9 марти соли 2011

 Ман як вакт киссаи мардеро шунида будам, ки омодааст барои кудаконаш «муаллими ханда» киро кунад. У ба ин назар будааст,  ки кудакони забондону замонави ва аз хар чихат таъмин хам бе доштани завки шухикуни ва дарки хазлу зарофат, яъне шухтабиат набуда,  наметавонистаанд, ки комил бошанд. Шумо чи фикр мекунед: он мард хеле зиёд пул дораду чои сарфкуниашро намеёбад ? На!  Харчанд маълум аст, ки истеъдодро бо пул ба кудак додан номумкин аст, аммо он мард кушиш мекунад. Ин сад фоиз мукобили амалу беамалии нафаронест, ки ба будани кадом чавхаре дар калби тифлонашон хатто бовари надоранд. Хамин гуна  орзухо мемиранд ва пайвандон бегона мешаванд! Кудаконро бо орзуву имкону шароиташон набояд инкор кард!!!

        Имруз дар мавриди баробарии хавфи парвози аввал бо аввалин тангенсавори, будан ва бошидан, имтихонхои пулаки, пули манзили ичораи нафарони зебову дидани ва аз муд рафтани рубоиёту шеъру газал навиштаам. Читать далее →

8 марти соли 2011

  У  аз замони обистан буданаш номи Субхонро дуст медорад. Ин номи писарчаи хамсоя будааст. Баъд у хам Субхондор  мешавад. Хамон хавас дар дилаш гул мекунад. Субхони у бо дуои хайраш мактабхон мешавад. Баъд орзуи донишчу дидани Субхонаш дар дили у пайдо мегардад…. У барои хамкурсони Субхони  аллакай донишчуаш хар хафта курутобу шакаробу ош мепухт. Пулхои дар гушаи румолаш шикаста, ки ба суи Субхони донишчу дароз мешуданд, аз пеши назараш дур намешаванд.  Баъд у хама чизеро ки орзу мекард, дид. Ва хам дид он чизеро, ки тамоман барои Субхонаш орзу намекард. «Худтон обод бошанд, давлати ман» — гуфту худро тасалло дод. Субхони хазор кас дубору себор зан гирифтааст.  «Субхон» -и баъдиро  аз Субхони худаш Эхсон ном гузошт. Барои бахту саодати додарону хохарони Субхонаш ягон чиро дарег надошт, хама чиро сарф кард, сухт, тамом кард….Хатто дилашро…(духтур пеши танур истоданашро хам манъ кард, ки ба дилаш гарони наорад…) Читать далее →

7 марти соли 2011

Фардо Рузи Модарон аст! Ин хуб аст. Аммо хуб нест, ки имруз Рузи Падарон нест! Харчанд маълум аст, ки барои  фарзанди нексиришт хар руз рузи волидонаш аст. Падарони азиз! Рузи пештар аз Рузи модарон барои Шумо муборак бошад!

Имруз ман дар мавриди душворихои зердасти зебардасте будан, омодагии мардум ба пошхурии СССР, дасти «дароз» -и табибон, «зоопарк» дар шоу-бизнес ва унвонхои «заказной» навиштаам. Читать далее →

6 марти соли 2011

    Имруз якшанбе аст. Ман чи гуна дидан мехостам ин рузро?   «Харакати мошинхо дар роххо манъ аст, мардум аз субх рохат дар хиёбону гулгаштхо пиёда сайр мекунад, барномахои телевизиони пахш намешаванд, барои он, ки мардум ин руз бояд дар сахрову майдону хавои тоза бошанд, дар харакхои зебо ва рохати гулгашхои орому покиза одамони зиёдеро дидан мумкин аст, ки ба мутолиа машгуланд, гурухе сураткаши мекунанд, гурухи дигаре бо кудаконашон хар гуна бозиро фикр карда, бози доранд, дар гулгашту хиёбонхои сокит хар хунарманде хунару истеъдодашро нишон дода истодааст -касе гитара менавозад, касе скрипка, касе дар атрофаш  гурухеро чамъ карда, ройгон дар кадом мавзуъ сухбату тавсия медихад,   мардум хамин руз бо маслихати пешаки ба мехмони ва аёдати наздикон мераванд, театру осорхонаву  синамохонахо ба кабули мардум омодаанд ва масалан, агар касе оилави ба театр равад, арзиши  билет барояш 50% арзон аст, дар хар махалла як синамохонаи болокушодаи тобистона хаст,  ки дар он бехтарин филмхо намоиш дода мешаванд, аз хама мухим касе ба касе халал намерасонад….» Бас аст ба фикрам, ки агар давом бидихам,  шояд гиряам меояд….

Имруз дар мавриди хохиши зистан ва баъзан гум шудани он, гирифтории мардхо, тафовут миёни Умари Темур ва Леди Гага, сомонахои эхтимолии  Вазорату Кумитахо ва шинохти кахрамонхову  «кахрамонхо» навиштаам. Читать далее →

5 марти соли 2011

   Чанд чизе буда, ки инсонхоро ба хам монанд мекунад, онхоро ба хамдигар  наздик хам меорад.  Ва хам он чиз онхоро аз хам мисли ду пораи хамсамти оханрабо дур мекунад. «Хама чунин мекунад»  — ин яке аз хамон андешахоест, ки ман дар назар дорам. Ман мехостам, ки дигар ба он нафаре, ки мисли хама намекунад,  бо шубха нанигарем ва хам баробар кушиш накунем, ки мисли якдигари кунем! Зеро мо наметавонем, ки як хел бошем ва хам имкони умумии баробар надорем. Вале  агар хоста бошем, мо  метавонем, ки МУХАББАТ ва ЗЕБОИи умумиро биофарем.  Хамин хохад буд рисолати пахлуи хам  будани  мо,  агар боз хам барои он касеро миннат накунем…  Читать далее →

4 марти соли 2011

  Мо ду гурух актёронро дорем — як гурух дар театрхо кор мекунад, гурухи дигар кору машгулияти дигар доранд. Гурухи аввал дар киса дипломи актёри доранд, гурухи дуюми он гуна диплом надоранд, гурухи аввал дар мавсимхо ва намоишномахои  театри  фаъолият мекунанд ва накшофари мекунанд, гурухи дуюм хар руз дар миёни мардум накши касеро бози мекунанд, гурухи аввал мардумро тарбия мекунанд, гурухи дуюм мардумро ба шуру нифок меоранд, гурухи аввал факат дар сахнаи театр никоб дорад, гурухи дуюм доимо никоб доранд ва бо никоб хатто хоб мераванд…

Имруз вобаста ба  маъракаи «дарахтрангкуни»,  дар мавриди микрофони озод ва имконияти «чазодихи» -и шоирон навишта,  мисраи шеъриеро бароятон пешкаш кардам, ки  даромадгохи толори чаласаи депутатхо овезон нест. Читать далее →

3 марти соли 2011

     Аслан дагаливу сангдилиро ба мардхо вобаста медонанд. Хам мегуянд, ки занхо рахмдилу мехрубонанд. Шояд хамин тавр аст, аммо ман чизи дигареро мушохида кардам: чанд омиле хаст, ки занро хеле берахму номехрубон ва хатто хавфнок мекунад. Аввалтар аз хама — ин рафтани хаёи у аст, дуюм ошноии у бо мардхои зиёд, ки баъди бехаёиаш меояд. Баъди ин бошад, омилу сабабхои сеюму чоруму садуму n-ум меояд. Дар холати берахмии занон  назди у берахмтарин мард хам хануз мехрубон аст. Тафовут миёни берахмии  зан ва мард хамин аст, ки зан он вакт хам табассум мекунад, бо чашмонаш ошикона бози мекунад…

Имруз дар мавриди як сухбати телефони, гурхои даркори ва нодаркор ва акаи овозхонони точик навиштам. Читать далее →

2 марти соли 2011

 Имруз дустам Фируз Хакимов (DJ Fire) навишт, ки «дилам барои модарам танг аст, хотирахо аз уву аз замони  буданаш  маро мекушанд»…  Баъди пагох  Фируз зодруз дорад ва ин аввалин зодрузи у БЕ модари азизаш хохад буд. Дигар  факат хотирахо  мемонад,  ки  ширину  ширинтар мешаванд, дил ба ёди  накхати дасту руи МОДАР  гум мезанад ва хам дар андух гум мешавад…ТУ дигар чуз сабр чора надори, дустам! Бозгашти мо ба суи Худост, ба суи Худост  бозгашти  МО!!! Читать далее →

1 марти соли 2011

   Бахор хам омад! Харчанд хама медонад, ки холо мумкин аст, ки хатто барф низ биборад, харчанд хама селобу харобихои бахори гузаштаро ёд дорад, аммо ба хар сурат ин фаслро интизор мешаванд…Хаёлам, ки он умед дорад, тароват дорад, гулрези дорад… Огози Бахорро барои хамаи Шумо самимона муборак мегуям! Мехостам, ки он огози сарсабзи ва барору саъодататон бошад!!!

Имруз дар мавриди  пешгуихо, маслихати муфаттишон ба кормандони ТВ, андозбанди ва лиму, матоъ ва иффат, кори Радио ва аксияи нави кормандони ТВ-хо навиштам! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти