«Ман бо калам ахд бастаам…»

   Телевизион дар Точикистон аз охири солхои 50-ум ба фаъолият сар кардааст. Дар ин муддат садхо нафар чавон ба ин даргох ба кор омадаву пир шуданд, саду як барнома дар эфир пахш шуд, хазор нафар  ба воситаи ин дастгохи муктадир барои мардум муаррифи шуд. Вале ба ёд факат бехтарин нафарон, хубтарин барномахо ва ширинтарин хотирахо монд. Дар зер сухбатеро бо Барандаи Чоизаи ба номи А. Лохути дар соли 2011, мухаррири варзидаи  идораи «Эчод»-и Муссисаи Давлатии Телевизиони Сафина — Зафар Саидов пешниход мекунам. Читать далее →

«Журналистика – ин касб барои мардуми боистеъдод аст!»…

Ин мусохиба чанд муддат кабл дар мачаллаи «Садокат» нашр шуда буд.

Вобаста ба хаёти шахсиатон чизе гуед?

        -Ман дар Файзобод таваллуд шудаам. Хатмкардаи Донишгохи Миллии Точикистон. (Ихтисоси «мухандиси сохаи Радиофизика ва электроника») То соли 2003 дар Радиои Точикистон, дар идораи Чавонон ва наврасон ба хайси коромуз, мухаррир, чонишини сармухаррир ва и.в. Сармухаррир фаъолият кардам. Аз соли 2004 дар Радиои «Ватан» кор мекунам. Холо вазифаи Директори барномахои хамин радиоро ба душ дорам. Оиладор буда, ду писарчаи нозанин дорам — Аличон ва Эхсон. Читать далее →

Мубориз!

Парвиз Рустамович Холиков, лейтенанти калон, собик навбатдори шуъбаи хадамоти давлатии мухофизаи шахри Норак, собик ваколатдори кофтукови чинои оид ба корхои ноболигон ва чавонони шуъбачаи минтакавии милисаи шахракаи Оби Гарми ШКД шахри Рогун, собик ваколатдори гурухи мубориза бар зидди муомилоти гайриконунии маводи нашъадори ШКД шахри Рогун, маъюби гурухи 1-ум. Читать далее →

Хушбовар ва сабур!

Амирчон Сабури хонанда, охангсоз ва шоири афгон, мутаваллиди вилояти Хирот (Афгонистон) аст. Вай точик аст ва ба забони форси/дарии лахчаи хироти мехонад ва дар Канада сукунат дошта ва акнун дар Узбакистон зиндаги мекунад. Сабури аз 16-солаги ба хунар ва овозхони руй овард. Читать далее →

Гугуш! Сиришта бо мусики ва наво!

    Фоика Оташин мулаккаб ба Гугуш дар 18-уми бахмани соли 1329 дар хиёбони Сарчашмаи Техрон ба дунё омадааст (5-уми майи соли 1950 http://ru.wikipedia.org). Аз хамон кудаки Гугуш садояш карданд. Номи Фоикаро бар асоси номи модараш, яъне Фоиза интихоб кардаанд. Аввалин фарзанди хонавода буд ва дорои як бародар ба номи Фаридун буд, ки як солу хашт мох аз Гугуш хурдтар буд ва дар синни 24-солаги бар асари як бемори даргузашт. Читать далее →

Бакои зиндаги!

Бахшида ба 80 солагии доктори улуми иктисод, профессор –

Облокул Тошев

Огоз:

            -Инсонхои бузург шабехи ситораанд, ба онхо замони афтиданашон таваччух мекунанд. 

-3 сол аст, ки он донандаи хуби улуми иктисод, доктор ва профессор миёни мо нестанд. Он кас ними умри бобаракати худро барои тарбияи насли чавон сарф карда буданд. Устод дар  чанд муассисаи олии таълимии Точикистон бо эхсоси баланди масъулиятшиноси чанд насли мутахасисро  ба воя расонидаанд. Зери назари у ва бо рохбариашон чандин нафар рисолахои номзади ва доктории худро химоя кардаанд. 12 феврал профессор Облокул Тошев мебоист 80 сола мешуданд… Читать далее →

Либос нишони одамият?

       Давраи донишчуии ман ба охири солхои  90-ум рост омад. Холо хам ба ёд дорам, ки чи гуна аз манзиле ба манзил, аз махаллае ба махалла мекучидем. Дар махаллахои Чашмасор, Рудаки, Гоголь, Фурудгохи кухна, кучаи П. Сулаймони, Тунис, И. Сомони ва  Бадахшон ичоранишин будем. Аз як манзил агар худамон рафта бошем, аз дигараш моро пеш кардаанд: гох хонаашонро фурухтани мешуданд, гохо ичоранишини серпултаре меёфтанд ва гохо ба чои мо, ки чанд чавонписар будем, духтарони зеборо ба ичора мегирифтанд.  Читать далее →

Рафтанду равему боз оянду раванд…

     Бадхох ё накуем, Имруз ру ба руем,

      Чои чудоии мо дар дузаху бихишт аст…

                                                                                           (Мухаммад Гоиб)

Чанд руз пештар як барномаеро телевизиони NTV-и Руссия ба намоиш гузошт, ки дар он  гап сари кисмати русхое мерафт, ки дар Точикистон таваллуд шуда, то ин дам  зиндаги кардаанду акнун мехоханд, ба Руссия бикучанд. Дар он чанд оиларо нишон доданд, ки гуё инчо холати нохубе доранд ва аз чониби точикон тахкир мешаванд. Гуё мардуми мо онхоро «одам» хисоб намекарда бошанд. Ин барнома тахминан чанд руз пас аз изхороти беасоси В. Жириновский пахш гашт, ки дар бораи «геноцид» -и мардуми рус дар солхои чанги шахрвандии Точикистон  буд. Ба Жириновский аллакай  расман аз ВУХ чавоб гуфтанд. Ва хам мардуми огох хуб медонад, ки ин гуна «изхороту андешахо»  кай ва бо кадом максад баён мегардад? Читать далее →

Маъруфтарин зани чосуси таърих!

      Маргарета Гертруда маъруф ба «Мата Хари». У 7-уми августи 1876 дар шахри Леуварден дар кишвари Голландия ба дунё омад. Аз байни чор фарзанд у дувумин фарзанди Адам Зелле (2 октября 1840 – 13 марта 1910) ва Антье ван дер Мёлен (21 апреля 1842 – 9 мая 1891) буд. Падари у як магозаи кулохфуруши дошт ва бо як сармоягузории муваффакиятомез дар нафт он кадар пулдор шуд, ки тавонист як зиндагии ашрофи барои духтараш эчод кунад.        Читать далее →

Писари асилзодаи муфлисшуда — Шохсутуни илм!

    Олими забардасти итолиёви Галилео Галилей яке аз шохсутунхои зархалини касри илми чахони ба хисоб меравад. Офарандаи физикаи классики Исаак Ньютон коил шудааст, ки у ба шарофати осори илмии Галилео Галилей ва дар такя ба китфони хузарби ин олими итолиёви ба кашфиётхои тозаи илми сохиб гаштааст. Читать далее →

Киссаи фарзанди 17-ум!

         Дар таърихи рушди илм бисёр ихтирооти бузург маъмуланд. Вале на хамаи онхоро дар як саф бо ихтирои Менделеев, кимиёдони барчастаи рус, гузоштан мумкин аст. Харчанд аз кашфи конуни даврии у солхои зиёд сипари гаштаанд, хеч кас гуфта наметавонад, ки кай маънои «чадвали машхури Менделеев» то хадди охир «хазм» мешавад. Читать далее →

Мухочирон ва мухочират!

         Ба хама маълум аст, ки мухочират кардан ба кишвархои дигар барои кор, хусусан ба Русия чанд сол аст, ки давом дорад. Сабабхо хар гуна мешаванд, вале агар хато накунам, аксари мардуми точик, хатто занхо хам  бештар ба хотири пайдо кардани чои кор ба Русия мераванд. Мутаассифона, баъзехо гирифтори фиреби корфармо мешаванду хакки кори худро ногирифта бармегарданд, баъзеи дигар бошад бо сабабхои гуногун ё саломатии худро аз даст додаанд, ё ин ки чисми бечони онхоро ба ватанашон меоранд.     

Маълумоти поёниро ман аз сахафоти гуногуни интернет чамъ овардам, ки шояд барои шумо шавковар бошад. Читать далее →

Як пора аз зиндагиномаи Пабло Пикассо!

Пабло Пикассо на танхо рассоми хуб буд, балки донандаи хуби забони бонувон хам буд. Бисёре аз бонувон худашон аввалин шуда изхори мухаббат мекарданд. Ва хангоме, хис мекарданд, ки акнун ба у лозим нестанд, ё худкуши кардаанд, ё бакияи умри худро дар девонахонахо гузаронидаанд. Читать далее →

Мусбатандеши ва натичаи он дар зиндаги!

      Хар иттифоке, ки дар зиндагии мо пеш меояд аз назари мо ё хушоянд аст ё нохушоянд. Пас хар амре метавонад боиси хушхоли ва ва хушбахтии мо ва ё боиси нокоми ва норохатии мо шавад. Мусбатандеши ба мо кумак мекунад, ки битавонем тагйироти муфиде дар рафтор, гуфтор, кору зиндагии худ эчод кунем. Читать далее →

Тафовути занон ва мардон

Тафовут байни зан ва мардро на факат дар либоспуши ё дар зохир дидан мумкин аст, балки тафовут байни зану мард дар зехн, эхсосот ва тафаккур низ дида мешавад.

Чунонки мухаккикон ва донишмандону равоншиносон андешахои худро дар хусуси тафовутхои зан ва мард аз назари идрок: идроки шунавои, кудрати бинои, эхсос ва идроки буёи, кудрати чашои, тафаккури ибтидои, тафаккури халли масъала, тафаккури файласуфона, аз лихози хуш ва гайра баён кардаанд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти