Welcome to Tajikistan!

    Масъалаи чалби сайёххони хоричи, новобаста ба имконоти махдуди бештар аз 130 ширкати сайёхии мо, холо дар ВАО- махсусан дар ТВ зиёд барраси мешавад. Чанд руз аст, ки Интернет пури хабари дар Точикистон ба мушкили гирифтор шудани чанд кухнаварди укроини аст. Ва чанд руз аст, ки ман бештар дар ин маврид фикр мекунам, ки мабодо хамин гуна ходисахо мавкеъ ва эътибори кишвари моро, ки бехтарин чойхои тамошо дорад, пастар кунад? Читать далее →

ТУЙе, ки метавонад МУБОРАК нашавад!

     Бо мустакил шудани Точикистон рафтуои мардуми манотик ва кишвархои дигар ба чумхурии мо бештар шуд. Акнун шахрвандони хоричи на факат бо максади дидори расми, балки барои зистан ва фаъолияти дуру дароз ба кишвари мо меоянд. Солхои аввали мустакилият эхтимол касе фикр хам намекард, ки як зани точик метавониста бошад, ки бо марди сияхпуст ва ё хитоие оиладор шавад ва дар як болин сар монад. Аммо холо мебинем, ки ин гуна никоххо ва «ба хам омаданхо» кариб ки як чизи мукаррари аст. Ва ман дар чандин хамин гуна туйхо рови хам будам. Мардхои точик хам кам нестанд, ки хамсарони хоричи доранд, аммо аз руи хислату хулки мардхо бошад, ки мо инро хуб кабул мекунем. Дурустараш, ба мо ин чиз сахт намерасад! (Яъне, агар ман зани афгон ва ё рус бигирам, маро он кадар бад намебинанад, ки духтари шавхари хитои ё рус кардаро бад мебинанд) Аммо аксарияти мардхо хангоми дидани манзараи туи як шахрванди хоричи бо зан ё духтари точик хатто ба газаб хам меоянд. Ин оё вокеан хам боиси ташвиш ва ояндасуз аст? Читать далее →

Рекламная пауза!

Реклама дар хар намуде ки бошад, барои пешрафти тичорат ва шинохта шудан мусоидат мекунад. Дар ин самт донандагони реклама, ки онро илм хам ном мебаранд, кушиш мекунанд, ки факат аз аксу садои мардуми шинохта истифода баранд.  Имрузхо тахтахои рекламаро хатто дар дурдасттарин деха хам дидан мумкин аст. Дируз хангоми гузаштан аз назди  чунин як  тахтаи калони реклама бо акси Роналдо, андешае ба сарам омад, ки  «чаро  ба чои ким кихо, ки на ба хама ошно хастанд, шахсиятхои шинохтаи мо дар ин гуна тахтахои калони таргиботи набошанд?»  Вокеан хам, чаро? Читать далее →

Нагузаргох!!!

        Дируз баъди зухр ман хангоми ба кор омаданам миёни рохи калон-дар руи гузаргохи руизамини чанд дона мева ва сабзавотро дидам. Ин дар хиёбони Сино, ру ба руи маркази кудаконаи «Лимпопо», каме поёнтар аз Саристгохи автобусхо (автовокзал) буд. Ронандаи таксие, ки аз он тараф меомад, гуфт, ки «як мардака мошин зад. Вай ба фикрам, ки устоди ракс буд. Караболо бурдануш..!» Ман ханузам намедонам, ки у ки буд. Ному насабаш шояд акнун мухим набошад, зеро у як инсон аст, ки дар руи гузаргохи худаш уро мошин пахш кардааст!  Фардо шояд ман (ки мисли он нафар коидахои харакати рохро вайрон накарда, бештари маврид аз хамон гузаргохи руизамини рохро убур мекунам)  дар хамин холат карор мегирам. Хайрон мешавам…. Читать далее →

Афсонаи як кудак!

  Ин афсона мисли афсонахои дигар бо  «Буд набуд..» сар намешавад. Ин афсона бо тарзи дигар огоз мешавад:

—  Буд ва хаст кудаке!  Ин кудак буд ва хасту бояд монад! Бобову бибии он кудак аз шахсиятхои бузург буданд.  Ачдодони донишманду тавоно дошт он кудак! Он кудакро, мисли хама кудакони дигар, наздиконаш дуст медоштанд. Хамсояхо уро бад намедиданд, вале дуст хам намедоштанд! Хамин буд огози афсонаи як кудак! Ва ман мисли хар афсонаи дигари ин сахифа, аз хар гушаи ачоиби зиндагонии он кудак менависам. Зеро маълум аст, ки аз хар афсона ба ёд факат хамин гуна лахзахои шавковар боки мемонад. Мисли он, ки аз нашрхои хабарии ТВ-хои мо ба ёд хамон симои телевизиони ва нигоххои масткунандаи духтарони натток мемонаду халос…. Читать далее →

Охири рох ва мох. Охири маош!

         Нарххо имрузу хар руз боло мераванд.(Баъди бандшавии каторахои сузишвори ва маводи дигар, баъди селу жола ва таъсири бади он ба кори дехкон дигар ба ин чиз шубха нест!) Ман ва хамкасбони ман ба гурухи мардуме ворид хастем, ки нисбат ба ин зухуроти аксар вакт сунъи сохташуда, бетафовут буда наметавонем. Дурустараш болоравии нарх ва кариб нонамоён шудани маош мардуми ин гурухро, ки аксариятро ташкил мекунанд, ба ташвиш меорад. Коидахои бозори бо коидахои нонавиштаи мардуми савдогар ва онхое, ки ин хама чараёнро дар бозорхо «назорат»  мекунанд, омехта гашта, бори вазнинро факат ба души онхое бор мекунад, ки хар мох мунтазири маош хастанд ва дигар манбаи иловагии даромад надоранд. Албатта хукуматдорону рохбарон гунахкор нестанд, ки мардум манбаи иловагии дарёфти маблаг дошта наметавонад ва ё надорад, аммо факат хаминро шиор кардан хам дуруст нест! Зеро бештари корхое, ки аслан бояд барои мардум анчом дода шавад, он хам дар сатхи зарури  анчом намеёбад. Бигирем хамон сифати махсулоти хурокаро! Читать далее →

«Ман худододам…»

Кудаки  

Зохир Нуралиевич  Бобоев- Мураббии Шоистаи Точикистон, Сармураббии тими мунтахаби чавонони то 17 солаи кишвар- дар шахри Душанбе, дар кучаи ШАФАК таваллуд шудааст. Харчанд, ки баъзехо гумон мекунанд, ки у зодаи нохияи Хамадони ва  ё Фархор аст, баъзехо хаёл мекунанд, ки аз Кургонтеппа аст, мардуми дустдори футбол дар нохияи Рудакиву Шахринаву Шахритус гумон мекунад, ки у хамшахрии онхост. Хатто баъзан хаёл мекунанд, ки аз Бадахшон аст…У аз он, ки хеле масъулиятшиносу ватандусту дидадарост, хама дар симояш нафари наздику азизро мебинанд. Ва вокеан хам у фарзанди ТОЧИКИСТОН аст… Читать далее →

Гап байни худамон!

        Як вакт дар маълумотномаи Асосиатсияи давлатии бехатари дар роххои Амрико омада буд, ки дар 10 сол- аз соли 1998 то 2008- шумораи занхое, ки мошинро дар холати масти идора карда, ба даст афтидаанд ва чазо дода шудаанд, 20% зиёд шудааст. Ин дар холе буд, ки дар хамин фосила шумораи мардхои бадмасту ронанда 7% кам шуда буд. Он вакт хатто коршиносони хамин самт хам дар тахлилу баррасии ин мавзуъ ва гуфтани сабаби ин холат душвори кашида буданд. Имруз дар Точикистон занхои мошинсавор кам нестанд, балки сафи онхо хар руз зиёд мешавад. Ин хуб аст! Хафтаи гузашта хабар ёфтам, ки аллакай кормандони бозрасии автомобили занхои точикро хам, ки  хангоми идораи мошин масту махмур буданд, ба кайд гирифта истодаанд. Оп-па!

Читать далее →

Афсонаи як оила!

    Буд набуд, як оила буд!  Он оила мисли оилаи дигарон  на буд ва на набуд! Чи гуна буд?

  • …шабе мард масту мондаву  «чафидашуда» ба хона омад. Занаш пурсид, ки  «пирхар, дар кучо буди?»  У ба  чашмони вай нигох карду бори аввал хамин гуна самимона гуфт, ки  «занакчон, аку имруз худут ягон бахона придумать кун….?!» Читать далее →

Такрор модари дониш аст ё аз биниш?

      Телевизион якбора бо чанд максад хизмат мекунад. Шахс дар назди он нишаста чанд эхсосро  дармеёбад. Тамошои хар гуна барномахои чолиб аз  «он кутти»  барои инкишофи чанд чизи дигар низ  замина мегузорад.   Читать далее →

Барои гушхо!

    Агар ман хато накунам,  баъди мустакилият аз аввалин ширкатхое, ки ба даъват кардани сарояндахои хоричи ба Точикистон сар кард, Ширкати ТВ ва Радиои «Ватан»  ва ширкати «Шмах-1» буд.  Он вакт Ингрид (ки дар 6 соли кории ман дар Радиои «Ватан»  касе ягон таронаи уро дархост накардааст!) толори Кохи Борбадро пур карда буд. Хамон вактхо пушти хам Юлдуз Усмонова, Насиба Абдуллоева, Фируза Чумъаниёзова, Катя Лель, Саттор, Анди ва боз чандеи дигар ба Точикистон даъват шуданд. Сабаби кабули хуби онхо  хамин буд, ки ин тачрибаи аввал буд. Барои мардум он дидорхо шавковар ва ачоиб буд.  Аммо холо мебинем, ки хар руз як «ситора» ба боми Кохи Борбад фуру меояд. Ин хуб аст ё бад? Читать далее →

Рузе, ки буи алам дорад…

    Имсол Рузи Радио ва хам солгарди мавлуди Радиои «Ватан» бо марги бехтарин овозхон -Зулфикори Азиз рост омад.  Зулфикоре, ки бо садову бо таронаву охангаш аз рузи аввали овозхон шуданаш эфири радиоро рангину барномахои онро хостани мекард, дар арафаи Рузи Радио аз олам рафт… Читать далее →

Афсонаи марди мехнаткаш!

      Ин афсонаро ба ман на модаркалонам накл кардааст ва на бобокалонаму бобоям. Ин афсона дар китобхои афсона низ нест. Ин афсонаро ман навакак фикр кардам!

      Буд -набуд як марди мехнаткаш буд. Зиёд хурок хурдан мехост. Ва аз тез-тез кушодаву  пушидани дари яхдонаш кариб ки хар руз лампочкаи он месухт… Читать далее →

Нигох аз толор!

     Чанд руз пештар (29 апрел) Рузи байналмилалии Ракс буд. Барои ман дубора шавковар шуд, ки ин сана ба  рузи таваллуди як марди фаронсавии раккос -Жан Новер (1727) вобаста будааст. Як зани раккос не, як мард! Ва ман баъди ин  дар мавриди ракси мардона боз амиктар фикр кардам.  Маълум аст, ки  на факат точикон ракси мардона доштаанд,  аксари миллату халкиятхои дунё ракси ба худашон хоси мардона доштаанд ва холо хам доранд! Ман албатта  пеш аз хама аз мардхои раккоси точик узр мепурсам, вале мехохам пурсам, ки барои чи ракси мардони мо баъди хама гуна талошу кушишхо хам кариб ки хамон ракси занона аст? Ё ин хамин гуна ба назари ман метобад? Читать далее →

Замзама!

       Чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли дар огоз вокеан хам лахзаи хеле хотирмон дошт. Ё ман кам ТВ тамошо мекунам ва ё вокеан хам ин бори аввал буд, ки  аксари намояндахои мардуми ва аъзоёни хукумат Суруди Миллиро замзама мекарданд. Ё оператор-наворбардори ТВ бомахоарт буд ва ё шояд ин гуна эхсос аз он буд, ки имсол ин макоми баланди конунбарори кишвари мо 15 сола мешавад. Хар гунае, ки набошад, кормандони ТВ нишон доданд, ки намояндагони хукумат ва намояндахои мардум зери лаб суруди миллиро замзама мекунанд. Читать далее →