Posted on 20.04.2010 by Subhon
Ман аввалтар аз хама голибони озмуни «Мактаби сол-2009» , «Кӯдакистони сол -2009», «Директории сол-2009», «Мудири кӯдакистони сол-2009», «Муаллими сол-2009», «Мураббии сол-2009» ва «Синфи беҳтарини сол -2009» -ро дар пойтахт самимона табрик мегуям! Аммо баъд… Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Душанбе, Интернет, богча, дарси иловаги, детсад, директори мактаб, мактаб, озмун, пул, пулчамъкуни, равоншинос, хато | 2 комментария »
Posted on 17.04.2010 by Subhon
Як бачча меофарад…
Меофарад! Шакли нав, нигохи нав ва колаби навро. Он бачча дар он шаклу нигоху колаб тозагиро чо мекунад, ки бо нигох ба он чашм об мехурад ва робитае ноаён сурат мегирад. Ва он пайванд хар лахза шуморо суи шакли наве тела медихад… Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Орзу Исоев, Сафина, бачча, журналист, китоб, шеър, шоир | Leave a comment »
Posted on 17.04.2010 by Subhon
Дунё баъди марги Президенти Польша, хамсари у ва хайати баландмакоми он чанд руз дар мавриди таёрахо ва хаводиси вобаста ба он сухбат мекард. Чанд руз пештар боз харгуше ба таёраи як хайати воломакоми итолиёи бармехурад ва хатто хавф то дарачае буд, ки он хайатро ба таёраи дигар менишонанд. Хама дар мавриди президентони худ ва таёрахои онхо фикр мекарду тахмин мезад ва чизе мегуфт. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: абр, осмон, парвоз, садамахо, самолёт, санчиш, стюардесса, тайёрахо, фурудгох, хаво, хакикат | Leave a comment »
Posted on 11.04.2010 by Subhon
Як дустам гуфт, ки бародараш дар ким кадом ширкате ба тоза кардани раками мухлати истифода дар куттихои ширини машгул будааст. Кадом вакте. Фикр мекунед, ки холо он ширкат ин корро бас кардааст? НЕ!! У он вакт тавсия дод, ки агар барои худат ва кудаконат ширини мехари, бубин, ки мухлати истифодааш дар шакли мухр (бо ранг) неву бо хаккоки дар он махсулот навишта шуда бошад. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Файзобод, дуруг, маъдани, мухлати истифода, нишаст, оби газдор, самимият, семинар, симхор, таъриф., фахр, ширини | 1 Comment »
Posted on 10.04.2010 by Subhon
Баъди он, ки дар Интернет дар мавриди аз манзилхои худ берун шудани бештар аз 50 нафар сокинони яке аз хобгоххои пойтахт навиштанд, инак мехонам, ки ду нафар факат дируз даст ба худкуши задаанд-яке дар нохияи Рудаки дигаре дар вилояти Сугд. Аз огози сол то хамин руз тибки иттилои расми дар Точикистон 95 нафар даст ба худкуши задаст. Дируз дар деха яке аз пайвандони мо мегуфт, ки мардум барои сохиби замин шудан, ба хамон чое рафтанд, ки акнун хукуматдорон мехостанд ба таксимот шуруъ кунанд. Ва дигар он корро давом надода хама «пароканда» мешаванд. Маро факат мардуми аз макомоти дахлдор норози ба ташвиш меоранд. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: адолат., замин, кухсор, навбат, норозихо, раис, хобгох, хона, худкуши | Leave a comment »
Posted on 28.03.2010 by Subhon
World Theatre Day. Рузи 27 март дар тамоми дунё хамин гуна руз тачлил мешавад, яъне рузи чахонии театр! Он дар хама чо зери шиори «Театр чун воситаи хамдигарфахми ва устувории сулх миёни мардумон» кайд карда мешавад. Ин руз бо ибтикори ширкаткунандагони конгресси IX Институти байналмилалии театр дар назди Юнеско соли 1961 тасдик шудааст. Ин сана хамчунин чун иди касбии хамаи онхое, ки дар театр кор мекунанд, дониста мешавад. Чанд руз пештар дар барномаи сахарии ман нафаре савол медихад, ки «хамин театри опера ва балет дар кучо аст?». Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Телевизион, актёр, байналмилали, коргардон, либос, сахна, тамошобин, театр | 2 комментария »
Posted on 26.03.2010 by Subhon
Ба онхое бахшида мешавад, ки баъди чил асри дар чангал зистан хам шикорчи намешаванд!!!
Хамон соле, ки чангалбони пир ба шароб дода шуду чангалро дузду горатгару кочокчи оташ зад, зеботарину хушрутарин паррандагони ин чангал парида рафтанд. Оташи он чангалро ду се каси дилсузу хирадманд хомуш кард. Ба бахти паррандаву чаррандахои бокимонда хамон сол хатто дар тобистон хам борон борид. Рузе набуд, ки борон наборад. Борон хам барои хомуш шудани оташ фоида кард. Аз хонаи мо то он чангал рохи дур нест. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: биби, борон, буй, дарахт, оташ, хокистар, худхуд, чангал | Leave a comment »
Posted on 25.03.2010 by Subhon
Ин киссаро ман 11 сол кабл навишта будам. Он вокеи набуда, факат махсули хаёли ман аст. Он вакт дар Радиои Точикистон коромуз будам. Барои навиштани сенарияи барномахо аз ончо варакхои зардча мегирифтем. Намедонам, ки ин хаёл аз кучо пайдо шуд, ки гуна ба навиштани он сар кардам… Дар миёни хама чизе, ки кадом вакте навишта будам, ин гуна навишта факат як то аст. Ва хамон авроки зард холо хам чун ёдгор аз як давраи хуби хаёту кори ман махфуз аст! Соли 2011 аз руи хамин кисса ва бо маблаггузории ТВС коргардон Мухаммадрабии Исмоил филми бадеиеро бо номи «Эхзон» ба навор гирифт ва шоми 8 марти соли 2012 бори аввал аз хамин шабакаи телевизиони намоиш дода шуд!
Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Мурод, вафо, ишк, кисса, мардонаги, мухаббат, номудори, хикоя | 3 комментария »
Posted on 23.03.2010 by Subhon
Фардо Рузи байналмилалии мубориза бо бемории сил аст. Ин хафта дар газетае хондам, ки дар 10 сол дар як хонавода аз чануби Точикистон 11 нафар ба халокат расидааст. Аз хамин бемори! Ва хам хондам, ки як масъули вазорати тандурусти гуфтааст, ки бигзор дар газетахо хангома накунем. Пули зиёди худиву бегона бошад меравад, гуё барои мубориза меравад….
Муборизаро ёд нагирифтем!
Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: бахс, дастгири, мубориза., реклама, сил, сир, точики, хисоб, хомуши, ёд гирифтан | 2 комментария »
Posted on 22.03.2010 by Subhon
Дар сомонаи сентразия кисми якуми навиштаеро бо номи «Узбекистан: вызовы, угрозы, проблемы и решения» хондам. Баъди мутолиа чанд андешаи ман бадохатан як шакли ба рубоихои мардуми монандро гирифт, ки бо овардани порахо аз он мавод ин андешахоро хам меорам. Ку Шумо бубинед ва бихонед, ки чи пайдо шудааст?! Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Рогун, нанг, об, точик, хамсоя | 7 комментариев »
Posted on 18.03.2010 by Subhon
Сохтакори худ аз худ пайдо намешавад. Мардум хаёлам, ки ин корро меомузанд. Баъзехоро холат ё вазъият мачбур мекунад, ки сохтакори кунанд, баъзехо вокеиятро дар сохтакори мебинанд ва баъзехо сохтакориро барои берун шудан аз кадом холате истифода мебаранд. Ин то чое ба як халка табдил ёфтааст-шумо худро ба холати дигар ворид кардани мешавед, харчанд шояд намедонед, ки хамин эхсосхои сохтаи шумо сири шуморо барои атрофиён фош мекунад ва чехраи аслии шуморо чилва медихад. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: Радио ва ТВ, вокеият, косметика, одат, сохтакори, табии | 1 Comment »
Posted on 15.03.2010 by Subhon
Боре ба назди Моцарти 7 сола дар Франкфурт баъди хунарнамоияш писарбачаи тахминан 14 солае меояд ва мегуяд:
-Ту навозандаи хеле хуб хасти. Ман гумонам асло мисли Ту навохтанро ёд намегирам.
-Ин хеле осон аст ку!-мегуяд Моцарт. «Ту ягон бор дар навиштани охангхои ба сарат омада бо нота худро насанчидаи?»
-НЕ, мегуяд он писари 14 сола. «Ба сари ман факат шеър меояд»
-Ин нагз ку, мегуяд Моцарти 7 сола. Навиштани шеър душвор будагист-а»- боз мепурсад у
-НЕ, тамоман душвор нест, ту як бор худатро бисанч-да..
Хамсухбати Моцарт ГЁТЕ и чавон буд! Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: байналмиллали., билет, консертхо, овозхонхо, пул, толор, фонограмма, хукуки истеъмолкунадахо, эълон | 5 комментариев »
Posted on 13.03.2010 by Subhon
Дар охирин чаласаи Шурои Мачлиси Милли зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муқаррар гардид, ки минбаъд матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда шуда, лоиҳаи санади меъёри ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор бо забони давлатӣ пешниҳод карда мешавад. Ин дархол боиси дар матбуоти руси-хам рузномаву хам сахифахои интернети- пайдо шудани як навъ «нигарони» шуд. Ачоиб ба назари ман хамин чиз аст, ки вакти дар Точикистон кушода шудани Донишгоху мактабу филиали макотиби олии руси он мардум хомушанд, намегуянд, ки «ин Точикиситон аст, ки барои хамин гуна муассисот ичозат дода истодааст, ташаккур». Дар кишвари дигар, масалан хамон Украина, ки то чое бо русхо решапайванди хам доранд ва ё Гурчистону Эстонияву Латвия ва Литва оё метавонанд, ки хамин гуна шумораи зиёди макотибу марказхои русиро фаъол кунанд? Онхо хам як замоне «узви хамон оилаи калони СССР» буданд ку?! НЕ! Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: забони точики, конуни забон, корвон, миллат, мухочирон, руси | 1 Comment »
Posted on 06.03.2010 by Subhon
Дахсолаи то соли 2020-ро СММ «Дахсолаи амалиёт барои бехатарии харакат дар роххо» эълон кардааст. Ин пешниходи Руссия буд. Он чо барои мисол, дар соли гузашта — 203 603 садамаи наклиёти рух додааст, ки дар натичаи он 26084 нафар ба халокат расида, 257034 нафар чарохат бардоштааст.Дар Точикистон хам хамасола садамахои наклиётии зиёд рух медихад. Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: 2020, Душанбе, Рох, кух, мусофирон, наклиёт, садама | 1 Comment »
Posted on 05.03.2010 by Subhon
Инсон офаридаи хеле мураккабест. У метавонад дар як нафас дигар шавад ва хам метавонад, ки як умр хамон гуна, ки хаст бимонад. Баъди хар вокуниш дар чомеа ва хар ходиса, ки ба шуури мардум таъсир мерасонад, маро факат як андеша азият медихад: Бовари чи мешавад? Ин шахс ё ин гурух дигар барои манфиати Ватан кор мекунад? Наход боз як ё якчанд кас ба гурухе шомил шуд, ки онхо хамаро бад мебинанд? Читать далее →
Filed under: Uncategorized | Tagged: бадбини, модель, худи | 1 Comment »