Қиёми ҳунар. Қиёмиддин Чақалзода 75 сола шуд!

Ба дунё омадану рафтан ҳунар нест, ҳунар он аст, ки бо хирадмандиву хоксорӣ, эҷодкориву накукорӣ, меҳнати шоиставу арзанда дар дилу дидаи мардум ҷо бигирию номи наку ба ёдгор гузорӣ. Хуш ба ҳоли касоне, ки ин маромро дар зиндагӣ шиори хеш намуда месӯзанду месозанд.

Қаҳрамони мо аз зумраи онҳоест, ки худро фидои саҳна намудаасту қурбони ҳунар. Ва ана ҳамин кору пайкораш ӯро азизи дилу дидаҳо гардонидааст. Шунидани номаш ба дидаҳо нур, ба дил сурур мебахшад, ба ростии рост, ғамро бадар сохта, кайфияти ҳоли касро боло мебардорад. Ӯ ба синни мубораки 75-солагӣ қадам гузошта бошад ҳам, то ҳол заҳмат мекашад. Ӯро гоҳ дар саҳна, гоҳ миёни боғ, гоҳ машғул бо занбӯри асал мебинӣ. Ва гоҳе мебинӣ, бо дутор гӯрғӯлӣ месарояду бо хоҳиши ҳамсуҳбатон ҳаҷву мутоиба мегӯяд. Ҳамаи инро ба мушоҳида гирифта, кас ба неру, ҳавсала, ғайрату ҷасораташ, таҳсину офарин мехонад.

Ӯ кист, ки дар қалам баҳояш монда намешавад? Читать далее →

Сад ҷони ширин барои як оча кам аст…..

Тазод (6)

Ин назар, яъне он чизе, ки ман гуфтанӣ ва навиштанӣ будам,  ҳамагӣ бояд ду ҷумла мешуд ва ҳамин гуна ҳам ҳоҳад буд. Ба фарқ аз маводи дигари ҳамин силсила он ду ҷумла дар қисмати ниҳоии ин навишта оварда ҳоҳад шуд. Вале дар ин миён як чанд ҷумлаи дигарро ҳам биҳонед….

Каронавирус ҳамаи самтҳои пешбари ҷомеаи ҷаҳониро қариб ки фалаҷ қард. Ҳазор кас ҷойи кории худро аз даст доду медиҳад, ҳазор коргоҳ иқтидори истеҳсолии худро гум кард, ҳазорон нақшаҳо амалӣ ношуда монданд. Ба назар мерасад, қи дар ин мубориза ҳар ду гурӯҳи мардум ва қишварҳо бохтанду азоб кашиданд — ҳам онҳое, ки омода буданду интизор буданду тайёр шуда буданд ва ҳам онҳое, ки аслан омодагӣ надиданду боварӣ надоштанду ин ваборо он қадар ҷиддӣ нагирифтанд. Ба ҳайси ҷуброн кишварҳо як қатор чораҳоро меандешанд, ки дарди мардумро комилан аз миён набарад ҳам,  лоақал сабук мекунад. Намунаи онро дар поин хоҳем овард… Читать далее →

Бо баҳонаи рӯзи Ғалаба

Ман шояд 13 ё 14 сола будам, ки бобоям (падари модарам) вафот кардааст. Ӯро ман бо асо ба ёд дорам. Баъди беморӣ, ки ба дасту пояш асар карда буд, роҳгардии мушкил дошт ва аз асо истифода мекард. Ҳануз ҳам намедонам, ки чаро ӯ ба хонаи мо, ки аз хонааш ҳамагӣ 150 метр дуртар буд, ками кам меомад. Медонам, ки баъди ҷанг бо бибиям оиладор шудаанд, яъне, вақте ки аллакай ҷавони баркамол буд ва аз майдони ҷанг баргашта буд. Замони хурдсолии ман бобоям дар идораи кадом хазинаи амонатгузорӣ дар Дарагиён посбон будааст. Ҳамкоронаш, ки ҳоло ҳастанд, баъзан аз ҳамон рӯзгор чизе нақл мекунанд. Бибиам ҳам як вақт дар он хазинаи амонатгузорӣ фаррош будааст. Читать далее →

Биё, оча….

Бахшида ба 90 солагии Радиои «Тоҷикистон» (Нимшухиву нимҷиддӣ)

Буд набуд радиё буд,

Даргоҳи бе риё буд,

Ҷойи нуру зиё буд,

Гар намебуд радио,

Ма чум дар куҷо будум…

 

Роҳравошай қолинпуш,

Дили ҳама дар хуруш,

Кай созамат фаромуш?

Гар намебуд радио,

Ма чум дар куҷо будум…

Читать далее →

Тазод (5)

Чунин ба назар мерасад, ки мардуми мо (ва тавре ки мушоҳида мешавад, аксарияти мардуми дунё) шояд аз рӯйи хусусиятҳои ирсӣ, донишу таҷрибаи нокофӣ, саводи сатҳи поин, бефарқӣ  ва нафсе, ки доранд, интизор мешаванд, ки кадом рӯйдод, ҳодиса, тағирот, амалу ҳолат ва коре сабаб шаваду онҳо ҳатто дар заминаи хушку холӣ ҳам ба воҳима ва ҳангома роҳ кушоянду манфиати бештаре аз кору фаъолияти худ бардоранд. Дар чанд соли охир ин мардуми бо як азоб соҳиби чор танга шударо гуштфуруш ҳам фиребу ҷабр карду шафтолуфурӯш ҳаму орду равғанфурӯш ҳам. Маълум мешавад, ки дар ҳошияи таҳаввулоти ҷомеъа ва рӯйдоди мухталиф агар ҳар ду ҷониб (ҳам фурушанда ва ҳам харидор!) сатҳи донишу дарку фаҳмиши аз рӯйи меъёрҳои муосир пасту дар қиёс бо ҳамдигарашон баробар дошта бошанд,  вазъ ба маротиб печидаву душвортар мешудааст. Яъне, агар як ҷониб (харидор!) фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ ва дониши кофии молиявӣ ва иқтисодӣ медошт ва молу маҳсулоти ҷониби дигар (фурушанда!) –ро барои сунъи боло бурдани нархи онҳо,  камчину камёфт кардани маҳсулоти ниёзи аввалия ба қавле бойкот мекард, вазъ ба дараҷае, ки имрӯз мушоҳида мешавад, намерасид.  Читать далее →

Тазод (4)

«Зукоми одди хам на камтар аз каронавирус хавф дорад. Бояд онхоеро, ки хангомаву вохимаро ба миён меоранд, чазо дод. Хангома насозед ва хама чиро нахаред. Бояд ором кору зиндаги кард». Профессор Рошаль аз ФР.

         Ва инак хамон мардумеро, ки як вакт бо кадом овозаи дуруги заминларза ба берун кашидаву то субх дар кучаву даруни мошинхо нигох дошта буданд, боз бо як хангомаи дигари беасос, ки мушаххас аст, ки аз пештар омодакардашудаву хуб тахияшуда аст, фиреб доданд. Мардум халта-халта орду даххо литр равган мехаранд. Вале маро чизи дигаре хайрон мекунад ва дурусттараш чанд саволи бечавоби дигар азият медихад:
— Мардум, ки ба Шумо гуфт, ки карона-вирус ба онхое, ки дар хона 10 халта орду 100 литр равган дорад, кордор намешудасту намечаспидааст? Ягон кас кафолат дод инро?

Читать далее →

Тазод (3)

Ҳамааш аз як хабар сар шуд, ки Тоҷикистон дар соле, ки рафт, ба хориҷи кишвар 1,5 миллион тонна семент содир кардааст. Ин хабар ҳамон фикри куҳнаро боз ба  сарам овард, ки «чаро  сементи кофӣ дошта бошем, арматураву обу сангу хоку қуму шағал аз худамон бошаду нархи хонаҳо дар сохтмонҳои наве, ки дар авҷ аст, паст намешавад?!»  Баъд ман мисли он ки ҳамеша дар барномаи саҳарии “Субҳи Ватан” ҳаст, хостам аз мардум назару андешаи онҳоро пурсам. Ва пурсидам. Пурсиш ин гуна буд, ки “Ба назари шумо кадом омил ё сабабҳои субъектививу объективӣ ба гаронии нархи манзилҳои истиқоматӣ оварда расонидааст? Чаро нархи хонаҳо дар баландошёнаҳои навсохт поин намеравад?” Мардум (шунавандаҳои радио) ба ин савол чӣ гуна ҷавоб гуфтанд, мо поинтар хоҳем гуфт…Аммо… Читать далее →

Тазод (2)

Мушоҳида мешавад, ки бо бештар шудани даромад аз реклама ва як каме васеътар шудани майдони муаррифиву таблиғ гуруҳу ширкату коргоҳҳои рекламсози зиёде  пайдо шуд ва аз пушти онҳо  овозу матну идеяҳои мухталифи наву куҳна ва ҳатто копишудаву дуздидашудае  ба миён омаданд. Қабули мардум ва истеъмолкунандагон ҳам фарқкунанда аст. Ин вобаста ба он аст, ки истеъмолкунанда чӣ қадар дарку завқу фаҳмиш ва савод дорад. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки мардум аз мутобиқат накардани матну овозу навор, вайрон будани вазни сухан, мантиқан нодуруст будани ибораву калимаву ҳатто талаффузи онҳо шикоят мекунанд. Дилбазан будани баъзе рекламаҳо бошад, ин мавзуъи дигар аст. Ва ҳам маълум аст, ки аксарият (ва ҳатто баъзе масъулон ҳам!) ин гуна мушкилу нофаҳмиҳо, ғалату иштибоҳ, хатои имлоиву мантиқиро дар рекламаҳо, наворҳо ва овезаҳо тамоман намефаҳманд… Читать далее →

Тазод (1)

Яке аз сарватмандтарин шахсони дунё асосгузор ва директори кулли Amazon — Джефф Безос барои дастгирӣ ва кӯмак ба Австралия 690 хазор доллар додааст. Ёдрас мешавам, ки дар натиҷаи сухторҳо дар ҷангалзорҳои Австралия, ки аз моҳи сентябр идома доранд, ҳадди камтарин 27 кас қурбон шуда, бештар аз 2000 хона сӯхтаву нобуд шуд. Ҳудуде, ки ба коми оташ рафт, калонтар аз  иолоти Индианаи Амрико аст. Ҳамин тасмими худро Безос дар Твитераш навишта буд ва ҳудуди 92 хазор лайк ҳам гирифта буд. Аммо бештари мардум суол кардааст, ки наход бойтарин шахси сайёра фақат 690 ҳазор доллар бидихад? Мардум, ки шояд худашон фақат интернет доранду тамом, капитализатсияи ширкати ӯро мисол оварда, бо пули хайр кардаи вай муқоиса кардаанд. Касе ҳатто навиштааст, ки Безос ҳоло дар як дақиқа қариб 150 ҳазор доллар кор мекунад. Аз ин  нуктаи назар ӯ фақат пули 4,6 дақиқагии худро ба бунёди дастгирии Австралия гузаронидааст.  Каси дигар бошад, навиштааст, ки агар ӯ лоақал пули як рӯзаи худро хайр мекард, бештар аз 215 миллион доллар мебуд…. Читать далее →

Вакте модарро зиёд пазмон мешави…

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Файзобод (20-уми сентябри соли 2019)

Ҳамдиёрони азиз!

Сафари навбатии мо ба ноҳияи Файзобод дар айёми таҷлили ҷашни муқаддаси миллиамон, яъне 28-умин солгарди истиқлоли давлатӣ баргузор шуда истодааст.

Бо истифода аз фурсат мардуми заҳматпешаи ин диёри зебоманзар ва ҳамаи шумо-ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия файзу баракат ва зиндагии орому осуда орзумандам.

Мо дар ҷараёни боздиди имрӯза бовар ҳосил намудем, ки сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ноҳияи Файзобод самараҳои нек ба бор овардааст. Читать далее →

Андар боби системаи миллии интиқоли пул

«Эхтимол чизхое бошад, ки онҳоро бо пул харида намешавад. Вале шумо боре ҳам кӯшиш кардаед, ки онҳоро бе пул ба даст оред?» — гуфтааст Огден Нэш

     Чанд рӯз аст, ки мардум дар мавриди интиқоли пулӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон тариқи як системаи нав ва миллии интиқолӣ суҳбат дорад, ки Бонки Миллии кишвари мо дар тараддуди ташкили он будааст. Яъне, баъди пурра омода шудан тамоми интиқоли пулӣ ба кишвари мо бояд тариқи ҳамон маркази интиқоли пул сурат гирад. Бонки Миллӣ мақсади ин тасмимро фароҳам овардани интиқоли зуд, бехатар ва собити пул дар шакли ғайринакдӣ гуфтааст. Ин тасмим акнун баъди онест, ки мардум пулҳои интиқолии худро фақат бо асъори миллӣ ва бо қурби хамонрӯзаи пул мегиранд, дар харидории асъори хориҷӣ ва фиристонидани он ба берун маҳдудият доранд. Ин нақшаи Бонки Миллии кишвари мо филфавр дар ВАО русӣ нигаронӣ ва радду бадалҳои мухталиферо ба бор овардааст. Барои мисол, КОММЕРСАНТ навиштааст, ки баъди чанд рӯз ин система ба фаъолият шуруъ мекунад, аммо дар Бонки Миллии кишвари мо ин ҳолатро ба хабарнигорон шарҳ надодаанд ва то ҳамин лахзае ки ин мавод омода мешуд, дар сомонаи расмии Бонки Милии кишвари мо ягон маълумот дар ин бора мавҷуд набуд.  Читать далее →

Андар боби падари хуб

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти