20 сентябри соли 2010

     Имруз боз рузи душанбе аст! Барои касе  огози хафтаи нави кори ва барои каси дигаре огози  хафтаи нави бекори, барои касе боз як хафтаи дарду ранч руи рахти хоб ва барои каси дигар боз як хафтаи гуттавар шудан дар курсии мулоим ва нарми мансаб, барои касе хафтаи хосилгундори ва барои каси дигаре хафтаи хисоби пули фуруши хосил, барои як кас аввалин хафтаи зиндаги ва барои каси дигар охирин хафтаи умр…

Имруз дар мавриди бархамхурии вазоратхо, аввалин ва охирин хамсар ва маъшукахо, лётчик будан ва ё набудани Убайди Зокони, филмхое, ки аввал тамом мешаваду баъд боз идома меёбанд, мучассамаи термос ва мактаби фохишахо навиштаам. Читать далее →

19 сентябри соли 2010

        Ман рузи якшанберо дуст медорам. Барои он, ки ин руз  дар  кучахои рузхои дигар пургалогула ва  хатто дар кучаи лулихо хам ороми хукмфармо мешавад. Махсусан вакти сахар! Ва ман аз хамин фурсат истифода мебарам ва ба куча мебароям.  Он вакт хаёлам, ки дар ин шахр факат  ман ягона  нафари хушбахтам ,  факат ман дар он ороми ва сукут аз шоди ва фарах  бе садо фарёд мезанам, он вакт ман гумон  мекунам, ки ба микдори хамон чанд соате, ки  ману писаронам дар кучахо мегардем, вакт ба умрамон  изофа мешавад… 

Имруз дар мавриди рохи занхо аз руи даст ба гардан, вазифаи асосии шароб, никохи духтараки 11 сола, мачаллаи Вазорати меллиорация ва хочагии об бо номи «Кади чуйбор» ва «ксерокопия»-и пулхо навиштаам. Читать далее →

18 сентябри соли 2010

     Ба андешаи Шумо бо ин суръати пешрафти илму техника ва имконият хар руз зиндагии мо бехтар мешавад ё баракс?  Хис мекунед, ки ба ин савол чавоб додан душвор аст ?  Мо омилхои дигарро ба он вобаста накарда, чавоб ёфта наметавонем. Хатман барои чавоб   «вале»,  «агар» ,  «ба шарте, ки» … ва мисли инхоро хамрох мекунем. Вале агар ба шарте, ки ин мавзуъ шуморо норохат мекунад, ба мавзуи дар поёни ин матлаб буда таваччух кунед. Читать далее →

Гуфтаи ногуфта!

      Дар мактабе, ки ман тахсил карда будам, директори мактаб, чонишини у оид ба кисми таълим ва ду муалим хамсари рус доштанд. Хамчунин аз мансабдорони замони шурави хам, ки дар хамсоягии мо зиндаги мекарданд, онхое,  ки хамсари рус доштанд, кам набуданд. Ин холат дар айёме, ки аз маркази кишвари шурохо кушиш мекарданд, ки 60 %-и  ахолии шахрхои калон намояндагони миллати рус бошанд, ходисаи гайримукаррари набуд. Саргузашти мардхое, ки бо занхо ва духтарони рус хаёти худро пайвастаанд, гуногун  аст. Яке бо хамсараш ба ким кучо куч баст, дигаре баъди вафоти хамсари русаш бо зани точик оиладор шуд ва сеюми холо хам бо хамсари гайриточикаш зиндаги мекунад. Холо, ки ин суханонро менависам, хаёлам банди муйсафеди 76 солаи хамсояам аст, ки дар бистари маризии лоилоч мехобад.  Ва хам пеши чашмам симои хамсари гайриточики у меояд, ки дар балкон бо келини хаммилати худаш  сухбат мекунад… Читать далее →

17 сентябри соли 2010

    Мавзуи истирохат дар ин руз хам пайдо шуд ва ман боз хам хамон гапи кухнаро навиштам, ки  «чи гуна мардуми мо худаш ба  мавзеъхои истирохати ва табобатии ватанаш дастраси надошта, уро мачбур мекунем, ки дар хама чо дар мавриди туризми байналмилали харф занаду вобаста ба чалби сайёхони хоричи андешарони кунад? «  Ба хар сурат, зинда бод, «туризми дохили»-и  Точикистон!  Бигзор рохи Шумо барои аёдати писари дар  «облава» дастгиршуда»-атон то кисми низомии у, рафтан барои хезум ба кухху пушта  (ки мо фурухтани онро дар афсона мешунидем ва мехондем!), давидан барои як «справка» ба сад дару ку ва раставу утоки кори, пиёда гузаштан аз гузаргохи пулакии роххои мошингард, ба нияти шифо аз сад кучаву деха чустани як  дамгару шикастабанд, хулоса, ки як табиби хуб….муборак бошаду бехатар ва нек! Читать далее →

16 сентябри соли 2010

  Мох аз ним мегузарад. Маро хама корам нимкора асту накшахоям парешону амали ношуда… Аз чи бояд сар кард? Аз ки бояд кумак хост? Аз ки бояд гурехт?  Бо ки бояд хамрах шуд? Хазон хушдор медихад, ки умр кутах аст, хушдор медихад, ки аз нуги дарахти баланд хам осон ба зери по омадан мумкин аст…

Имруз дар бораи дорусозон ва бухрони мардум, дар мавриди киммати гушт ва каду, номхои туфону вулкону гирдбод ва вазорати лухтакхо навиштаам. Читать далее →

15 сентябри соли 2010

    Ман аз рафтани рузу моххо ва рафтани умр дар тааччубам. Вокеан хам ба андешаи як марди доное бовар мекунам, ки гуфтааст  «аз хама дахшатовартар ин садои тик-тики соат аст…»   Вокеан хам он дахшатовар аст, аламовар низ хаст. Мехостам, ки як мард хамин гуна зиндаги кунад, ки дар пеши фарзандаш хичолат накашад- хичолат аз бепули,  хичолат аз камтаъсири, аз имконоти махдуд…

Ин дафъа дар мавриди мошинхои точики, «маликаи неругоххо»,  ранги осмони ва хабси бештар аз 150 кас, чойи кабуд ва депутати навиштаам.  Читать далее →

14 сентябри соли 2010

    Мох ва рузхои тамоман рангину зебо фаро расидаанд. Агар ба назар нагирем,ки баъзе рохрубу чорубкашхои шахри мо хазонрезахоро ба оташ мекашанд, агар ба назар нагирем, ки баъзе рохравхо дурудароз руи чорубро намебинанд…ин фасл гуворо ва хостани аст. Хостанитар  аз бахори пуробу тобистони тафсон ва зимистони сафеду сарду торик…

Имруз дар мавриди озмуни зебои ва шартхои он, мавлуди президенти Руссия ва созмони кишвархои хамтакдир ва аз ягон чихат монанд навиштаам. Читать далее →

10 сентябри соли 2010

     Умедвор хастам, ки дар оилаву дар зиндагии Шумо  дар чанд рузи охир ва имруз ороми ва хуши хукмфармо буд. Имруз, ки хануз шукухи тачлили истиклоли кишвар дур нашудааст, боз Ид аст, иди Фитр. Ва ман боз  хам мехохам, ки он ба манзили мову Шумо баракату саъодат биёрад! Аз имруз кушиш кунед, ки  ба сари меъдаи тули як мох ба низом ва тартиб одаткарда  якбора хама намуди гизову нушокаро нарезед…(Инро ба ман як табиб гуфт :))

Аммо ман ин навбат дар бораи танкхои хусуси, хирс ва давандахо, накши дакикахои охирин ва дунёе навиштаам,  ки ба театр монанд аст ! Читать далее →

9 сентябри соли 2010

      Имруз барои ман ва мо рузи одди ва мукаррари нест! Имруз Ватани мо рузи Истиклол дорад, имруз мо тантанаи озоди ва сохибихтиёри дорем! Ин чашн барои мардуми азизи Точикистон муборак бошад! Сарбаланду комёб бошед!Биёед, барои пешрафти ин Ватан хама якчоя ва бо масъулияти баланд талош мекунем, биёед, аз ин пас барои хар чизи чузъи ва ночиз якдигарро танкиду сарзанишу маломат намекунем, биёед, хамватани дар тичорат муваффакамонро ба шикаст ру ба ру намекунем, биёед бегонапараст намешавем, биёед, факат дар мавзуъхои чидди ва мухиму такдирсозу ояндасоз бахс мекунем, биёед, ба кадри мардуми фарзона ва фидоии халку миллат замони дар кайди хаёт буданашон мерасем, биёед, эродгирии хандаоварро ба хамдигар бас мекунем, биёед, Точикистонро машхури чахон мекунем! 

Аммо ин навбат дар мавриди ба рузи мустакилияти давлати мо рост омадани рузи зебои, даргузашти Ахмадшохи Масъуд, нуктаи аз хама сердаромади Вазорати аз хам сердаромади Точикистон, таксими як империя аз чониби писарони император,  аввалину охирин консертхо ва нархи як «букка» навиштаам. Читать далее →

8 сентябри соли 2010

    Чахоршанберо муборак мегуянд. Ман мехостам, ки хар рузи Худо муборак бошад ва бароятон  шодиву саъодат биорад.  Ба назари ман, ки хатто хамон рузе хам муборак аст, ки дар он ношоди ва гам набошад! Холо хамин гуна ба назар мерасад, ки баъзехо шоди ва вокеоти «фарахбахш»-ро барои худашону наздиконашон «месозанд!» Биёед, лоакал, дар мавриди аввал ба хотири тасалло ва омодаги ба рузхои вокеан хам шодиовару гуворову хуш барои худамон лахзахои хубу хотирмонро «месозем».. Чи гуфтед?

Ман имруз дар мавриди рузи савод, хамраъии журналистон ва дарвозахои давлат, ба души Вазорати саноат ва энергетика вогузоштани назорати мачаллаву хафтаномахо, тартиби ба кор кабул кардани котиба дар чамъияти нобиноён, аввалин зан-сафир, аввалин зан кахрамони Иттифоки Шурави, низомномаи мактаби ва мавлуди Далер Назаров навиштаам. Читать далее →

7 сентябри соли 2010

    Хар руз дар атрофи мо ходисахое рух медиханд, ки касро ба хайрат меоранд. Аксарияти онро мо намефахмем.  Вале ман мехостам, ки дар мавриди вобастагихои хаводис бо якдигараш боре фикр кунем. Як вакт нафаре ба ман гуфт, ки аз мавчудияти кадом диско- клубе норохат аст, ки оромиашро халалдор мекунад, каси дигаре пурсида буд, ки ба кучо арз кунам, ки аз дасти мизочони хамон клуб ба чонам расидаам, яки дигаре аз такдири ояндаи духтарони точик нигарон буд… Аммо дируз  субх шунидам, ки хамон чо таркиш рух додааст. Дар шаби Лайлат-ул-кадр рух додани таркиш шуморо ба хайрат намеорад?

Аммо дар ин сахифа ман имруз дар бораи суруди милли, ширкати безебхо дар озмуни зебои, «Интерпол»-и дохили,  почта,  «точикони нав»  ва растанихои чашмдор навиштаам. Читать далее →

Чум Гум Басс!!!

      Ман чанд вакт аст, ки дар бораи хамин мавзуъ фикр мекунам. Ба назари баъзеатон шояд ин тамоман мухим ва зарури набошад, аммо хаёли худам, ки он барои тарбияи насли наврас ва  «ояндагони миллат» чизи хеле мухим аст. Агар он чиз набошад, пас, метавон гуфт, ки зехни кудак ва наврас инкишофи хуб  намеёбад, кобилияти фикр ва хулосабарори дошта наметавонад, эхтимоли даст ба амалхои ношоиса заданаш меафзояд…

Шояд бо хамин як сабаби хеле ночиз сафи наврасони чинояткор ва дар оянда чинояткорони хавфнок зиёд мешаваду хамин гуна- мисли имруз мо гофил мемонем? Шумо дар ин маврид фикр мекунед? Читать далее →

6 сентябри соли 2010

   Рузу шаб хамин гуна бо суръат аз бари мо меравад, ки хатто пай намебарем. Шояд барои он пай намебарем, ки андешаи мо дар хамин рузу шаби сари  зиндаги нест. Андеша факат дар он аст, ки аз кучо чи микдор маблаг ба даст биёяд? Маълум мешавад, ки имруз аксарият на дар андешаи зиндаги, балки дар андешаи зинда мондан ва бештар арзи вучуд кардан аст…

Аммо имруз дар мавриди китобхона, чанчоли унвонхо, мучассамаи И, Сомони, маркази омузиши сокинони махаллахои гуногуи шахр ва набудани як мачалла барои мардхо навиштам. Читать далее →

5 сентябри соли 2010

      Имруз истирохат аст. Шумо чи гуна онро сипари мекунед?  Ман медонам, ки аксарияти мардуми мо барои он ба рухсати мебарояд, ки дар деха лой ва андова кунад ва ё хишти хом бирезад. Сабабаш фахмо аст—сатхи зиндагии мо  баланд нест, имкону шароити истирохат надорем…Ва шояд хохиши истирохату фарогат хам! 

Имруз дар мавриди аввалин саг-ситораи кино (хохиш мекунам ба маънои мачозиаш нафахмед!), худкушии як физик, изхороти телевизионии Елцин ва як идея барои кормандони вазорати маориф навиштам! Читать далее →