Posted on 05.03.2010 by Subhon
Ман имшаб хоб дидам, ки хама мардум ошкоргу ва ростгу шудаанд, хама хато ва гунохи худро икрор шудаву пушаймони хурда аз хамдигар авфу узр хоста истодаанд. «Ман хам ин корро мекунам, ман гунахкортар аз хама хастам, ман аз ин пас факат рохи неки ва ростиву савобро пеш мегирам»-гуфт як нафар. Уро чехрааш ба ёдам намондааст. Хамин гуна хаёл мекунам, ки ончо хама чехраи кариб якхела доштанд! Ман ба харфаш гуш додаму… бедор шудам… Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Бедори, гунахкор, савоб, хоб | 3 комментария »
Posted on 03.03.2010 by Subhon
Бахор омад….Ва сабзаву гулу гиёху долу дарахт оханги бедори дорад. Бедори нишони зинда будан аст. Зиндаги давом мекунад…Ин Бахор ба дунбол гулрезиву накхату тароват дорад. Биё Бахор!!! Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Бахор, сигор, уток | Leave a comment »
Posted on 28.02.2010 by Subhon
Ман як вакте кам-кам ва зиёд содда таронаву шеър (ё дурустараш чизе ба онхо монанд!) менавиштам. Ва агар гуям, ки ба Радио мани инжинерро хамон навиштахо овард, хато намекунам. Онхо хамон вакт хам содда буданд, мисли имруз. Ва хамин шаб баъди кариб 10 соле, ки ман ин гуна чиро нанавишта будам, аз кучое хамин гуна илхом омад. Ва уро озурда накардам… Когазпорае сиёх шуд. ..Гумонам, ки бо пешниходи он содданавиштахо Шуморо хам озурда намекунам. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Рогун, Хисор, депутат, об, рубоёт, хоб | 6 комментариев »
Posted on 27.02.2010 by Subhon
Новобаста ба хама чи, вакте мешунави, ки мучассамаи Дустмуроди Алиро инак маротибаи дуюм аст, мешиканаду валангор мекунанд, вакте фикр мекуни, ки чаро Субхони Саид бо шухрате ки дошту дорад, хатто унвони Хунармади Шоистаро надорад, вакте мебини ки Фарзонаи Хуршед дар айёми чавони бояд ду солро дар махбас гузаронад, вакте ки асрори марги Махмудчону Мукаддасу Наргису Каромати сахнаи точик печидаву муаммо аст, вакте Мусои пахлавону хунарманди точикро мекушанду хатто кори чинои боз намешавад…дили кас сиёх мегардад.. Сип-сиёх!!! Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Сарояндахо, Фарзона, махбас, мусики, суд | 1 Comment »
Posted on 25.02.2010 by Subhon
Дар Хитой бо истифода аз макому мансаб кумак расонидан ба хешу пайвандон манъ карда шуд. Имруз ман дар доираи барномаи сахарии «Субхи Ватан» бо хамин гуна пурсише ба шунавандахо мурочиат кардам, ки «Кадоме аз мансабдорони точикистони аз вазифахои худ бо максади кумаку дастгирии наздиконашон истифода намекунанд ё барои онхо акалан вазифаву мансаби худро камтар истифода мебаранд?» Чанд нафар андешаи худро баён карданд ва ин гуна руйхат пайдо шуд: Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Субхи Ватан, авлод, кумак, мансабдорон, хешу табор | Leave a comment »
Posted on 21.02.2010 by Subhon
Аз соли 2006 Наша Раша- ин лоихаи тахкиромези руси руи кор омаадаст. Онро аз огоз бо хамдастии аъзоёни лоихаи «Комеди клаб» тахия мекунанд. Ва тахминан аз хамон вакт сару садохо аввал паст-паст, баъдтар факат дар миёни мардум ва танхо баъди ин-хеле баъдтар -дар миёни макомоти баландпоя пайдо шуд, ки «онхо дар яке аз сахнахои худ ба тахкири миллати точик машгуланд». Кушишхои то имруз анчомдода, номахо, эътироз ва тахдид ба суд .. барои он гурухи «эчоди» комилан таъсир намекунад. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Наша Раша, каша, миллат, тахкир, хачвнигорони точик. | 3 комментария »
Posted on 19.02.2010 by Subhon
22 феврали соли 1931 дар Сталинобод слёти аввали овозхонхо, навозандахо ва раккосони Точикистон баргузор шуда буд.
Яъне, маълум мешавад, ки хатто соли 1931 дар андешаи муттахидии мардуми эчодкор будаанд ва шояд хамин гуна таваччух боиси пешрафту нумуъи санъати точик гардид. Имруз чи? Шояд дар вохури ва махфилхое, ки Иттифоки композиторону Вазорати фарханг мегузаронад, мардуми эчодкор ширкат мекунад. Вале ин мушаххас аст, ки факат онхое, ки аъзои ин ё он даста, ё иттиходияи эчоди хастанд. Аммо онхое, ки «худру» хастанд, бо онхо бояд чи кор кард? Онхо хам аз МО хастанд-ку?! Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: композитор;, мусики, санъати точик, слёт, шашмаком | Leave a comment »
Posted on 13.02.2010 by Subhon
Мардум хамеша дар интизори навгонианд. Хар чизи навро бо харорат кабул мекунанд. Хатто замоне, ки аслан он чизи нав он кадар нав ва арзандаи хамон гуна эхтирому таваччух набошад хам. Муаллифони кариб хама навгони ва тагирот комёб шудаанд ва натичаи хубро ба даст овардаанд. Бубинед, ки як харфи гайриодди, як амали гайриодди, як тагироте, ки тули чандин солхо набуд, чи кадар ба мардум таъсир мерасонад. Ман ба чараёни таблигу вохурихои пешазинтихобии намояндахо таваччух карда истодаам. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Дуо, депутат, интихобот, таргиб | Leave a comment »
Posted on 11.02.2010 by Subhon
Чанд руз пештар президенти Венесуэла иброз дошт, ки барномаи нави бе вакту соатеро бо номи «Ногахон бо Чавес» барои шунавандахои Радио пешниход хохад кард. Яъне, он барнома метавонад, дар дилхох вакти шаб ва руз пахш шавад. У гуфтааст, ки «харфи гуфтани ва мавзуъхо барои сухбат зиёданд». Чанд вакт кабл ин президент дар барномаи дигараш — «Ало, президент» бештар аз 8 соат бо мардум сухбат карда буд. Бе танаффус. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Радио, ТВ, мансабдор, сухбат. | 1 Comment »
Posted on 06.02.2010 by Subhon
Ман баъди хатми мактаби миёна як сол ба мактаби олие дохил нашуда, кор кардаам. Дар мавсими нави дохилшави ман ба хулосаи омадам, ки ба Академияи Милиса дохил шавам. Зеро таёрихои маро барои дохилшави ба факултаи хукукшиноси бисёрихо бефоида мегуфтанд. Ва ман бовар кардам, ки (шояд) ба он факулта ман дохил шуда натавонам. Омадам ба Душанбе. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: иди милиса., милиса, нозири минтакави, тартибот | Leave a comment »
Posted on 02.02.2010 by Subhon
Имрузхо омодаги ба интихоботи парлумони огоз шудаву идома дорад. Дар деворхои магозаву… нуктахои телефон акси баъзехоро хам мебинем. Мардум кам-кам дар бораи интихобот ва номзадхо гап мезананд. Масалан, мегуянд, ки барои чи баъзехо боз маротибаи дуюму чандум депутат шудани хастанд: барои амали сохтани ягон накшаи бузурги ин давр огозкардаашон ба манфиати мардум ё барои он ки «чои хуб» будаст? Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: интихобот, парлумон, чавонон | 2 комментария »
Posted on 26.01.2010 by Subhon
Онхо хар шом, тахминан соати 20 ба чои корашон меоянд. Бале, онхо шабона кор мекунанд. Рузона ба чи кор машгуланд, намедонам. Ба гумонам, ки хобанд. Марду зане, ки ин шуглро ихтиёр кардаанд, хеле вафодор ба он ба назар мерасанд. Зеро ман шояд наметавонистам, ки хар руз аз соати 20-21 то кариби субх дар коргох бошам. Гузашта аз ин, онхо бояд дар коргох ором нанишинанд, бояд харакат кунанд, онхо раккос ва раккоса хастанд. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Бедори, Ресторан, раккоса, хоб | 5 комментариев »
Posted on 18.01.2010 by Subhon
Факат падаре метавонад, ба фарзандаш мухабати Ватанро талкин кунад, ки ин гуна мухаббат дар вучуди худаш аланга дорад.
Монтескье
Ман имруз аз хар вакти дигар дида, ба сухбату амалу харакатхои мардум бештару амиктар зехн мемонам. Мукоиса мекунам, ки кадом гурух дар гуфтору рафтор дигар шудаанд, тагир хурдаанд ва ё бетагир хастанд. Ва диккати маро як чизи мухиме чалб мекунад. Чаро онхое ки дар ин Ватан зиндаги мекунанд, ба воя расидаанд, тахсил кардаанд, холо вазифахои хуб хам доранд (яъне чои корашон бад нест), бадгу ва баднигох хастанд? Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Точикистон, ватандусти, касам, мерос | 1 Comment »
Posted on 16.01.2010 by Subhon
Онхоро имруз дар кучахои шахр дидан мумкин аст, ки бе назорат мегарданд. Шумораи онхо кам нест. Хамаашон сокини Душанбе набошанд хам, Душанберо имруз макони «сайру гашт» карор додаанд. Ки кафолат медихад, ки онхо касеро наметарсонанд ва ё мавриди хамла карор намедиханд ё захми намекунанд? Ман ходисаеро медонам, ки як чунин зан ба хамсояи худ бо корд дарафтида буд. Бе гунох… (У дар беморхона ба халокат расид!) Мо ин навбат дар бораи беморони рухи ва нафароне, ки иллатхои равони доранд, сухбат хохем кард. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Беморони рухи, асабоният, девона | Leave a comment »
Posted on 14.01.2010 by Subhon
Як вакт дар кадом сахифаи Интернет хонда будам, ки як устои итолиёии ороишгари муи сар дар дуконаш навиштааст, ки «дар инчо дар мавзуъхои сиёсату чангу чанчолу гапу хабари росту дуруг ва овозахо сухбат кардан манъ аст!» Читать далее →
Filed under: Uncategorized | 2 комментария »