам, шояд шавковар бошад. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти