7 ноябри соли 2010

     Ман мехостам, ки шумо ба хамин саволи ман чавоб гуед, ки  «агар дар кору зиндагиатон пешравиро эхсос кардед, пулатонро кам-кам чамъ карда тавонистед, арзу додатонро шуниданду мушкилатонро хал карданд, имкони молии бештар ёфтеду сохиби чанд чиз шудед, озодиву адолату хакикат  ва амнияти комилро дарёфт кардед, аз ки миннатдор мешавед? Ба фикри Шумо дар инчо ки бештар кушиш кардааст, накши ки зиёдтару арзандатар аст?»  Акнун аз соли 2789 бармегардем ба хамин руз…

Ман имруз дар мавриди монандии театр ва зиндагии мардум, накши телевизион дар бунёди оилаи ровихо ва наттокон, мардхои ду ва чандзана, фил чун рамзи хизб, зан ва риш, мардхои бе мошин ва  оилае, ки ду Президентро ба воя расонидааст, навиштаам. Читать далее →

6 ноябри соли 2010

       Чанд руз пештар ду зан ба Радио омаданд. Онхо мехостанд, ки ба хама кормандони макомоти Суд, Прокуратура ва  Шурои Адлия, ки дар боз гардонидани манзили зисти онхо кумак кардаанд, изхори сипос кунанд. Манзили зисташон баъди бахсе аз даст рафта будааст. Онхо аз шоди меболиданд, ки хакикат тантана кард, хак ба хакдор расид…

Хаёлам, ки Истиклоли вокеи хамин як табассуми ба хакикатрасидае, як каноатманди ва шукронаи пире аз даврони осудаи хаёташ ва дар мачмуъ ба умеди конун ва адолат орому осуда будан аст! Иди Сарконуни кишвари азизи Точикистонро барои хамаи Шумо самимона табрик мегуям!

Имруз дар мавриди тору дутору танбур, илми футбол кардан ва футбол шудан ва дар мавриди накши зан дар назди мард навиштаам. Читать далее →

3 ноябри соли 2010

   Ман чанд муддат аст, ки  ягон чизи  зебову умедворкунандаро эхсос намекунам: дар атроф дигар сабзранги несту дар чои кор хохиши кору эчод гум шуда! Дигар факат сигор мондаасту кахва, хаёл мондаасту накша, хумор мондаасту алам…

Имруз дар мавриди ширкати Адидас, дарвозабонии Штирлиц, дипломхои гирёнчак,  сирри хушбахтии актёрони мо, аввалин зан-кайхонаварди точик ва талошхо барои мавкеъ ва парвози дарозмуддат навиштаам.  Читать далее →

Тафсири чанд конуни зиндаги!

      Он чизе, ки дар поён мехонед, фикркардаи ман нест. Аммо ба ман бисёр писанд омад ва ман кушиш кардам, ки онро баргардон кунам ва инчо гузорам. Вокеан хам дар зиндагии мо конунхои навишта ва нонавишта накши калиди доранд. Мо онхоро гох риоя мекунему гох не, гох ба каси дигар меомузему худамон бо он амал намекунем, аммо аксар вакт мо дар бораи онхо факат шунидаему тамом -дигар чизе намедонем!

Дар катори конунхои дигаре, ки  дар сахифахои кадом газетае пушту ру чоп мешаванду шояд шумо хам  онхоро дидаед, боз конунхои  дигаре, чун конуни такси, конуни нимаи рох,  конуни оина (ин ба театри  ОИНА робита надорад!)  ва амсоли инхо хастанд, ки мо аз руи онхо гох  амал мекунему гох онхоро инкор…  

Читать далее →

1 ноябри соли 2010

  Акнун мохи ноябр хам омад. Ин мох бо барфу борону сардиаш комилан кор надорад, ки мо либоси зимистона харидаем ё не,  мо таппаку ангишту чуб дорем ё на? Вокеан хам, Шумо либосу гарму хезуму ангишт доред? Захираи ду солаи гизо чи?  Тасаввур мекунам, ки хама дар андешаи як чизе хаст: касе дар интизори лимити барк озурда аст, каси дигаре аз Руссия пулро интизор аст, ки либосу гандуму орд ва ангишт бихарад, касе бошад бепарво аст, зеро ба хонаи у хама чиро просто так, ё шояд барои факат як имзояш, шояд барои таъсири макому курсиаш меоранду меоранд…

Дируз як дустам накл кард, ки як нафаре, ки чун мулло ва донишманд бисёрихо эхтиромаш мекунанд, дар махфиле Раиси як нохияро сарзаниш (!) кардааст, ки чаро  «хаму як тележка хуроки чорворо ба хонаи у нафиристодаст?»  Худатон акнун хулоса бароред!

Аммо ман ин карат  дар мавриди  «шикори рубоху гургу хирс», хайру сахои мачбури, «Ифтихорнома»  барои кахрамонпадархо, монеаэчодкунии мардхо барои занхо, духтарони «девона-аааа» -и дискоклубхо,  вобастагии зан ва пиво, гунохи «Точикфилм» дар бешавхармонии духтарони точик, дубайтии ТВ ва Рузи кормандони СИЗО  навиштаам. Читать далее →

31 октябри соли 2010

     Имрузхо гумонам касеро, ки комилан аз каси дигар ва ё кадом холате  шикоят надошта бошад,   пайдо карда намешавад. Бо хар нафаре, ки ру ба ру шави, аз чизе ё касе шикоят дорад. Баъзехо, ки худро донотар мехисобанд, кушиш мекунанд, ки ин холати рухии худро пинхон кунанд, яъне вонамуд мекунанд, ки гуё бе мушкили ва комилан хушбахтанд. Аммо шахс хис мекунад, ки кадом нафар то чи андоза хушбахту аз зиндагиаш рози аст. Инро аз сухан, нигох, либос, рох гаштан, хандидан, хамрахон, аз куча…..хулоса кариб аз хама чи (шояд аз руи блог хам  🙂 !) фахмидан мумкин аст…

Имруз дар бораи Чукайша ва Чан Кайши, чову макому вазифаи баланд, футболи фурухташуда ва сарфаи бехудаи ранги сафед дар гузаргоххои руизамини навиштаам. Читать далее →

30 октябри соли 2010

      Хама чиз ду пахлу дорад (агар хадди аз хама камтаринашро хисоб кунем) : росту чап, сафеду сиёх, даруну берун, качу рост, хубу бад…Хама гуна кушишхо дар мавриди он, ки яке аз ин тарафхоро нодида бигирем ё инкор кунем, бефоида ва бенатича аст! Муаррифи харду чониб барои мардум имкони интихоб ва хулосабарории амик ва дурустро фарохам меорад, аммо факат як ру ва як суро дидан чи?

Имруз дар мавриди футбол, огохи ва ноогохи, охи дили мардуми камбагали серфарзанди ичоранишин, чавонон ва «оянда», «инчо» ву «ончо», мухимтарин руйдоди соли 2010 ва руи чун кулча гарми пулхои сомони навиштам.   Читать далее →

28 октябри соли 2010

  Навакак ман як андешаи ачоибро аз Гельман хондам:  «Адолат ва хакикат он нест, ки  хама чиро хама миёни худ  баробар таксим кунанд, адолату хакикат хамин аст, ки хама чи набояд миёни хама баробар таксим шавад!»   Ин хаёлам, ки бехтарин сухане буд, ки ман дар  ин хафта хондам. Набояд хама чи баробар миёни хама таксим шавад — оне, ки захмати бештар ва азоби сангинтар дорад, бояд хакки захмати арзанда ва бештаре ба каф орад. 

Имруз дар мавриди тафовути сарватмандии точики аз хоричи,  натичаи зиёдшавии донишгоххо,  номи ОЗОДИ ва подоши кору амал навиштаам.  Читать далее →

27 октябри соли 2010

     Имруз чахоршанбеи муборак аст. Дар имруз мардум ба зиёрати мавзеъхои мукаддас ва нафарони донишманду табаррук мераванд. Харчи мебаранд, то боз каме аз онро баргардонида,  бо нияти нек ба ахли хона бидиханд. Як вакт чанд дакика дар даромадгохи хамин гуна зиёратгохе мунтазири нафари хамрохам  истодам ва тамошо кардам, ки кихо вориди ончо мешаванд.  Вокеан хам, хамин гуна чойхо мардумро мутахид мекунад: ба ончо хам муаллиму  посбону, фарроше  меомад, ки бо маоши камаш арзи вучуд мекунад ва хам сарватманду мансабдоре ворид мегашт, ки  дилу чигараш барои ватану мардуми одди  «Пора-Пора»  аст…

Имруз дар мавриди духтану дузанда будан, мувофикати ситорахо, сухбат-дуэт дар курсихои кафои мошин, гуруснаги, ходисае дар Парлумон, мухрабизнез ва давоми он дар симои чанд ширкати хоричии дигар ва хам зиёну манфиати гахвора навиштаам. Читать далее →

26 октябри соли 2010

    Маро имрузхо аз хар рузи дигар дида бештар  бемасъулияти ва хунукназарии инсонхо, махсусан онхое, ки бояд нисбат ба мардум бемасъулияту хунукназар набошанд, хайрон мекунад. Барои чи вазифадорон ва масъулон хар кадом кореро, ки бояд содикона ва софдилона анчом бидиханд, намекунанд? Хама ба дасту ба ваъдаат таваччух мекунанд, хама пул мехоханд, хама ба ту дар холе ки ба у мурочиат мекуни ва аз хукуки конунии мурочиат истифода мебари, сарду бечозиба назар мекунад? Ман дар ин сардихову бемехрихо хатто дар гармии фасли тобистон хам хунук мехурам…Кай дар ин шахру дар ин  кишвар мехру масъулияту мухаббати холисона ва човидона меояд? Факат  » хеч вакт! » нагуед!!!

Имруз дар мавриди Рузи хушдоманхо, накши табибон дар нишастани тайёрахо, муйхои дарози зан, хоби мардуми хоболуд, шуълахои руи ях ва мастии бе шароб навиштаам. Читать далее →

25 октябри соли 2010

   Бо дидани имконоте, ки мардум дар самти илму техника ва технология дорад, фикр мекунам, ки чи гуна ачоиб мешуд, агар бобокалонхои мо хамин имконро медоштанд, хотирахои худро дар сахифахои интернетии худ ва рузномахои электрони сабт мекарданду барои мо боки мегузоштанд. Аммо аз суи дигар боз хамин андешаи худамро инкор мекунам: ягон чиз дигар ба мо фоида намекунад,  миллион сахифа панду насихату шеъру касидаву достон моро одам накард, машхур накард, пешрафта накард, чахонгир накард…

Имруз дар мавриди муборизаи занхо барои таваччух ба худашон, фарки СУПХОН аз СУБХОН, футболи русси, унвони «Шоири халки» ва Шоири Милли, сирри дарозумрии рассом Пикассо, табобат ба воситаи ТВ ва хар рузи равгании баъзехо навиштаам. Читать далее →

24 октябри соли 2010

Имруз гуё, ки истирохат аст. Коргари одди факат хоб аст, донишчу ба деха барои овардани нону кулчаву пиёзу картошка ва (агар бошад!) пул меравад, муаллим дар замини назди хавлиаш кор мекунад, духтури одди  интизор мешавад, ки уро барои дидани ягон бемор даъват кунанд ва ягон чиз «сафеди» бидиханд, баъзехо ба боги хайвонот мераванд, то маротибаи миллионум хамон як чиро бубинанд ва хамон як буйро нафас кашанд… 

Аммо ман дар кучахои покизаи он шахр кадам мезанам, метавонам ба хама театрхо барои тамошо равам, аз намоишномахои кучаги ва хиёбони лаззат барам, дар харакхои гулгашту рохравхои сокиту ором ором бинишинам ва халоват бубарам, ба кору захмати холисона ва содиконаи хадамоти гуногун таваччух кунаму сипосгузори кунам, бе интизори воситаи наклиёт ёбам ва ба кунчи дигари ин шахр биравам….Он шахри хаёлии ман аст ва ман имруз дар ончо истирохат дорам!

Аз хамон чо имруз дар бораи Оржоникидзеобод ва кучаи худамон, пуштноки рафтан ба хотири оромии асабхо, вазирони бочуръат ва камчуръату касалманд ва хакки захмату кору кушишхо навиштаам. Читать далее →

18 октябри соли 2010

Боз дар Душанбе душанбе аст. Боз ба дунболаш сешанбеву чоршанбе …дорад. Онхо хох-нохох бояд биёянд. Мисли он, ки баъзан ба дунболи як кас чандин каси дигар монанд ба сешанбеву чоршанбе…хатто ба хар кучое, ки интизорашон нестанд, меояд ва гуё, ки бояд биёянд. 

Имруз дар мавриди вазифаи асосии аксари котибахо, иттилои расми ва гайрирасми, фурухтан ва аз даст додани хонаи бобои ва  «хунармандони бе дасту по» навиштаам. Читать далее →

17 октябри соли 2010

    Имруз аксарият аз фаромушхотири шикоят мекунанд.  Лекин ман хаёл мекунам, ки ин  кадом фаромушхотирии гайриодди  аст, ки ба холатхои печида ва зиндагии имрузаи мо вобаста аст. Вагарна ин чи гуна фаромушхотири аст, ки он ка  кинаеро, ки ба нафари дигар дошт, фаромуш накардааст? Фаромушхотири хамон вакт аст, ки кинаву баду нек хама баробар  аз ёд меравад…

Имруз дар мавриди рузи мубориза бо камбагали, Бозор Собир ва Истиклоли кишвари мо, сахву хатои зиндаги ва намоиши онхо дар эфири мустакии ТВ навиштаам. Читать далее →

16 октябри соли 2010

       Чанд руз пештар дар кадом сахифаи Интернет хондам, ки фаромуш кардани зодрузи хамсар дар Самоа барои  мардхо чиноят хисобида мешудааст. Аммо занхои мо хамин гуна одати хуб доранд, ки худашон намегузоранд, ки мард зодрузи уро фаромуш кунад —  бо хар бахона ба ёдаш овардан мегиранд (Мисли он, ки ин рузро хамин сахар боз як бори дигар ба ёди ман оварданд!) Инро дар мавриди рузи солгарди туй хам гуфтан мумкин аст. Як латифа ба ёдам омад:  «Зану мард харду дар чойхоб, кахри ва аз хам ранчида пушт  чониби  хам гуё хобанд. Зан фикр карда истодааст, ки ин мардак медониста бошад, ки пагох  туйи мора 15 сол мешавад, ягон тухфа меоварда бошад, наход фаромуш карда бошад..?»  Мард хам хамин вакт фикр карда истодааст, ки «агар ман ин зани шаттоху бефаросатро хамон шаби аввали хонадори буги карда мекуштам, пагох «срок»-и ман буд мешуду ман ба озоди мебаромадам….»

Аммо имруз дар мавриди кудакфуруши, мавчудияти СССР дар боги «Кули Комсомол», кинои точик ва Рузи кино, дарёфти гизо, фочиахои зиндаги ва накши «таги замин»  дар таъсиррасони ба хаёти мардуми  «болои замин» навиштаам.  Читать далее →