Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Далери Имомалӣ, Истгоҳ, Радиои Ватан, Субҳон Ҷалилов, мусоҳиба, театри тоҷик | Leave a comment »
«Гиряи мард убол нест…»
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 8 март рӯзи модарон, Субҳон Ҷалилов, гиряи мард, модар, оча | Leave a comment »
«Биё оча, дигар як бачаи гапгир хоҳам шуд…»
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 61 алами бемодарӣ, Субҳон Ҷалилов, Файзобод, китобхона, модар, оча, рӯзи модарон | Leave a comment »
Ҳафиз Раҳмон: «Вақте навиштам, ки нанавиштан имкон надошт…»
(Чанд андешаву пешниҳод)
Адиби маъруфи амрикоӣ, ки хеле ва хеле дӯсташ медорам — Теодор Драйзер, як гуфтори зоҳиран одӣ, вале зебое дорад: “ҳақиқат то он даме ҳақиқат мемонад, ки дар муқобилаш чизи дигаре гуфта нашавад”. Агар, фаразан, дар муқобилаш сухани нодуруст ҳам баён шавад, дар тафаккури ашхоси дигар шубҳа пайдо мешавад. Хеле аз бузургони илму фалсафаи Шарқу Ғарб шубҳаро чизи ниҳоят лозим дар фаро гирифтани дониш, фаҳму дарки масъалаҳои илмӣ эътироф кардаанд…
Ҳадаф аз ин муқаддима он нест, ки ҳатман дар муқобили андешаҳои банда сухане гуфта шавад, не, ин як нуқтаи назар, мулоҳизаест, ки гуфтанашро лозим шумурдам, бидуни баҳсу гуфтумонҳо…
Ба ин кор номаи шоири хушному нависандаи хуби муосирамон Ато Мирхоҷа водорам кард, аввал дар вуҷудам ҳайрат омад, ки чаро чунин шахсияте маълуму машҳур масъалаи шахсиашро расонаӣ кард… Баъдан ҷойи ҳайратро андӯҳ гирифт: то ба ин дараҷа расидани кор инсон бояд хеле азияти фикрӣ кашида бошад, таконеро аз муҳити фаъолият ва фазои ҷомеа ба рӯҳу равонаш эҳсос карда бошад, вагарна, чӣ зарурате буд ифшои дарду алами ботинӣ… Ба иборате дигар, нависанда вақте менависад, ки дигар нанавиштан барояш имкон надорад…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Ато Мирхоҷа, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Субҳон Ҷалилов, гурба Алекс, китоб, мукофоти давлатӣ, унвону ҷоизаҳо, Ҳафиз Раҳмон | Leave a comment »
Бензин. Баҳор ва Барф
Мавзӯи сӯҳбатхои чанд рӯзи охири мардум дар кишвари мо – ин аввалтар аз ҳама боло рафтани нархи бензин ва илова бар ин камчин шудани он аст. Чун расман дар ин маврид иттилоъ камтар аст, чун воридкунандагон тамоман дар ин бора дар ягон чо изҳори назар намекунанд ва чун бисёриҳо дар мавриди чӣ ҳолату вазъ будан маълумоти дақиқ ва кофӣ надоранд, сару садоҳо дар ин замина бештар мешавад ва ҳар кас, ки аз иқтисоду тиҷорату воридоту содироту нозукиҳои дигар бехабар аст, ба он овозаву тахминхо чизе аз худ илова карда, ба каси дигар ва ё ҷойи дигаре баён мекунад. Маълум аст, ки ҳоло тахмину гумонҳо ва ҳатто шубҳаҳо ҳам ин мушкилро рафъ карда наметавонад. Вале ҳароси ронандагони оддӣ он аст, ки камчинии бензин ҳатман боиси болотар рафтани нархи он мешавад ва ронандаи оддӣ бовар намекунад, ки аксарияти нуқтахои фурӯш, ки то дина рӯз бензин дошт, имрӯз надошта бошад. Ронандахо ку систернахоро тафтиш карда наметавонанд?!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Барф, Баҳор, Бензин, Субҳон Ҷалилов, мошин, нархи бензин, роҳкиро, қимматшавии маводи сӯхт | Leave a comment »
Пурсиш (3)
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Баррандаҳо, Радиои Ватан, Субҳон Ҷалилов, ровӣ, эфири радио | Leave a comment »
Соли Нав муборак бод!!!
Боз як соли дигар меравад. Як соле аз тақвим, як соле аз умри мо…Афсус мехӯрем, ки бисёриҳоро аз даст додему зиёд чӣ аз каф раҳо шуд, аммо шукр, ки бисёриҳои дигар дар канори моанд ва дилҳо аз имону умеду муҳаббат холӣ нест…
Ҳар субҳ моро ягон хоҳише, мақсаде, нияте ё орзӯе аз погаҳи дар то домани дунё мебарад ва ҳар шом моро ягон ишқе, пораи ноне, нигоҳи гарме, қалби интизоре…ба бозгаштан талқин мекунад, таҳрик медиҳад…
Берун рафтанҳо қариб якхеланд, мисли баргаштанҳо ба хона…Аммо роҳи савоб гуногун аст, андешаҳои нек зиёду фарқкунандаанд, ниятҳои хайр ҳазору анд тоанд….тахминан мисли лак-лак гуноҳ, ки ҳар кас онро ҳар гуна, ба ҳар роҳу восита, бо сад амалу беамалиаш муртакиб мешавад….
Худо кунад, ки имсол савобҳо бештар аз гунаҳ, андешаҳои нек бештар аз беандешагӣ, шифо бештар аз маризӣ, баракат бештар аз харҷ, зебоӣ бештар аз сиёҳӣ ва берангӣ бошад…Кош созандагӣ ва ободкорӣ дар Соли Нав бештар аз ҳар соли рафта бошаду азму талошу офариданҳо бобаракат ва бардавому ҷовидон мисли умри Наврӯз ва инсонҳо босабру пуртамкин ва сарбаланд, мисли куҳҳои Помир.

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Новый Год, Радиои Ватан, Соли нави 2021, Субҳон Ҷалилов | Leave a comment »
Як пора аз «Пресс Клуб» №100
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Пресс клуб, Радио, Субҳон Ҷалилов, диплом, журналистика, радиои Ватан, рӯзноманигор, унвон | Leave a comment »
Биё, оча….
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Биё оча, Субҳон Ҷалилов, Эркин Одинаев, модар, оча | Leave a comment »
Бахшида ба 90 солагии Радиои «Тоҷикистон» (Нимшухиву нимҷиддӣ)
Буд набуд радиё буд,
Даргоҳи бе риё буд,
Ҷойи нуру зиё буд,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Роҳравошай қолинпуш,
Дили ҳама дар хуруш,
Кай созамат фаромуш?
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 90 солагии Радио, Идораи Ҷавонӣ, Кумитаи ТВ ва Радио, Нимшухӣ, Ошёни булбулон, Радио, Радиои Тоҷикистон, Субҳон Ҷалилов, радиои Ватан | Leave a comment »
Тазод (2)
Мушоҳида мешавад, ки бо бештар шудани даромад аз реклама ва як каме васеътар шудани майдони муаррифиву таблиғ гуруҳу ширкату коргоҳҳои рекламсози зиёде пайдо шуд ва аз пушти онҳо овозу матну идеяҳои мухталифи наву куҳна ва ҳатто копишудаву дуздидашудае ба миён омаданд. Қабули мардум ва истеъмолкунандагон ҳам фарқкунанда аст. Ин вобаста ба он аст, ки истеъмолкунанда чӣ қадар дарку завқу фаҳмиш ва савод дорад. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки мардум аз мутобиқат накардани матну овозу навор, вайрон будани вазни сухан, мантиқан нодуруст будани ибораву калимаву ҳатто талаффузи онҳо шикоят мекунанд. Дилбазан будани баъзе рекламаҳо бошад, ин мавзуъи дигар аст. Ва ҳам маълум аст, ки аксарият (ва ҳатто баъзе масъулон ҳам!) ин гуна мушкилу нофаҳмиҳо, ғалату иштибоҳ, хатои имлоиву мантиқиро дар рекламаҳо, наворҳо ва овезаҳо тамоман намефаҳманд… Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Субҳон Ҷалилов, бозори реклама, дастурхон, калсий, маҳсулоти табиӣ, радиои Ватан, реклама, сохтмони биноҳо, таблиғ, Қонун дар бораи реклама, қишлоқ | Leave a comment »
Дар ҷавоби як пурсиш…
Пӯшида нест, ки ҳоло шунавандаи радио бештар аз хонандаи ҳафтаномаҳо ва бинандаи ТВ аст. Бартарии радио ҳам ҳамин аст, ки барои онро шунидан қариб ки пул сарф намекунанд, фаврият то ҷое мавҷуд аст, доираи барномаҳо, фарогирӣ ва мавзуҳояш ҳам нисбат ба он ду расонаи дигар фарохтару васеътару шавқовартар аст. Мешавад гуфт, ки имрӯз шунавадаи радио қариб ҳамон хонандаи газета аст, ки намехоҳад ҳар ҳафта пулҳои бе ин ҳам камашро барои харидани ҳафтанома сарф кунад, ҳамон бинандаи ТВ аст, ки шояд онҷо маводи табъи дил ва ба завқаш наздикро пайдо накардааст, шунавандаи радио ҳамоне аст, ки мехоҳад мавқеи ӯро ҳамин лаҳза ва дар ҳамин мавзуъ ки матраҳ аст, мустақиман дигарон фаҳманд, дар миёни назарҳои мухталиф нигоҳу назари ӯ ҳам ҷой ёбад. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Ватан, Радио, Субҳон Ҷалилов, Тоҷикистон, пурсиш, радиоведущий, ровии радио, хато, шунаванда | Leave a comment »
Дар ҳошияи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Ортиқ Қодир, Рӯзи ҷавонон, Соҷида Ғуломова, Спектакли Ҳайёт ва Ишқ, Субҳи Ватан, Субҳон Ҷалилов, Файзулло Ансорӣ, радиои Ватан | Leave a comment »
Дар сӯги Бозор Собир (15)
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Бозор Собир, Боймурод Шарифзода, Субҳон Ҷалилов, даргузашти Бозор Собир, корҳои илмӣ, марсия, сафар ба Амрико, филология | Leave a comment »
Дар сӯги Бозор Собир (14)
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Бозор Собир, Раҷабалӣ Аҳмад, Субҳи Ватан, Субҳон Ҷалилов, Файзобод, китобхона, меҳнати коммунистӣ, назми муосир | Leave a comment »









