Пешниҳод (16)

Ин субҳ барои пардохти чанд хизматрасонӣ ба як идораи бонкӣ рафтам. Мисли ҳамеша онҷо мардум зиёд аст. Навбатпойии пушти банкомат ҳам мисли ҳамеша аст. Новобаста ба он, ки чандин сол аст, мардум корти бонкӣ дораду саду як хизматрасонии замонавиро таҷриба мекунад, вале ҳанӯзам мо вақти пулгирии як каси дигар каме дуртар рафтанро наомӯхтаем — ҳатман бояд ҳамакаса болои сари ӯ истем, ба рамзи корти вай, миқдори пуле, ки вай мегирад зеҳн монем ва ба диламон сад гапро гузаронем…
Хуб аст, ки ҳар кас дар идораву филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ барои ин ё он самти фаъолият муваззаф аст ва шумо бо таваҷҷӯҳ ба навиштаҳои канор ва болои сари кормандон ба ҳамон ҷой меояд ва агар зарур аст, навбат мегирад. Равзане, ки ман кор доштам, хушбахтона озод буд ва ман дархостамро гуфтаму ба марди миёнсоли канорам, ки дар равзанаи ҳамсоя кор дошт, хира шудам. Мард корманди одӣ буд, мисли мардумони одии дигар, аз ҷумла мисли падари ман бо дастони кориву заҳматдида ва қиёфаи офтобхурда.
Мардумони одиро аз рӯйи чанд нишонаи дигар ҳам шинохтан мумкин аст — пулҳои ками даруни шаҳодатномаҳои корӣ ё шиноснома, берун кардани кадом ҳамён ё чизи ба он монанд аз дарунтарин киссаи палто ё пиджак, кадом варақчаҳо бо рақами телефони касе, дастрӯмол ва ким кадом доруву ҳабб байёнгари гуфтаҳои боло аст. Вале ин ба ҳеҷ вақҳ ба маънии он нест, ки ӯ аз касе дар шаҳрвандиву мардиву инсонӣ ва ҳама чизи дигар камтар бошад. Не, албатта!

Читать далее →

Хонаҳо…

Хонаҳо…

Чӣ қадар асрорро онҳо дар чаҳор девору сақфу фаршашон ниҳон доранд. Чӣ қадар ҳаводис ва руйдод миёни он чаҳор девор ба вуқуъ пайвастааст…

Чӣ қадар аз мардумон ба коргоҳ фақат барои он мераванд, ки омаданашон ҳисоб дорад ва ҳар рӯз дар интизори ақрабакҳои хурду бузурги рӯйи рақами 5 ва 12-и соатанд, то ба сӯйи ҳамин чордеворҳо шитоб кунанд…

Чӣ қадар аз мардумони раҳгузар дар ин дунёву дар ин шаҳр то расидан ба ҳеҷ куҷо аз канори ин гуна деворҳо ва тирезаҳои рӯшанидор бо он ягона орзу ва хоҳишашон бо ҳавас ва бо фарёди бесадо гузаштаанд ва боз мегузаранд…

Чӣ қадар парвозҳо ба фазои орзуҳои ҷавонӣ бо баста шудани дари ин гуна хонаҳову панҷаракорӣ гаштани равзанаҳо бе идома монд…

Чӣ қадар дилро тақ-тақи дари соҳиби хона ва пайдо шуданаш дар погаҳи дари соҳибхонаи муваққатии дар интизори рузи маош, пурандӯҳ кардааст…

Читать далее →

Аз он дурӣ…

Аз он дурӣ то воқеияти имрӯз фосила баробар ба як умри инсон аст.

Фақат аз он дурӣ шебу фарози роҳҳои дониставу надониста ва тасодуфан барои рафтан интихобшуда метобад.

Фақат аз ҳамин кунҷи биниш дурустӣ ва нодурустии ҳар қадами онеро дидан имкон дорад, ки ҳанӯз дар оғози роҳ гоҳ навмеду гоҳ ба умеди касеву чизе ва гоҳо масту мағрур аст.

Фақат аз ҳамон дурӣ пештар аз дигарон ба ҳоли касеву касоне ва хасоне хандидан мумкин аст, ки гуноҳу саҳву хатои тӯли таърихи мавҷудияти одам хандахариш шудаҳоро баргашта такрор мекунанд…

Фақат аз он дурӣ дидан мумкин аст, ки инсонҳо инҷо на барои кору амали нодурусту гуноҳолудаи анҷомдода, балки аксаран барои кору тасмим ва амалҳои росту дурусту хуби анҷом надодаашон хиҷолатзада мешаванду ҳатто муҷозот.

Читать далее →

Дар погаҳи як дар…

Кӣ ҳисоби мардумеро медонад, ки асрори вуруд ва бурунрафтро аз дару дарвозаҳои ин сарои дудар дарк кардааст?

Кӣ медонад чанд аст шумори мардумоне, ки пушти ин ё он дар дар хумору дар суроғи чизе ғанабашон бурда?

Кӣ эҳсос мекунад, ҳолати онеро, ки кадом даре қасдан ё сирф тасодуфан ба рӯяш баста ё шояд фақат пӯшида шуда?

Кӣ шабҳо мешунавад нидову оҳу дуои касонеро, ки аз миёни ҳазорҳо тавонгар дари ҳамон ягона тавонгартаринро пайдо кардаанду пушти он ба хатҳои каҷу килеби кафи дастони шахшулу равганнадидаи худ хира шуда, тавалло доранд?

Кӣ таҷриба кард, ки навиштаҳои чандзабонаи гилемчаҳои навиштадори погаҳи чандин дар баракси интизориҳояш буд ва фақат дар бозгашт аз он сӯйи ҳамон дарҳо ҳис кард, ки хуш наомада буд…!?

Читать далее →

Аввалин ҷоизаи байналмиллалии «Алиф.До.Ре.Ми»

Филми мустанади коргардони ҷавони тоҷик — Алиҷон Ҷалилов бо номи «Алиф.До.Ре.Ми» дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён «Бастау» (Международный фестиваль студенческих и дебютных фильмов «Бастау»), ки аз 29 ноябр то 3-юми декабри соли 2022 миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё баргузор шуда буд, сазовори Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон (Особое упоминание жюри) гашт. Маротибаи аввал ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алма Ато дар фестивали минтақавии «MediaCAMP» намоиш дода шуда буд. Ҳамин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар — Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Филм дар доираи лоиҳаи «Формати хурд» -и Интернюс (2022) дар Тоҷикистон таҳия гашта, аз ҳайёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.
Филми мустанади «Алиф.До.Ре.Ми» дар жанри «мушоҳида» ва дар муддати се моҳ сабту таҳия шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар қатори коргардон-таҳиягар — Алиҷон Ҷалилов, ҳамчунин наворбардор- Наврӯз Саидов, садобардор — Эҳсон Субҳонзода, тадвингар — Комил Карим ва коргардони садо — Шаҳриниссо Яковлева саҳм гузоштаанд.
Қаҳрамони филм марди 74 солаест, ки ҳоло низ ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст. Роҳи зиндагии ин парвардаи хонаи ятимон ноҳамвор ва зиндагии ӯ пур аз тазоду рӯйдоду ҳаводиси хушу нохуш буд. Дар синни 63 солагӣ бо ӯ ҳодисае рух медиҳад, ки зиндагии ояндаи ӯро тамоман дигар мекунад. Мусиқӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ барои амалӣ шудани орзӯи ӯ кӯмак кардааст. Дар филм нишон дода шудааст, ки новобаста ба андешаҳои аксарияти мардум дар ҷомеаи суннатӣ нисбат ба суруду мусиқӣ он метавонад барои расидан ба орзӯҳо ва дарёфти роҳи наве дар зиндагии шахс кӯмак ва мусоидат кунад.
Бояд қайд намуд, ки ин кори аввали мустақилонаи коргардонии Алиҷон Ҷалилов — хатмкардаи «Мактаби Филмҳои Мустанад» аст. Ин мактаб дар шаҳри Душанбе аз моҳи феврал то майи соли равон чандин ҷавонро, ки истеъдод ва ҳунари сохтани филмҳои мустанадро доштанд, ба таълим фаро гирифта буд. Устодони варзидаи синамои тоҷик, мисли Гергий Дзалаев, Шаҳриниссо Яковлева, Файзулло Файз ва Комил Карим (аз Тоҷикистон) тариқи офлайн, Марина Разбежкина ва Елена Демидова (Росия), Аниса Собирӣ (Британияи Кабир) ва Катя Суворова (Қазоқистон) тариқи онлайн ба шогирдони ин мактаб дарс гуфтанд.

Тафовут ва моҳи кӯча

Тафовут ва мағзу моҳияти фарқи як кас аз каси дигар ва як чиз аз чизи дигар хеле ҷолиб аст. Соддатарин ҷумлаи ин мавзӯъ ҳамин аст, ки ҳамфикрҳо, ҳамсангарҳо, ҳамномҳо ва…. ҳатто тамоми инсонҳо ҳам метавонанд ба ҷуз ҳамин чиз умумият ва монандаи дигаре надошта бошанд. Ҳис кардаед дар шабе, ки ҳар шаб ва ҳамеша ба назар якхел аст, рангу чароғу рӯшноӣ якхела нест…!? Мисли тамоми инсонҳо, ки рисолати якхела доранду амалу рафтору гуфтори мухталиф… Ва ба қавле соҳибони он рӯшанойии сунъӣ худашон намедонанд, ки нуру рушании шамъу чароғи онҳову манбаи рушании дар дасту ихтиёри онҳо буда, аз дигаре фарқ дорад. Мисли аксарияти инсонҳо, ки рисолати якхела вале бадкориҳои мухталиф доранд…

Ва истисно МОҲ аст, ки дуру баланду дастнорас асту ҳамоно бо рӯшании рӯшантар фурӯтану содаву қарибтар аз соири чизҳое, ки рӯшанӣ доранду гӯё қарибанд. Мисли як гурӯҳи камтарини инсонҳо, ки мақоми баланду осмонӣ доранду табиати хоксорӣ.

Читать далее →

20 ҷумла барои Алиҷон

Шаби 3-юми декабри соли 2002 ҳам барфи аввал борида буд…Ё ҳамон шаб ҳам мисли дишаб сард буд, ё шояд ман либоси гарм надоштам…

Вале, гуворотарин эҳсосро доштам — тавлиди нахустфарзанд, падар шудан…

Гӯё ҳафт қабат ҷомаи нақшин ба тан дорам…Мисли ин, ки дина дар остонаи 20 солагиат аз Қазоқистон хабар расид, ки нахустин филми ҳуҷҷатии таҳиякардаат (аз ҳаёти як муаллими суруд ва мусиқӣ) дар ин фестивали байналмиллалӣ ҷоиза гирифт….Муборак аст!

Алиҷон, бачаҷони эҷодкору бананги ман! Ту шоҳиди ҳама шебу фарози роҳи зиндагии падарат будӣ. Шоҳиди ҳамон ҳолати мушкилу монеаҳое, ки ҳатман сари роҳи зиндагии ту ҳам пайдо мешаванд. Онҳо ҳамеша ҳастанд, мисли мавҷудияти баъзе инсонҳои бадният, ки ту аллакай қариб ҳама нишонаи онҳоро медонӣ. Ҳаёт муборизаву талош аст ва дар ин ҷода пирӯз ҳамон каси хастагинописандаст, ки ҳадафмандона ва андешаманд гом мебардорад. Ҷойи шак нест, ки Худову Расулу азизу авлиё ҳам дастгиру мададгори ҳамин гуна кас аст…

Читать далее →

17 лаҳзаи баҳоролуда…

Таваллудат замоне буд, ки шавқу шӯри кору эҷод ва дарёфти ҷойи по дар радио ба ҳадди қобили мулоҳиза ва ҳатто нигаронӣ боло гирифта буд…Ҳоло ба худ меандешам, ки шояд беҳтарин ва хубтарин лаҳазоти ба ту ва тифливу кӯдакиву наврасиҳоят вобаста, ки мебоист медидам, сарфи назар шуд то сарфи ким-кадом коре шавад…

17 солагиат акнун вақте фаро расида, ки ман бо дарки бештар аз ҳабдаҳ нишонаи содагиву хатову камиҳоям акнун, барои ҳар лаҳза — ҳамеша ва бе баҳона дар канорат будан бармегардам…

Эҳсон, бачаҷони ман! Фақат вақте худат падар мешавӣ , дарк хоҳӣ кард, ки чаро падари ту ин қадар сахтгир буд, ҳамеша аз дастовардат норозӣ мемонд, чизе шояд бештар аз имкони ту талаб мекард…Медонӣ чаро?

Читать далее →

Пушти ин дарвоза…

Пушти ин дарвоза — ҳазорон санги сафеду сияҳ, мисли дилҳои мардумони ин суйи дарвоза, ки барояшон воқеъиятҳои он сӯйи дарвоза ҳеҷ дарсеву ибрате нашуда…

Пушти ин дарвоза — ҳазорон кору нақшаи як рӯз ба таъхирмонда, ки акнун то қиёмат ба таъхирафтида аст…

Пушти ин дарвоза — садҳо нафсу ғурури дар ин сӯ шикастнопазир, ки акнун баробар бо хоки замин шуда…

Пушти ин дарвоза — саду як ҳарфи дар лабҳо хушкида, ки дар ин суйи дарвоза ё аз нотавонбинӣ гуфта нашуд ё аз фориғболӣ барои гуфтанашон фурсат нарасид…

Пушти ин дарвоза — ҷое, ки ҳазорон ноз, ниёз, алам, ашк, рашк, ғуруру фурӯтанӣ, зебоӣ, ғусса, дарди ҷонкоҳу доруву дармони дар ҷисм ҳалнашуда, ҳазор чашми ба роҳ интизор, ҳазорон чеҳраи маҳтобиву садҳо асрори кушодаву нокушода, ки дар паҳнои кушоди ин сӯйи дарвоза намеғунҷиданд, дар канори ҳам ва дар сояи арчаву чаноранд…

Ва чӣ қадар ҳарфу сухане,, гуфтание, розе, аламе дар дилу забону лаби мардуми шиносу ношиноси ин суйи дарвоза монда, ки касе аз ғурур, касе аз рашк, касе аз дурӣ ва зиндаҷудоӣ, касе аз қаҳри ноҷо, касе аз вақти маҳдуд натавониста, ки замони инҷо будани акнун сокинони он сӯйи дарвоза рӯ ба рӯяшон бигӯяд ва ҳоло бо ҳарфи «дидор дар киёмат»- пушти ин дарвоза ҳайрон аст…

Кош дар анҷом додани ҳама фарзияҳову кору тасмиму нақшаҳои неку шоиставу савоб ва гуфтаниҳои барои ҳамдигар ҳатмӣ дар ин сӯйи дарвоза ДЕР НАКУНЕМ…

Дарвозаи оромгоҳи Сари чашма, ноҳияи Файзобод

Ғамчакидаҳои хомаи ровӣ

Ҷӯрабек МУЪМИН,

адиб


Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ба номи Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳия — шаҳраки Файзобод қарор дошта, омӯзгорон бо даҳҳо дастпарварони фарзонаашон фахр мекунанд.

Яке аз дастпарварони муассисаи зикршуда Субҳони Ҷалил аст, ки баъд аз рӯнамоии китобҳояш («61 алами бемодарӣ» ва «Аз қалъаи дил то Қалъаи Сангин») дар Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова омӯзгорони таълимгоҳ ифтихормандона «Субҳон талабаи мактаби мост» гуфтанд.

Ӯ соли 1994, пас аз хатми мактаби миёна, ба шуъбаи радиофизика ва электроникаи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2000-ум бо ихтисоси муҳандиси радиофизика ва электроника хатм кардааст.

Фаъолияти Субҳон Ҷалил берун аз ихтисос сурат мегирад. Ӯ дар идораи барномаҳо барои ҷавонон ва наврасони «Радиои Тоҷикистон» корро ба ҳайси муҳаррир оғоз намуда, баъдан муовини сармуҳаррир ва иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир буд. Аз соли 2004 ба радиои «Ватан» гузашта, аз муҳарририи идораи мусиқӣ — фароғатӣ то мақоми директори кулли радиои «Ватан» сабзидааст.

Қаҳрамони матлаб аз оғози кор дар ин муассиса муаллифи шоу-барномаи «Субҳи Ватан», муаллиф ва гӯяндаи гуфторҳои зиёди радиоӣ, мисли «Ҳуқуқи ман», «Молияи ман», «Гулбоғи сухан», «Ахбори молия ва иқтисод», «Гуфтугӯҳои кишоварзӣ», инчунин барномаҳои телевизионии «Лаззат», «Интелект шоу» ва «Пухтупаз» аст.

Читать далее →

Осиёбу обу дона….

Бахшида ба 60 солагии шоир ва журналисти тавоно — ВОРИС (Урун Калонов)
“…Бегонагӣ девонагӣ мекунад. Мо натанҳо ба ҳамдигар, балки ба худамон бегона мешавем. Оташи шубҳа, хусумат ва нафрат бунёдамонро месӯзад. Дар шаҳри танг, деҳи танг, кишвари танг  вақти роҳ рафтан  китфҳо бо ҳам меҷанганд. На танҳо сарҳо, ҳатто китфҳо акнун табақа доранд. Мо ҳам табақабандӣ шудем. Табақаи ноф, табақаи ишкам, табақаи сина, табақаи гардан…” ВОРИС

Дар ин деҳа, ки сари бунёдаш ҳамеша баҳс аст ва дар ин роҳу пайроҳ, ки мардумони ҳамин як деҳа розиву норозӣ аз ҳама чизе, ки ба иродаи онҳо кам вобастагӣ дошт, ҳамдигарро баъзан хуш надошанду ҳатто мекӯфтанд, мардумон фикр мекунанд, ки ғайри онҳо дигар ҳама аҷиб асту ғариб. Агар ошкор ҳам, ки нагуфтаанд, ҳис мешавад, ки ҳар тасмимеро, сокинони ин деҳа, ҳатто мусафедони пири фартуташ ҳам доштанд, барои ҷамъи дигар мақбул набуд ва зарур  ҳам. Ҳама инҷо фикр мекунад  дилхоҳ кор, агар ҳатто пойи аспи колхозиро  наъл задан бошад ҳам, касе ба ҷуз ӯ беҳтар наметавонист.

Мо ҳам намедонем, ки чаро мардумони ин деҳа фикр мекунад, ки садои думбраи Алӣ аз думбраи Валӣ беҳтар аст, зеро дар думбраи аввалӣ бибикалонаш, ки ними деҳа рӯйи дасти ӯ таваллуд шудааст, як чолбанд аст ё пупак аст, бофтаасту ӯ онро овезон кардааст. Мардуми деҳа ҷумбиши ҳамон риштаҳои муҳракашидаро дида, фикр мекунанд, ки ин думбра садои беҳтар дорад…Аҷиб ин аст, ки Аливу Валӣ ҳарду ҳам намесароянд. Фақат кам-кам менавозанд. Ва ҳоло мардуми деҳа ҳам пай набурдаанд, ки ин амал вақти кору бори дастаҷамъӣ гуё барои онҳо ҳам ки бошад, дар асл барои ин ҳарду навозанда муҳим аст, ки вақти навозиш ҷонҳояшон аз кори деҳа ва  саҳро ба андозаи як оҳанги Карими шиш ё Ҳаким Маҳмуд роҳат мекунад.

Читать далее →

Тазод (12)

Бо назардошти вазъи дунё дар самти истифодаи захираҳои энергетикӣ ва талоши кишварҳо барои хубтару беҳтар сипарӣ кардани зимистоне, ки ҳоло фаро нарасидааст, мо имрӯз бо такя ба маводи ҳафтавори ВЗГЛЯД як шарҳеро дар ихтиёратон мегузорем, ки ба ЧИН ва талошҳои он кишвар дар ҳошияи мушкилоти ҷиддии энергетикии Аврупо рабт дорад.

ЧИН акнун як роҳи ғайриодии дарёфти даромадро дар ҳошияи бӯҳрони энергетикие, ки Иттиҳоди Аврупо пушти сар мекунад, дарёфт кардааст. Ин кишвар акнун фурӯши гази моеъи амрикоиро ба кишварҳои аврупоӣ роҳандозӣ карда, аз ин кораш садхо миллион доллар даромад ба даст меорад. Бо гази моеъи русӣ ҳам ба гумони ғолиб ЧИН ҳамин гуна муносибат хоҳад кард. Ин фақат яке аз бандҳои даромади ЧИН аст. Иловатан он кишвар аз димоғсӯзӣ ва қаҳри Русия ва Аврупо боз чӣ фоидаҳо дошта метавонад?

Читать далее →

Тавсия (2). Принсипҳои тиллои зиндагӣ.

  1. Принсипи ойина. Пештар аз он, ки дар бораи дигарон чизе бигӯйӣ, аввал худатро бин.
  2. Принсипи дард. Хафашудаву аламдида, ҳатман ба дигарон дарду ранҷ меорад.
  3. Принсипи роҳи боло. Мо фақат ҳамон вақте болотар меравем, ки бо мардуми дар поинҳо рӯ ба рӯ омада нигоҳу бархурди шоиста мекунем.
  4. Принсипи бумеранг. Бо кӯмак кардан ба дигарон мо некие аввалтар аз ҳама ба худамон мекунем. Замина барои некиҳои дигарон ба мо ҳамин вақт фароҳам меояд.
  5. Принсипи болға. Бо болға куштани пашшае, ки дар пешонии дӯсти шумо нишастааст, на нишони меҳрубонӣ аст ва на дӯстӣ.
  6. Принсипи табодул. Гоҳ дигаронро ба ҷойи худ гузоред ва гоҳ худро ба ҷойи дигарон. Хулосаҳои дуруст баровардан муҳим аст.
  7. Принсипи омӯзиш. Мо аз ҳар касе, ки  ҳатто барои лаҳзаи кӯтоҳ вомехӯрем, метавонем чизе омӯзем.
  8. Принсипи таваҷҷӯҳ. Мардум ба онҳое таваҷҷӯҳ мекунад, ки нисбаташ бефарқ нест.
  9. Принсипи 10 хол. Агар ба сифатҳои беҳтарини касе бовар мекунед, ӯ маҷбур мешавад, ки беҳтарин сифатҳои худро ошкор кунад ва нишон диҳад.
  10. Принсипи рақобат ва бархурд. Рақобат муҳим аст, аммо дар ин набард бояд меҳрубонӣ, ғамхорӣ, мардона ва мисли инҳо қурбон нашаванд.
  11. Принсипи ҷарӣ. Боварӣ – асос ва заминаи ҳама намуди муносибат аст.
  12. Принсипи лифт. Баъзан зарур мешавад, ки бо касе поинтар равем, то баъди ба манзил расидани ӯ баъд боло бароем.
  13. Принсипи ҳолат. Кор бояд то он ҳолате нарасад, ки вазъият ҳама муносибатҳои ҳасанаро ҳам қурбон кунад.
  14. Принсипи БОБ. Агар БОБ бо ҳама мушкил дорад, муҳимтарин ва асоситарин мушкил худи БОБ аст.
  15. Принсипи дастрасӣ. Самимӣ будан, хоксор ва оддӣ  будан, имконият фароҳам меорад, ки дигарон ҳам бо шумо самимона бархурд ва  рафтор кунанд.
  16. Принсипи хандақ. Агар ба ҷанг омода мешавӣ, ҳамин гуна хандақе бикан, ки дар канорат барои дғсти беҳтаринат ҳам ҷой бошад.
  17. Принсипи ҳамдастӣ. Ба танҳоӣ намешавад дур рафт ё дер рафт. Муносибати шоиста  бо мардум муҳим аст.
  18. Принсипи 101 фоиз.  Аввал бояд ҳамон 1%-ро пайдо кард, ки зарур асту шумо бо он розиед ва баъд 100% талошро ба он сӯ равона кард.
  19. Принсипи таҳаммул. Ҳамроҳи касе рафтан ҳамеша вақти бештар талаб мекунад, нисбат ба танҳоӣ роҳ рафтанд.
  20. Принсипи шодиву ғам. Муносиботи хуб на фақат ҳамонест, ки вақти нокомии рафиқ дар канораш бошем, баки иловатан ҳамоне аст, ки вақти шодии ӯ шод шавем ва аз рашку бахилӣ насузем.
  21. Принсипи дӯстӣ. Коре бояд кард, ки шуморо дӯст доранд ва бовар кунанд. Он вақт каноратон ҳамеша пур хоҳад буд.
  22. Принсипи ҳамкорӣ. Кори дастаҷамъона ва бо иттиҳод ҳатман эҳтимоли ғалабаи дастаҷамъонаро бештар мекунад.
  23. Принсипи қаноатпешагӣ. Қаноатпешагӣ муносиботро шоиставу хуб мекунад, агар аз он  дигарон суйиистифода накунанд.

    (аз интернет ҷамъоварӣ ва баргадон шудааст)

Қиссаи роҳу роҳкиро аз Дюшанбе то Душанбе

          Инсонҳо дар ҳар куҷои дунё, аз ҷумла дар Душанбе ҳам, ки аз аввал бо чанд маҳалла макони баргузории бозоре дар рӯзҳои ҳамномаш будааст, баъди пиёдагардӣ ҳатман воситае барои ҳаракат доштаанд, ром кардаанд, парваридаанд ва сохтаанд…То омадани нахустин савораҳо мардум хеле роҳи кӯчаҳо ва раҳу пайроҳи зиндагиро пиёда тай карда буд. Баъди саворашуданҳо бошад, ҳам роҳҳои барои гашти аспу ароба мувофиқтар пайдо шуданд ва ҳам ҷону тани мардумон аз он, ки дигар пиёда набуданд, каме роҳат кард.  Яъне, чизе монанд ба омнибусҳои фаронсавӣ дар солҳои 1820-ум, иборат аз аспу ароба, ки ҳаракати мардумро як кам сабуктару роҳаттар мекард.  

Читать далее →

Тавсия (1)

Ман ин маводро чанд рӯз пештар аз Интернет пайдо кардам. Тавре ки онҷо омада буд, ин мавод  ё тавсияҳо ба як доктори саратоншиноси  ҳинд – Гупта таалуқ доштааст. Намедонам ростӣ, ки  дақиқан аз кӣ аст, вале дар онҳо баъзе ишораҳои ҷолиб ва дастури муҳимро пайдо кардам ва бо баргардон аз русӣ онро бароятон пешниҳод мекунам.  

Ман аслан мехостам, ки ҳар табибу донишманде, ки истеъдоду донишу саводи кофӣ дорад, таҷрибаи кофӣ касб кардааст, дилсӯзу масъулиятшинос аст, ҳамин гуна саҳифаҳоро дошта бошад, ин гуна тавсияву дастурҳоро барои мардум пешниҳод кунад, то ҳам савобе аз ин амалаш барои ӯ ҳосил шавад ва ҳам касе варианти дурусту санҷидашударо дарёбад, бо он амал кунад ва бо хости Худо шифо ёбад.

Читать далее →
Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти