“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (10)

Субҳи имрӯз маълум шуд, ки вохӯрии аввали мо, ки бояд соати 11 дар идараи маҷаллат  “Rzeczpospolita”  сурат мегирифт баргузор намешавад. Яъне мо то соати 13 вақти озод дорем. Касе мағозагарди рафту мо чанд кас ба тамошои боғи шохӣ рафтем. Гумонам он ҷо як замон гармобаву истироҳатгоҳу шояд  ҳарамсаройи шоҳӣ будааст. Зебоии он боғро бо сухан тасвир кардан душвор аст. Атрофатон пури санҷобу кабӯтар аст. Ман бори аввал медидам, ки парандаҳои хеле зебо парида дар панҷаи шумо мешинанду нонпораҳоро аз он ҷо гирифта мехуранд. Дар як канори боғ барномаи консерти мегузашт. Хоҳед рақс кунед. Тирамоҳ дарахтони атрофро хеле зебо кардааст. Мурғобиҳо ку дар оби ин боғ худро хаёлам хеле роҳату озод ҳис мекунанд. Дар ин боғ метавонед осорхонаву ёдгориҳои дигари таърихиро тамошо кунед…  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (9)

Субҳ ҳама аллакай дарак ёфт, ки як ҳамватани моро дирӯз дар Прага ғорат кардаанд. Баъди нома ба сафорати Тоҷикистон дар Олмон интизор набудем, ки ба мо дарҳол ҷавоб менависанд. Аз садорат номгӯи ҳуҷҷатҳоро баро тайёр кардани ҳуҷҷати бозгашти Манижа ба ҶТ фиристоданд. Мо онҳоро пагоҳ рӯзи душанбе ҳатман ба Олмон мефиристем. Ним рӯзи мо бо фикру нақшакашӣ ва эҳтимолу пешгӯиҳо гузашт. Имрӯз дар Варшава марафон оид ба дав гузашта истодааст. Роҳҳо аксаран банд ҳастанду нақлиёт бо хатсайрҳои дигар ҳаракат мекунад. Мо қаблан маслиҳат карда будем, ки шаби якшанбе ба сайри шабонаи шаҳри қадимаи Варшава меравем. Ду ҳамроҳи ман тамоман хоҳиши тамошо надоранд. Занги телефонии ман ба утоқи 110 бенатиҷа буд. Ману ҳамхонаам Азамат аз Бишкек роҳ сӯи шаҳри қадима гирифтем…  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Прага – Душанбе” (8)

Соат 22.  Мо 3 нафар ба истгоҳи қатораҳои Варшава омадем. Аҷобат дар оғози ин сафар ҳамин буд, ки зани хазинадор барои гирифтани чипта аз мо на шиноснома талаб кард ва на ҳуҷҷати дигаре. Дар билетҳои қатора низ ягон маълумот дар бораи мусофир нест – на ном навишта шудаасту на насаб. Чанд дақиқа пештар аз оғози сафар дар монитори дохили истгоҳ платформа ва ё қаторе, ки мусофирон ба он ҷо бояд раванд, пайдо мешавад. Барои касе, ки ба ин гуна тартиб одат накардааст, хеле душвор аст, боз агар ақалан забони англисиро ба ҳадди содда надонед, бароятон мушкил хоҳад буд. Қатора фақат 2-3 дақиқа меистад Мо роҳи ҳаракати қатораи худро ёфта ба вагон ворид шудем. Боз 3 духтари гурҷӣ ҳам ба купеи мо ворид шуданд. Онҳо донишҷӯ буданд.  Бояд гуфт, ки таҳсил дар Полша барои мактабиён аз моҳи сентябр ва барои донишҷӯёни макотиби олӣ 1 октябр сар мешавад.  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Прага – Душанбе” (7)

Вохӯрии мо имрӯз баъди субҳона аз идораи як рӯзномаи шаҳрии Варшава бо номи “Poludnic” оғоз шуд. Он рӯзнома бузургтарин шабакаи паҳнкунӣ дошта, бепул ба мардум тақсим карда мешавад. Муассис ва сармуҳаррираш Andrzey Roginski  моро дар идораи худ, ки ҳамагӣ 60 м2  андоза дорад қабул кард. Замони таъсисёбии ин рӯзнома онҳо як компютери кӯҳна, мизу курсӣ ва мошинаи чопии иҷорагирифтае доштаанду халос. Ҳоло 30 корманди ғайриштатӣ ва 3 корманди штатӣ доранд. Чизи аҷоиб он буд, ки онҳо дар рӯзномаи худ маводи навиштаи хонандагони мактабро чоп мекунанду агар муаллим дар бораи мактабу чорабиниҳои он нависад, чоп намекунанд. Ҳудуди 750 нуқта барои тақсимоти ин газетаи 8 саҳифагии бепул фаъол аст. Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (6)

Мо ҳар рӯз дар соати озод аз вохӯриҳо ба мағозаҳо медароем. Ман бештар шӯъба ва мағозаҳои кӯдакона мекобам. Ман бештар шӯъба ва мағозаҳои кӯдакона мекобам. Молу маҳсулоти хушнамуд ва босифат кам нест. Имрӯз вохӯрии аввали мо, ки бояд соати 10 ба вақти Варшава сурат мегирифт, ба вуқӯъ напайваст. Мо то соати 12:40 фурсати озод доштем. Ман ҳамкасбони худро аз Қирғизистон ба яке аз калонтарин мағозаи Варшава бурдам. Ҳайати Тоҷикистон аз дигарон дида “аврупоитар” аст, зеро 1 рӯз қабл аз дигарон ба Варшава расидем.

Тахфифҳои тирамоҳӣ ба бачаҳо форид. Ҳар кадоме бо 1–2 борхалта ба меҳмонхона баргаштем.  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (5)

Вохӯрии мо имрӯз аз Радиои ҷамъиятии Полша сар шуд. То расидан ба онҷо мо ба ҳар бинову кӯчаву роҳрав зеҳн мемонем.

Антенаҳои моҳворавӣ ин ҷо хеле кам аст, хаёлам ба он ҷо зарурат нест, аммо хилофи Душанбе балконҳо ҳамеша тоза ва холианд, бештарашон гулкорӣ шудаанд. Ин ҷо хилофи Душанбе биноҳои маъмурӣ панҷарҳои 3 метра надорад, кушодаву озодаанд. Тааҷубовар ҳамин аст, ки дар қатори мағозаву нуқтаҳои ғизохурии канори роҳҳо дар тамоми идораҳое, ки мо будем 2-3 ва ҳатто 4 нуқтаи ғизохурӣ ҷойи махсуси қаҳванӯшиву чойнӯшӣ ва дастгоҳҳои фурӯши  обҳои нӯшокӣ мавҷуд аст.  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (4)

Ин субҳ аз субҳҳои дигар тафовут надошт. Ҳамон меҳмонхона, ҳамон ошхона ва айнан ҳамон ғизои саҳарӣ. Дар мағозае, ки дар ҳамсоягии мо ҷойгир аст, аллакай бо мо дӯст шудаанд. Мо чанд калимаро аз полякӣ омӯхтем ва онҳо ҳам чанд калимаи дигар аз забони русӣ ёд гирифтанд. Вохӯрии мо аз агентии иттилоотии Полша сар шуд. Корманди ин агенти ба мо ҷойи корӣ, шароиту имкониятҳои онҳо, таҳияи хабар ва масъалаҳои дигарро фаҳмонд.  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (3)

Рӯзи мо аз субҳона оғоз шуд. Ҳарчанд “Atos” меҳмонхонаи якситорадор аст, вале субҳона мизи шведии хеле хуб дорад.

Гурӯҳи мо, ки аз се намояндаи Тоҷикистон, се нафар аз Қирғизистон ва як нафарӣ аз Ӯзбакистону Қазоқистон иборат аст, сӯи парлумон – сейми Полша роҳ гирифт. Парлумон инҷо низ аз ду палата иборат аст.

Атрофи бинои сейм, фаромадгоҳ ва роҳраву толорҳои он имрӯз пури мактабиёну донишҷӯён буд. Маълум мешавад, ки рӯзҳои душанбе, ки ягон ҷаласа баргузор намешавад, мақомоти  гуногун метавонад ба он ҷо хаттӣ муроҷиат карда, иҷозати вуруд ва ошноиро ба онҷо ба даст биёрад.  Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (2)

Ин субҳ барвақт аз хоб бедор шудам. Соат чанд аст, намедонам. На телефонамро ҳамроҳам овардаам, на ноутбукро. Дишаб аз мағозае, ки дар наздикии меҳмонхонаи мо аст, сим-корт харидам ва бо зану фарзандонам чанд дақиқа сӯҳбат ҳам карда будам. Оромии шабам ҳам аз ҳамин буд. Ду рӯз пеш онҳо вақти гуселам ҳарду баробар гириста буданд.

Ба духтарон занг задам. Онҳо нав аз хоб хеста буданд. Баъди чанд дақиқа якҷоя ба ошхона рафтем. Тамоми меҳмонхонаҳои дунё барои меҳмононаш хӯроки субҳро аз ҳисоби ҳамон маблағи арзиши ҳуҷра ташкил мекунад. Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (1)

      Ин сафари мо ҳудуди 6 сол қабл буд. Ман мисли он ки дар ҳама сафарҳо аст, хотироти сафар ё дурустараш натиҷаи ҳар рӯзи сафарро менависам ва бо аксҳои ҳамон рӯз инҷо мегузорам. Баъди баргаштанам аз Полша ман чанд карат ният кардам, ки ҳамон дастнависро ба компютер кучонам ва дар блог гузорам. Аммо бо чанд сабаб фурсат нашуд ва имкони дигар ҳам наёфтам. Чанд моҳ пештар ҳамкорам Комбиз кӯмак кард, ки варианти электронии хотироти ҳамин сафар пайдо шавад. Ва акнун ҳамин рӯз ба қавли мардум, “Худо розӣ шуд”, ки ин маводро дар блог гузорам. Умедворам шавқовар аст ва мехонед.    Читать далее →

Пешниҳод (10)

          Ман фикр намекунам, ки дар кишвари мо комилан ҳама корро барои ба театр ҷалб сохтани мардум карда бошанд. Зеро ҳоло мардум ба театр на чандон таваҷҷуҳ доранд, ё худ таваҷҷуҳи мардум, махсусан насли ҷавон ба театру синамову ҳунармандӣ на ба он сатҳу дараҷае ҳаст, ки дил мехохад. Вале аз суйи дигар боз меандешам, ки “чаро моро бояд касе барои рафтан ба театр маҷбур кунад?” Воқеъан, ҳам агар волидон натавонистаанд дар замири фарзанду ҷигарбанди худашон меҳри ҳунару санъату саҳнаву театрро ҷо кунанд, агар муҳит ва фазои зисти касе фарҳангиву театрӣ набуд, агар он ҷавон худаш фаҳму дарки саҳнаву асарҳои бадеӣ ва офаридаҳои ҳунариро надорад, мешавад, ки ӯро маҷбурӣ бурда ба толори театр ворид карду ба умед шуд, ки у фарҳангӣ шуду босавод шуд?! Не, албатта!!! Агар дида бошед, маҳз ҳамин гурӯҳи ҷавонони маҷбурӣ ба театр оварда шуда ба актёрон дар иҷрои нақшҳо ва ба ду се тамошобини асили театр барои тамошои хубашон халал мерасонанд. Читать далее →

Пешниход (9)

Мо дар замонае зиндаги мекунем, ки чараёнхои гуногун, хаводис ва тагироти зиёд бо иловаи ташвишу мушкил ва махдудиятхое, ки дар зиндаги ва рузгори мо хаст, амалан имкон намедихад, ки мо тамоми протседурахои зарури ва мухимро гузарем, амали созем ва ба низом дарорем. Мо хамаги мухим будани хуччатхо ва кадом варакаву маълумоту далелро медонем, аммо кам нест холатхое, ки дониста кори худро ба маротиб мушкил месозем, амалеро, ки имруз бояд анчом дод ба вакти номуайяне мегузорем ва хамин тарик харочоти вакту пул ва неруи чисмониву рухиро бештар мекунем. Ин навбат ман мехостам вобаста ба хучатгузори, танзими дурусти хучатхо ва ба даст овардану нигохдории онхо нависам. Биёед, аввалтар аз хама дар мавриди худи мафхуми хуччат ва чараёни хуччатгузори аз манбаъхои кушод маводеро бихонем.

     Хуччатгузори – ин мачмуъи маълумот, иттилоъ ва хуччатхо аст, ки ба он тартиби истифода ва татбикашон хам ворид мешавад.  Шояд бо назардошти мухимияти ин самт бошад, ки  дар муассисоти олии кишвари мо хамин гуна ихтисос мавчуд аст ва муттахасисони хамин соха тайёр карда мешаванд.

Читать далее →

Пешниход (8)

     Замин дар хама давру замон василаи рузгузарони ва имконияти бехтар сохтани вазъи оилави буд. Заминдорон дар гузашта хам сарватманд буданду имруз хам. Дар гузашта агар заминдорон онро бояд кишт мекарданду хосил мегирифтанд ва ё акалан ончо рамаи худро мечарониданду баъд пулу сарват меёфтанд, имруз бошад, заминхои холи хам (масалан агар таваккуфгохи мошин шавад) метавонад ба сохибаш даромад орад. Вале то солхои 90-ум ин мавзуъ — чудокунии китъаи замин ва хариду фуруши гайриконунии он то ин хад дог набуд.  Ба хар сурат мардум бовари дошт, ки барои чудо кардани китъаи замин ва гирифтани ордери хона аз руйи навбат ба хадде, ки имруз аст, азоб намекашад. Холо барои хар ду чониб  – хам рохбарони нохияхо ва хам мардуми одди осон нест. Мардум аксаран бояд ким кихоро кофтаву ёфта,  восита кунаду ба назди раиси нохия равон кунад ва ё уро ягон хел барои гирифтани китъаи замин истифода барад. Бечора раиси нохияи хам бояд саду як хиллаву истеъдодашро истифода барад, ки шиносу хешу табораш хафа нашавад. Читать далее →

Пешниход (7)

    Маколи русие хаст, ки вобаста ба завк бахс намекунанд. Яъне, агар дар дигар масоил меъёрхои умуми мавчуд бошад, дар масъалаи завк ва салика ин чиз сирф инфироди асту фарккунанда. Барои мисол, шарт ва хатми нест, ки хама чавонон як мусикиву таронаро гуш кунанд. Ва хам шарт нест, ки касе барои хамин гуна як хела кардани завки мардум талош кунад. Зеро ки он бефоида аст ва миёншикану бемантик. Интихоб ва завки инсонхо озод аст ва табиист, ки аз хамдигар тафовут дорад. Читать далее →

Пешниход (6)

Чунин ба назар мерасад, ки бо берун шудани воситахои наклиёти мусофиркаш – Старексу Мерседсхо аз роххои асосии Душанбе харакати воситахои дигари наклиёт барохаттар шудааст. Харчанд дар ташкили холатхои садамави, бандшавии роххо ва мисли ин факат ронандахои мусофиркаш гунахкор нестанд. Гумонам дар ба миён омадани чунин вазъ – яъне садамахои зиёд дар роххои Душанбе, холатхои бандшавии роххо, риоя нашудани коидахои харакат дар рох, коидахои таваккуф ва истгоххо, махсусан субху шом — як катор омилхо накш доранд ва мусоидат кардаанд. Мо дар чанд маводи дигар дар мавриди заминаву сабабхои рух додани садамахо ва маргу мири одамон, мушкили танбашавии мошинхо ва роххои халли он, роххои камтар кардани холатхои садамави ва коидавайронкунихо гуфта будем.

Рост аст, ки роххои мо пахнбар нестанд, дуруст аст, ки аксарияти мошинхое, ки дар кучахои мо харакат мекунад, кухна ва мухлати истифодааш кайхо гузашта аст, пушида нест, ки як кисми ронандахо аз ду руз бештар шояд дар  курсии мактаби ронандаги нанишаста бошанд ва аслан коидахои харакат дар роххои кишварро надонад. Вобаста ба танзими харакати мошинхо ва наклиёти мусофиркаши хурд дар роххои кишвар пешниходи зиёд кардан мумкин аст, ки чанд намунаро инчо меорам: Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти